Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳиндустон мехоҳад дар Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбӣ дошта бошад?


Ба навиштаи ин нашрия, 12 ҳавопаймои ҷангии МиГ-29 дар пойгоҳи мазкур дар Фархори Тоҷикистон ҷобаҷо хоҳад шуд. Он ба нақл аз матбуъоти Ҳиндустон мегӯяд, аллакай бурҷи назорати ин фурудгоҳ сохта шудааст.
Як мақоми баландпояи Вазорати дифоъи Ҳиндустон гуфтааст, дар пойгоҳи нав 40 низомии ҳинду хидмат хоҳад кард. Яке аз анборҳои ин пойгоҳ дар ихтиёри нирӯҳои ҳавоии Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт, ки аз тарафи Ҳиндустон омӯзиш дидаанд.
Рӯзномаи "Гордион" ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат кардааст ва менависад, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Игор Сатторов гуфтааст: "Ман ин хабарро на тасдиқ карда метавонам ва на рад. Беҳтар аст, дар ин маврид аз эҳтиёт кор гирифта шавад."

Хабари таъсиси пойгоҳи Ҳиндустон дар Тоҷикистон аз соли 2001 ба ин сӯ борҳо матраҳ шудаву қариб ҳамеша аз тарафи намояндагони баландпояи Тоҷикистон рад шудааст. Чунончи, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров дар ҷараёни сафараш ба Покистон дар соли 2002 аз тарафи журналистони покистонӣ мавриди саволборон қарор гирифт ва гуфт, ин иттилоъл ягон асос надорад ва ҳеҷ гуна гуфтушунид низ миёни Душанбе ва Делҳӣ дар ин мавриди сурат нагирифтааст.
Таври маълум, Ҳиндустон аз соли 1997 то 2001 дар Фархори Тоҷикистон шифохонаи ҳарбие дуруст карда буд, ки дар он сарбозу афсарони захмии Эътилофи Шимоли Афғонистон (таҳти раҳбарии фармондеҳи машҳур Аҳмадшоҳи Масъуд) муолиҷа мешуданд.
Ҳафтае пеш расонаҳои Ҳиндустон ва Русия хабар доданд, ки Тоҷикистон фурудгоҳи ҳарбии худро дар шаҳраки Айнӣ 10-километрии шаҳри Душанбе дар ихтиёри нирӯҳои ҳавоии Ҳиндустон хоҳад гузошт. Аммо акнун ҳамаи расонаҳо бештар дар бораи Фархор менависанд.
Агар ин хабар тасдиқ шавад, Ҳиндустон вориди рақобати қудратҳои гуногун барои нуфуз дар Осиёи марказӣ хоҳад шуд. Ҳоло Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон пойгоҳи ҳарбӣ дорад. Иёлоти Муттаҳида дар Манаси Қирғизистон ва Олмон дар Тирмизи Ӯзбакистон пойгоҳҳои низомии худро ҳифз мекунанд. Бахши хурде аз нирӯҳои Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҷойгир шудаанд. Иёлоти Муттаҳида, Олмон ва Фаронса мегӯянд, ҳузури ҳарбии онҳо дар минтақа барои бартарӣ дар ҷанги зидди терроризм дар Афғонистон ҳаётан муҳим аст.

Рӯзномаи "Гордион" менависад, ин қадами Ҳиндустон ба дохили Осиёи марказӣ бо мақсади дастёфт ба захираҳои инержии минтақа аст. Сарвазири Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ дар сафараш ба Ӯзбакистон бо президенти ин кишвар Ислом Каримов мулоқот кард. Дар ҳоле ки Ислом Каримов баъд аз тирборони тазоҳуркунандагон дар Андиҷон ба як симои дилнохоҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки мунаққидони Сингҳ мегӯянд, Ҳиндустон мехоҳад, бо истифода аз пайт, ба захираҳои нафту гази Ӯзбакистон даст ёбад. Ниёзи рӯзонаи Ҳиндустон ба нафт наздик ба 2 миллион бушкаро ташкил медиҳад ва пешбинӣ мешавад, ки то соли 2010 ин адад ба 4 миллион бушка дар рӯз хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG