Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаи "Чаман" дар Чернобил


Бо навбат дар бораи ҳамаи ин. Паёми президент Раҳмонов ба порлумони Тоҷикистон, ёдбуди солгарди садамаи Чернобил ва Ховари Миёна дар маркази диққати ҳафтаномаҳои чопи Душанбе буд ин ҳафта.

Паёми президент Раҳмонов ба порлумони Тоҷикистон, ёдбуди солгарди садамаи Чернобил ва Ховари Миёна дар маркази диққати ҳафтаномаҳои чопи Душанбе буд ин ҳафта.

Бо навбат дар бораи ҳамаи ин.

Ҳафтаномаи «Зиндагӣ» бо Тӯйчӣ Отабоев, раиси Иттиҳоди Чернобили Тоҷикистон мусоҳабае анҷом додааст. Бино бар қавли ҷаноби Отабоев, зиёда аз 4,5 ҳазор тоҷикистонӣ дар бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил ширкат карда буданд, дар натиҷа, 30 фоизи оилаҳои афроде, ки ба Чернобил сафар доштанд, вайрон шудааст, баъдан, аз он одамон атфоли маъюб ба дунё омадаанд. Ҷаноби Отабоев гуфтааст, 93 дар сади аъзои Иттиҳоди Чернобили Тоҷикистон имрӯз бекор ҳастанд, зеро корхонаҳо намехостаанд, афродеро ба кор бигиранд, ки барояшон бояд имтиёзоти иловагӣ пардохт бикунанд.

Ҳафтаномаи «Миллат» аз дастаи бонувони рубобнавози тоҷик мавсум ба «Чаман» қисса кардааст, ки се моҳ дар маҳаллоти фоҷеа ҳунарнамоӣ кардаанд. Ҳафтанома навиштааст, дар таърихи сабти асноди ҳаводиси Чернобил исми ин гурӯҳи ҷавондухтаракони тоҷик зикр наёфтааст ва ҳол он ки бино бар навишта, саломатӣ ва ояндаи фарзандони ин духтаракони ҳунарманди 23 – 24 соали тоҷик дар фазои заҳролудаи Чернобил барбод рафта буд.

Мавзӯъи матруҳаи дигар дар расонаҳои чопии Душанбе паёми солонаи президенти Тоҷикистон ба порлумони кишвар буд.

Нашрияҳои давлатӣ матни комили ин паёмро чоп кардаанд. Бархе аз нукоти ин паём матлаби аслии нашрияҳои мустақил буд.

«Азия – Плюс» ва «Миллат» муроҷаати президентро ба мансабдорон дар мавриди қонунӣ гардонидани моликияташон матлаби сафҳаи аввали худ қарор дода ва барои ташреҳи ин нукта афкори баъзе афроди саршиносро нашр кардаанд.

Нашрияи «Факти и комментарии», ки ин ҳафта шумораи нахустини худро нашр кард, дар гузорише аз ин паём ба истилоҳи навишта, бар таъкиди президент сари се сутуни иқтисоди кишвар ишора намудааст ва онон: энержӣ, пахта ва алюминий будаанд.

«Вечерний Душанбе» дар як мақола рейтинги маҳбубияти раиси ҷумҳурҳои мамолики дунё миёни мардумашонро нашр кардааст. Мувофиқи ин рейтинг, Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Иттиҳоди Муштаракулманофеъ миёни интихобкунандаҳояш ба қавли нашрия маҳбубияти бештаринро бархӯрдор будааст. Гуфта шудааст, дар интихоботи қарибулвуқӯъи Тоҷикистон низ президенти кунунӣ рақибе надорад.

Ҳафтаномаи «Наҷот» як матлаб дар мавриди он ки идеяи миллии тоҷикон бояд чӣ бошад, чоп кардааст. Дар навишта омадааст, ки 98 дар сади сокинини Тоҷикистон мусалмонанд ва баргузидани Ислом ба ҳайси идеяи миллӣ ба пешбурди ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар як мақола фарқиятҳо ва тафовутҳо миёни Ҳизби Таҳрир ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳаракатҳои исломии Узбакистонро ба риштаи таҳлил кашидааст. Нависандаи ин мақола, Қурбоналӣ Муҳаббатов, додситони нақлиёти Тоҷикистон нигоштааст, Ҳизби Таҳрир бо ҳаракати исломии Узбакистон ва Толибон ягон муштаракоти ақоидӣ надорад ва аммо муносибати Ҳизби Таҳрир бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хушунатомез аст.

Ҳафтаномаи «Наҷот» як матлаб дар бораи мушкилоти Фаластин чоп карда ва нигоштааст, ки бо баста шудани дари кӯмакҳои Ғарб бар рӯи Ҳамос, дарҳои дигари ёрӣ барои ҳукумати нави Фаластин боз шудааст. Ҳукуматҳои Ирон, Русия, Қатар, Саудӣ, Кувайт, Иморот, Сурия, Миср изҳор доштаанд, ки ба давлати навини Фаластин мадад мерасонанд.

Дар «Наҷот» ҳамчунин як гузориши бузургҳаҷм аз ҳамоиши байналмилалие дар Теҳрон, ки ба масъалаи Фаластин бахшида шуда буд, чоп шудааст. Гузориш зери сарлавҳаи «Исроил дар ҷаҳон ҳаққи вуҷуд надорад» нашр шудааст.

Дар «А-П» мусоҳабаи сафири Эрон дар Тоҷикистон чоп шудааст. Носир Сармади Порсо, сафири ҷумҳурии исломӣ дар Душанбе гуфтааст, эҳтимоли оғози ҷанг миёни Амрико ва Эрон хеле кам аст ва аммо ба назари сафири Эрон шояд алайҳи кишвари ӯ таҳримоти иқтисодӣ эълон бишавад.
XS
SM
MD
LG