Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ф.Ф. -- "Таваллуди дигар"


ЭЙ ОХИРИН САДОИ САДОҲО

Ҳамаи онҳое ки имрӯз аз хондани шеъри ноби Фурӯғ ба баландтарин нуқоти кайҳон ва амиқтарин махфигоҳи вуҷуди худ сайр мекунанд, бояд аз донишманди тоҷик Наима Қаҳҳорова зикри хайр кунанд, ки нахустин китоби шеъри Фурӯғро бо ҳуруфи сириллик дар Душанбе нашр кард. Ҳарчанд ба истиснои чанд нафар касе он вақт Фурӯғро намешинохт ва баргардони ашъори ӯ холӣ аз иштибоҳҳо набуд, ҳазорон нусха аз китобчаи хурди сурхранг дар байни ду ҳафта ба фурӯш рафт ва садҳо нафар дар ҷустуҷӯи ин китоб шуданд. Он вақт буд, ки танқидҳо аз завқи шеъри хонандаи тоҷик якбора хомӯш шуд. Нозимону мунаққидон дарҳол пай бурданд, ки гап на дар завқи мардум, балки дар шеъри худи онҳост. Барои рӯшанфикрон ҳайратовар буд, ки дар дуртарин деҳа низ духтарони мактабӣ Фуруғро мехонданд ва лаҳни ӯ дар шеъри ҷавонон барои ҳамеша ҳузур пайдо кард.

ХОТИРАҲОИ ЭРАҶИ ГУРГИН

Сӯҳбатро шурӯъ кунем аз ҳолнома Фурӯғи Фаррухзод, ва ё як муаррифии кӯчаки ӯ, ки бо дархости ман, яке аз собиқадорони фарҳанги Эрон, яке аз дӯстони Фурӯғи Фаррухзод устод Эраҷи Гургин: "Фурӯғ дарвоқеъ аввалин шоири зани эронист, ки хеле аз саддҳоро дар кори шеър шикаст. Ошноии ман бо Фурӯғ бармегардад ба 45 соли пеш. Дар он замон ман масъули Радиои Теҳрон будам ва дар он замон шеъри нав дар Эрон тоза ба вуҷуд омада буд ва тарафдор пайдо карда буд. Зиндагӣ ва кори Фурӯғи Фаррухзод дар шеър тақрибан ба ду ё се давра тақсим мешавад. Хеле аз ҷавонӣ шурӯъ кард ба шеър гуфтан ва дар шеър садҳоро шикаст, аз қабили ин ки роҷеъ ба таманноҳои занона, ҳатто иртиботи ҷисмӣ ва хоҳишҳои насонӣ навишт ва ин боис шуда буд, ки ногаҳон исми Фурӯғ дар ҷомеаи Эрон ба унвони як зани ҷавоне ки ба назари бисёриҳо як бебандуборӣ дар шеър ба вуҷуд овардааст, машҳур шуд. Ду маҷмӯъаи аввалаш бештар шомили ин ашъор буд, ки дар айни латофати занонагӣ ва зебоии шоирона шеърҳои содае буд, ки бепарво васфи ҳоли як зани ҷавонеро мекард. Шеър ва тарзи тафаккури Фурӯғи Фаррухзод ба мурур такомул пайдо кард ва дар он замон буд, ки аввалин бор ман бо ӯ мусоҳибае кардам дар родю ва ин мусоҳиба бисёр мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Дар он замон дар Эрон шеъри нав тарафдороне дошт, ки насли ҷавон ва рӯшанфикрон аз онҳо буданд ва бисёре аз удабо ва фарҳангиёни қадимӣ шеъри навро, ки вазн дошта, вале тарафдори қофия дар шеър набуд, навъе бидъат мешумурданд, ки ба суннати шеъри порсӣ латма мезанад. Ва Фурӯғи Фаррухзод беш аз ҳама мавриди мухолифати ин гурӯҳ аз удабои қадимии мо қарор дошт. Ба ҳар ҳол ин мусоҳиба сабаб шуд, ки Фурӯғ ин садро бишканад ва баъд аз он буд ки маҷмӯъаҳои ашъори баъдияш ӯро ончунон ки буд, ба унвони як зани рӯшанфикри имрӯзӣ ба ҷомеа муаррифӣ кард, ки на танҳо шеъраш аз лиҳози фунуни шеърӣ дар болотарин сатҳ қарор дорад, балки аз лиҳози устуворӣ ва инсиҷоме ки худи шеър дошт.

ФУРӮҒ МЕГӮЯД...

Фурӯғ дар яке аз ин мусоҳибаҳо гуфтааст: "Фикр мекунам, ҳамаи онҳо ки кори ҳунарӣ мекунанд, иллаташ ё лоақал яке аз иллатҳояш як ҷӯр ниёзи ноогоҳона аст ба муқобала ва истодагарӣ дар баробари завол. Инҳо одамоне ҳастанд, ки зиндагиро бештар дӯст доранд ва мефаҳманд ва ҳамин тур маргро. Кори ҳунарӣ як ҷӯр талошест барои боқӣ мондан ва ё боқӣ гузоштани худ ба радди маънии марг. Гоҳе авқот фикр мекунам, ки дуруст аст, ки марг ҳам яке аз қавонини табиат аст, аммо одам танҳо дар баробари ин қонун аст, ки эҳсоси ҳақорату кӯчакӣ мекунад. Шеър барои ман мисли рафиқест, ки вақте ба ӯ мерасам, метавонам, роҳат дарди дил кунам, як ҷуфтест, ки комилам мекунад, розиям мекунад, бе онки озорам диҳад. "

ФУРӮҒ ВА ТОҶИКИСТОН

Шояд дар рӯйи ҷаҳон кам забоне мондаааст, ки ашъори Фурӯғи Фаррухзод ба он забон баргардон нашуда бошад. Дар шабакаи интернет тарҷумаҳои юнонию итолиёӣ то муғулию норвегии ашъори Фурӯғро метавон дид. Дар Тоҷикистон ин шеър ниёз ба баргардон надорад ва китобҳои Фурӯғро ҳам ба алифбои сирилик ва ҳам форсӣ метавон пайдо кард. Ҳамнафаси мо дар Душанбе, Раҳматкарим нигоҳе дорад ба вуруди фавқулоддаи Фуруғ ба Тоҷикистон, ҳузур ва таъсири корномаи ӯ дар ин кишвар. Ва ҳамнафаси дигари мо Нилуфар ба пойи сӯҳбати Муанввар Мунавварзод нишаст, ки ҳар нафаси худро гуфтугӯе бо Фурӯғ меномад. Вақте китоби Фуруғ "Таваллуди дигар" дар Тоҷикистон нашр шуд, худи сарояндаи ин китоб дигар дар қайди ҳаёт набуд. Аммо ин дарвоқеъ як таваллуди дигари шеър дар Тоҷикистон буд. Дертар баргузидаҳое аз "Асир", "Девор" ва "Исён" низ чоп шуданд. Ва китоби "Тило дар мис"-и Ризо Бароҳанӣ ба Тоҷикистон расид, ки Фуруғро ба дӯстдоронаш бештар ошно кард. Ҳамсӯҳбати Нилуфар Мунаввари Мунавварзод мегӯяд, агар Фурӯғ зинда мемонд, шоҳкорҳои наверо ба ҷаҳон тақдим мекард.
XS
SM
MD
LG