Пайвандҳои дастрасӣ

Лайло: Сад дарсад ба Тоҷикистон боз хоҳам гашт!


РО: Лайлохонум, хеле хушҳолем, ки саранҷом ташриф бурдед ба Тоҷикистон. Мунтазир мондам, то ҳамаи кунсертҳоятон тамом шавад, то баъдан бардошти шуморо ҷӯё бишавем. Ростӣ, шумо аз Тоҷикистон қаблан чи тасаввуре доштед ва ҳоло чи чизеро дарёфтед?

ЛФ: Бо салом хидмати шумо ва шунавандагони азиз. Иди Наврӯзро мехостам табрик бигӯям ба ҳамаи ҳамватанони хубам. Назари ман роҷеъ ба Тоҷикистон, воқеъан, ин аст, ки ин чандрӯза ба мо хеле хуш гузашт ва барномаҳои бисёр хубу бузурге доштем. Мардум аз барномаҳои мо хеле-хеле истиқбол карданд. Ба сурате ки мегуфтанд, агар ду шаби дигар ҳам тӯи (дар) он солуни бузурги Борбад барнома бигзоред, мардум меоянд, вале мутаассифона, мо дигар вақт надорем ва бояд баргардем. Дар Вошингтун ҳам барномае дорем. Аз мардуми Тоҷикистон бигӯям: воқеъан, ин қадр бомуҳаббатанд ва ин қадр садоқаташон зиёд аст ва ин қадр ишқашон беғалу ғаш аст, ки дигар намедонам чи ҷурӣ таъриф кунам. Шумо намедонед, ки чи қадр тӯи (дар) ин шаҳрҳои мухталиф ба мо муҳаббат доштанд ва метавонам бигӯям, ҳар кадом аз кунсертҳое, ки дар истодиюмҳо мегузоштанд, наздики 40 ҳазор нафар ҷамъият омада буданд. Ва барои аввалин бор буд, ки ман як чунин ҷамъияти зиёдро медидам ва воқеъан, боъиси хушҳолиам ҳаст, ки...

РО: Манзуратон истодиюми шаҳри Қурғонетеппаст?

ЛФ: Бале, Қурғонтеппа ва Кӯлоб. Дар ҳар душ наздики 40 ҳазор нафар ҷамъият омаданд.

РО: Оё чунин тасаввуре доштед, ки дар Тоҷикистон ин гуна аз шумо истиқбол сурат бигирад? Чаро ки барои нахустин бор буд, ки Тоҷикистон меомадед. Ҳатман аз пеш тасаввуроте доштед...

ЛФ: Бале, аз се-чаҳор сол пеш суҳбати ин буд, ки ба Тоҷикистон биём. Ва хуб, ҳар касе аз ин ҷо барои ман хабаре меовард, мегуфт, ки чи қадр ин ҷо ҷавонҳо маро дӯст доранд, махсусан, хонандаҳо (овозхонон)-и тоҷик. Хонумҳои хонанда, тақрибан ҳама, дунболарави корҳои ман ҳастанд. Оҳангҳои маро ёд мегиранд, мудели либос пӯшидан, ҳаракот ва... алоқаманд ҳастанд ба ман. Ва воқеъан, ман ҳам орзуам ин буд, ки биём, аз наздик тамоми инсонҳои хуби тоҷикро бибинам, ки ин ҳама ба ман муҳаббат доранд. Ман дар воқеъ, интизорашро доштам.

PO: Ин гуна сафарҳои ҳунарие, ки анҷом мешавад, мисли сафари шумо, метавонад рӯи ваҷҳаи кишваре чун Тоҷикистон таъсири манфӣ ё мусбат дошта бошад. Агар дар Омрико ҳампешаҳотон аз шумо пурсиданд, ки "Тоҷикистон чи кишварест?", чи таърифе хоҳед кард.

