Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии матбуот рӯ ба коҳиш аст


Freedom House

Созмони Хонаи озодӣ ё Freedom House дар гузориши нави худ эълон кард, ки истиқлолияти матбуот дар кишварҳои асосии Осиё ва Африқо таҳти таҳдид буда, дар кишварҳои шӯравии собиқ ва Амрикои Лотин рӯ ба коҳиш дорад. Дар гузориш гуфта мешавад, озодии матбуот беш аз ҳама дар Тимори Шарқӣ, Непол, Филипин, Тойланд, Угондо, Ботсван, Ҳабашистон, Русия ва Ӯзбакистон ба таназзул дучор шудааст.
Ҷенифер Виндзор, мудир иҷроии Хонаи озодӣ мегӯяд, вазъи феълӣ воқеъан мӯҷиби нигаронист. Ба қавли вай, коҳиши истиқлолияти матбуот дар кишварҳое ба амал меояд, ки дар гузашта, ба пешрафтҳои муҳими мардумсолорӣ ва озодии баён нойил шудаанд. Гузорише, ки дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот (3-юми май) нашр шудааст, бархе аз пешрафтҳоро дар Кениё, Мавритания, Либериё, Миср, Украин ва Қирғизистон зикр карда, вале бадтарин вазъро ба Бурма, Кубо, Либиё, Кореяи Шимолӣ ва Туркманистон нисбат додааст.
Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар ҷойи 167-ум қарор дошта, дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қирғизисону Қазоқистон ва пеш аз Ӯзбакистону Туркманистон ҷойгир шудааст.
Freedom House матбуоти 73 кишварро озод, 54 кишварро нимаозод ва 67 давлати дигарро ноозод номидааст.
XS
SM
MD
LG