Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Палангу шерҳои порлумони Тоҷикистон


--------------------------------------------- Агар шумо дар моҳи январ, зери бурҷи қавс, далв, ва ё сунбула ва ё дар соли харгӯш таваллуд шуда бошед, пас шонси хеле хубе барои вакили порлумони Тоҷикистон будан доред.

Дар порлумони Тоҷикистон 63 намояндаи мардум барои ин кишвар қонун таҳия мекунанд ва талоши танзими ҳаёти ин мардумро доранд ва расман гуфта мешавад, маҳз барои хидмат ба ин мардум маош мегиранд ва маошашон аз андозҳои ҳамин мардуми оддӣ мураттаб мешавад. Ва аммо ин матлаб на сари кори вакилони мардумӣ ҳаст, балки рӯзу моҳу соли таваллуди эшонро мебинад. Дар расонаҳои хориҷӣ сари ҳар чанд вақт ҳар гуна рейтингҳое нашр мешавад, ва аммо ин нахустин чунин як талош дар расонаи тоҷикӣ ва бо забони тоҷикӣ ва атрофи чеҳраҳои саршиноси тоҷик аст.

Бубинем, ки рейтинги бурҷу моҳу солҳои «вакиловар» чӣ гуна аст.

МОҲ:

ДАҲ депутати порлумони Тоҷикистон дар моҳи январ таваллуд шудаанд. Воқеъан, ҳар сол дар порлумони Тоҷикистон қабл аз ҳама зодрӯзи Шерхон Салимовро таҷлил мекунанд, зеро ӯ дар рӯзи аввали моҳи январ ба дунёи ҳастӣ чашм кушодааст.

Ва аммо дар моҳҳои август ва сентябр ҳам вакилон бештар таваллуд шудаанд. Дар порлумони ҳолинаи Тоҷикистон дар моҳҳои август ва сентябр ҳафт зодрӯзӣ таҷлил мешавад. Моҳи август ба порлумон Саъдулло Хайруллоев, раиси ҳолинааш ва моҳи сентябр Мағфират Хидирова, ҷавонтарин депутаташро овардааст.

Камтар аз ҳама моҳҳои апрел, май ва октябр ба Тоҷикистон вакил тақдим кардаанд. Дар ҳар сеи ин моҳҳо танҳо се вакилӣ таваллуд шудааст. Воқеан, миёни ин чеҳраҳо исми Шодӣ Шабдолов ( октябр) ва Абдулмаҷид Достиев (май) ҳаст.

Ҳарду намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон: Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Муҳиддин Кабирӣ дар як моҳ, моҳи июл таваллуд шудаанд.

Силсилаи зодрӯзҳои солона дар порлумони ҳолии Тоҷикистонро ҳар сол Маҳбуба Нуриддинова анҷом мебахшад, ки дар таърихи 19 декабр тавалуд шудааст.

БУРҶ

Воқеъан, Маҳбуба Нуриддинова зери бурҷе ба дунё омадааст, ки бештар аз дигар бурҷҳо вакилон мутаваллид дар зери ин бурҷ ҳастанд. Манзури ман Қавс аст, ки дар порлумони Тоҷикистон ҳафт депутат дорад. Баробар бо Қавс - Далв ва Сунбула ҳам вакилзо будаанд. Шоири саршиноси тоҷик ва муаллифи суруди миллии Тоҷикистон, Гулназар Келдӣ зери бурҷи Сунбула таваллуд шудааст.

Ранҷи таваллуди фарзандро мдарони депутатҳо камтар аз ҳама дар таърихи аз 21 апрел то 21 май кашидаанд, ки ин таърих моли бурҷи Савр аст. Абдулмаҷид Достиев, раҳбари фраксияи Ҳизби халқӣ-демократӣ дар порлумони Тоҷикистон ва Юсуфҷон Аҳмадов, танҳо нафаре, ки дар интихобот бар номзад аз рӯйхати ҲХДТ пирӯз омадааст, (худаш ҳам узви ҲХДТ аст дар омади гап) низ зери бурҷи Савр таваллуд шудаанд.

Порлумони Тоҷикистон ҳамчунин шаш Ҷаддӣ, шаш Асад дорад, панҷтоӣ Ҷавзову Саратон ва чаҳортоӣ Ақрабу Ҳут ва Ҳамалу Мизон низ дар порлумон ба сар мебаранд.

МӮЛҶАР

Ва агар аз рӯи ҳисоби солшумории мӯлҷар бигирем, бештарини вакилони ҳолии порлумони кишвар дар соли Харгӯш таваллуд шуда будаанд. Теъдоди ин вакилон нӯҳ нафар мебошад. Вакилон Ҳакимов ва Ҳакимова низ дар ин феҳрас шомиланд.

Баъд аз Харгӯш, аз рӯи мӯлҷар дар порлумон ҳашт вакиле кор мекунад, ки дар соли Бақар таваллуд шудаанд ва ҳафт вакиле , ки дар соли Гӯсфанд чашм ба ин дунё кушудаанд.

Дар порлумони Тоҷикистон ҳамчунин шаштоӣ Мурғу Аспу Паланг ҳаст. Солҳои Саг ва Муш дар порлумон панҷтоӣ ва соли Маймун чаҳор намоянда дорад.

Камтар аз ҳама дар порлумони Тоҷикистон вакилоне будаанд, ки дар соли Хук ва Мор таваллуд шудаанд. Ҳамагӣ се нафарӣ.

ДАҲСОЛАҲО:

Сиву ҳафт вакили порлумони Тоҷикистон дар солҳои панҷоҳуми асри бист таваллуд шудаанд. Шонздаҳ вакилро солҳои чиҳилум ба дунё овардааст. Дар солҳои шастум ҳашт вакил ва дар даҳаи ҳафтодум танҳо як вакили порлумони феълии Тоҷикистон чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд.

Ҷавонтарин вакили порлумон намояндаи ҲХДТ, Мағфират Хидирова, устоди сиёсатшиносӣ мебошад, ки сиву саввумин баҳори умри худро дида истодааст. Бузургсолтарин порлумонии Тоҷикистон раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Шодӣ Шабдолов мебошад, ки аз ҷавонтарин вакил 30 курта беш дарронидааст.

PC: Санаҳои таваллуди вакилони порлумон аз сомонаи расмии порлумони Тоҷикистон дастрас шудааст.
XS
SM
MD
LG