ЛФ: Ман мегӯям, Тоҷикистон кишварест, ки мардуми хеле меҳрубон дорад, хеле садоқаташон зиёд аст. Дар ин мамлакат озодӣ хеле зиёд аст. Раисиҷумҳури ин ҷо, оқои Эмомъалӣ Раҳмонов, хеле диди бозе дорад. Хеле доранд рӯ ба тамаддун мераванд ва воқеъан, ба мардум мерасанд. Шумо боваратон намешавад, ки ду-то барномае, ки мо дар истодиюм гузоштем, аз тарафи раисиҷумҳур буда ва ҳамаи мардумро даъват карда буданд. Ба назари ман, ин хеле қадами мусбате ҳаст барои мамлакате, ки рӯ ба пешрафт аст ва дорад саъй мекунад, ки худашро ба ҷаҳони тамаддун наздик бикунад.

PO: Яъне мешавад умедвор буд, ки дубора барои кунсертгузорӣ ба Тоҷикистон боз хоҳед гашт?

ЛФ: Сад дарсад! Бо ин истиқболе, ки шуд, сад дарсад... (механдад).

PO: Ва оё ҳосиле ҳам хоҳад буд аз ин сафар? Масалан, ин ки дар оянда бо касе аз ҳунармандони тоҷик ҳамкорӣ бикунед. Барои намуна, як овозхоне ҳаст дар Тоҷикистон бо номи Манижа, ки дар оғози фаъъолияташ ба ӯ "Лайло Фурӯҳари тоҷик" мегуфтанд. Бо ин афрод ҳамкорӣ хоҳед кард?

ЛФ: Бале (бо ханда). Иттифоқан, хонум Манижа ба дидани ман омаданд ва гуфтанд, ки аз се сол пеш ба хотири ман аслан мехостанд биёянд ба Омрико. Баъд ман овардамашон рӯи саҳна ва ду оҳанги дусадоӣ ("Чи садо кунам туро?" ва "Ҷонумэ", ки як оҳанги афғонӣ ҳаст) иҷро кардем. Чи қадр ҳам мардум истиқбол карданд. Аксари хонандаҳои тоҷик омаданд. Ду-то аз оқоёни маъруфи хонанда (Садриддин ва оқои Афзалшоҳ) омада буданд. Воқеъан, ин ҷо ин қадр ҳунарманди хуб зиёд аст, ки намедонам чи ҷурӣ аз ҳамашон таъриф кунам.

PO: Вале манзури ман ин буд, ки оё ин сафар рӯи фаъъолияти ҳунаритон таъсире хоҳад дошт. Масалан, оҳангҳое хоҳед сохт, ки нуту алҳони тоҷикӣ дошта бошад, ё чизе аз ин қабил?

ЛФ: Бале, бале. Иттифоқан, пешопеш ҳамаи хонандаҳо ва устодони оҳангсозе, ки ин ҷо ҳастанд, ҳама барои ман се-чаҳор то оҳанг сохтанд ва рӯи Си-Ди (лавҳи фишурда) оварданду доданд ба ман, ки бибарам он ҷо (Лус Онҷелес), гӯш кунам ва иҷрош кунам. Ман сад дарсад ин корро хоҳам кард. Чи қадр либосҳои зебои тоҷикӣ ба ман ҳадя доданд ва сад дарсад ин таъсир хоҳад гузошт.

PO: Ман шунидам, як пероҳане, ки ба шумо доданд, андозаш муносиб набуда ва бо он рӯи саҳна нарафтед...

ЛФ: (Бо ханда) Бале, ман фақат аз кулоҳаш истифода кардам. Кулоҳу шолгарданашро истифода кардам. Хонум Манижа ба ман ҳадя доданд онро. Хонандаи маъруфи Тоҷикистон.

PO: Оё мардум оҳангҳои шуморо балад буданд ва бо шумо ҳамовозӣ мекарданд?

ЛФ: Аслан боваратон намешавад ва ман худам боварам намешуд, ки чи тавр тамоми шеърҳои манро ҳифзанд. Махсусан, олбуми "Як бӯса"-ро ҳама бо ман мехонданд. Яъне то мегуфтам "Як бӯса", ҳама мегуфтанд: "...Барои қалбам".
XS
SM
MD
LG