Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон


Ин мамнӯъниятро ман хеле хуш пазироӣ дорам. Бигзор фарзандони бепарастори тоҷикро фарзанди хориҷиён нанмоянд. Агар ин кор давом меёфт, он гоҳ фарзандони тоҷик дар рӯҳияи бегонагиву бегонапарстӣ ба воя мерасиданд, ки ин оқибати хуб надорад. Беҳтарин корагар бепарасторонро хор шудан нагузорем
Мӯъмин
---------------------------------------

Ин охирин умеди кӯдакони тоҷик буд. Чаро инро ҳам манъ кардед. Наход инсоф надоред?
Оргреал
--------------------------------------

Ташаккури зиёд ба Маҷлиси намояндагонамон,ки то ҳол умеде ба мо-халқамон мебахшанд ба боварие ки то ҳол ҳам намояндагонамон қарори солим дода метавонад.
Кӯдак барои атлантистҳо ин танҳо шахсиятест ки бояд дорои ҳаққи инсониро дошта бошад. Барои мо- миллати дорои таърихи бузург ба фикри шахсии ман ҳаққи инсон бояд баъд аз ҳаққи миллат е ҳаққи давлат ояд. Мо ҳамчун як давлат наметавонем аз сабаби баъзе шахсиятҳо е гурӯҳҳо, давлат ва миллати худамонро ба риск ва ӯҳдаи тақдир бигзорем.Давлати замони нав бояд дорои илми хуби геополитика ва сиесати демографӣ бошад.
Ватани мо он кадар бузургест ва нуфуси бузургеро дорак, ки боз ихроҷи шаҳрвандонашро кунад? Нуфуси зиёд ҳамеша бурд аст!

Ваҳдат Алӣ аз Кӯлоб
-----------------------------------

Тасмими порлумони Тоҷикистон дар мавриди мамнӯъияти фарзандхондагӣ аз сӯйи хориҷиён як тасмими ҷоҳилона аст. Як кӯдак ҳаққи бархурдорӣ аз муҳаббати падару модар дорад ва дар сурати набуди падару модар бояд аз ҳаққи фарзандхондагӣ бархурдор бошад. Тасмими порлумони Тоҷикистон таҷовуз ба ҳаққи кӯдаконест, ки метавонанд дар хориҷ аз ин кишвар зиндагии беҳтар дошта бошанд ва тарбияти беҳтар биёбанд. Ин тасмим зиддидемукротик, зидди-инсонӣ ва зоидаи тафаккури феудолӣ ва истибдодист.
Бо орзуи нек,
Фаромарз
--------------------------------------

Вой!!! Охир чаро?!
Аз ин гуна тасмими нодуруст ва хулосабардориҳои бемантиқ шарматон бод!
Кори шумо қиссаи ҳамон посдорест, ки худ пул надорад, аммо ба дигарон ҳам имкон намедиҳад, ки кӯмаке кунанд. Он писарон ва духтароне ки аз падару модар ятим мондаанд, меҳр надидаанд ва дар кӯчаву бозор ё ҷойҳои дигари номуносиб "тарбия" мегиранд, пойлуч аробакашӣ мекунанд ва ё бо оби сард мошин мешӯянд, беҳтар нест, ки парастори меҳрубоне дошта бошанд ва аз имконияти онҳо бархӯрдор шаванд?
Ё худ аз фарзандхонд шудани кӯдакони тоҷик чӣ бадӣ дидед, ки чунин хулоса мебароред? Эҳтимол дуруст аст, ки хориҷиён дорои фарҳанг ва ҷаҳонбинии дигаранд, вале магар каманд онҳое ки ҳамвора аслашонро фаромӯш накарда бошанд? Дур наравем, ҳамон Оғохон мисоли рамзӣ аст. Ҳарчанд ятим набуд, вале як рӯз дарёфт, ки дудмонаш аз хонаводаи тоҷикони Бадахшон аст. Коре ки ӯ анҷом медиҳад, як меҳандӯсти маҳаллӣ наметавонад, анҷом бидиҳад.
Агар ҳам нигаронии шумо аз ин аст6 ки фарзандон он ҷоҳо ба кори нодуруст ҷалб мешаванд, бояд порлумон сари ҳамин меандешид. Ҳамин тавр агар порлумон қарореро дар мавриди ба кадом миллат ва ё кишвар надодани иҷозаи фарзандхониро қабул мекард, парво надоштам, чун ҳамагӣ дуруст медонем, ки ба русҳо, ҳиндуҳо ва ё испаниҳо набояд иҷозаи фарзандхонӣ бидиҳем, чаро ки онҳоро бояд аввал масоили фарзандони худашон ҳал шавад.
...шӯрбахтона, то ҳол издивоҷ накардаам, то битавонам ҳаққи парастории чандин кӯдаки нотавонеро дошта бошам ва ҳоло ки равонаи Олмон ҳастам, ҳамроҳ бибарам.
Эӣ кош, дастатонро мегирифтам, фарзандонам!!!

Дилшод Ориёманиш
-------------------------------------------

Мамнӯъияти фарзандхондагии хориҷиён гоме дигар ба суйи феудолисм аст. Тарси мақомоти тоҷик ин аст, ки ҳазорон тан аз фарзандхондашудагон, ки дар ҷомеъаҳои ғарбӣ бузург мешаванд, фардо аз ҳамон кишварҳои худ метавонанд. сарнавишти Тоҷикистонро тағйир бидиҳанд. Ин ки мегӯянд хориҷиён фарзандони моро мефурӯшанд ё қочоқ мекунанд, баҳона аст, зимомдорони тоҷик бештар аз ояндаи ҳокимияти худ метарсанд, сарнавишти фарзандхондашудагон аслан матраҳ нест.
Аряхшастра
--------------------------------------

Худи ҳукумати Тоҷикистон ба ҳар даре сар мезанад, то кӯмаки молие ба даст орад. Аммо дар ин ҷо, дар ин масъалае, ки савол гузоштед, нахостааст, ятимон ва бепарасторон аз ҷое кӯмаке гиранд. Охир, фикр кунед, ки бар асари ҷанги хонагӣ 50 ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон ятим мондаанд. Нигоҳубини онҳо аз тарафи давлат ин қадар хуб аст, ки дар сӯхтори парваришгоҳи Чорбоғ 13 нафари онҳо сӯхта хокистар шуд. Ман бовар надорам, ки дар ин давра касоне дар Тоҷикистон бошанд, ки кӯдакони ятимро ба фарзандӣ бигиранд.
Аз сӯи дигар тарсидан ҳам даркор нест, ки ҳазорон нафар аз хориҷиён меоянду даҳҳо ҳазор кӯдаки моро писархонд ё духтархонд мекунанд. Дар 15 соли охир ҳамагӣ 20 кӯдаки тоҷикистониро хориҷиён ба фарзандӣ хоста гирифтаанд. Маҷлиси Намояндагон нахост, ки соле 1 ё 2 кӯдаки тоҷик хонаводаи серу таъмин пайдо кунад.
Ашӯр Назарзода
-------------------------------------

Аввалан, ман ба он волидайне ки фарзандашонро ба хонаи ятимон ва парваришгоҳ мефиристанд, нафрат дорам: Агар ҳунари тарбияи онҳоро надорӣ, чаро ба дунё меорӣ? Дуввум, каси дигар наметавонад, ҷойи падару модари аслиро бигирад. Биноан, кори порлумон дуруст ва аз рӯи орият аст.
Мулломирсиддиқ, Ҳиндустон.
--------------------------------------

Ба номи худои меҳрубон!
Бародаре навиштааст:
Ман хело сипосгузорам, ки порлумон ин тасмимро гирифт, аммо умед аст, дар татбиқи ин қарор беэҳтиромие нашавад, зеро мардуми хориҷӣ ин атфолро ба бозори ҷаҳонӣ мебаранд,
Ягона роҳи ҳал ин аст, ки ҷамъияте таъсис шавад ва аз сармоядорони тоҷик маблағ ҷамъоварӣ кунад ва он кӯдаконро ба воя расонад.

Ман илова мекунам, ки бархе аз ятимон метавонанд, дар хориҷа ба фоҳишахонаҳо афтанд ва ё мавриди сӯиистифодаҳои дигар қарор гиранд. Беҳуда нест, ки барои гирифтани онҳо сармояҳои калон сарф мешаванд.

Бо эҳтиром бародаратон Абдулманнон аз хориҷ.
---------------------------------------

Посух ба Мӯҳсини Ҷаббориён.
Раванди қонунгузорӣ аз қадим то имрӯз ин гуна будааст, ки бо таваҷҷуҳ ба воқеиятҳо ва таҳаввулот рӯйдодҳо такомул меёбанд ва ин раванд идома дорад. Мо то имрӯз чунин тоҷики сарватманд ва дар айни ҳол саховатмандро (Худо кунад, ки бошад!) надидем ва нашунидем. Агар ёдатон бошад, авоили истиқлол телевизион тақрибан ҳар рӯз дар бораи тоҷикони бурунмарзӣ ва сармояҳои онҳо барномаҳо пахш мекард, масалан тоҷиконе, ки дар тули сад соли гузашта ба Арабистони саудӣ, Покистон, Ҳиндустон... ҳиҷрат карда буданд. Аммо то имрӯз аз онҳо чизе дидед? Ман бо набераи Амир Олимхон (шояд аз ҳама сарватмандтар бошад!) дар Афғонистон сӯҳбат кардам, аммо ёд надорам, ки як кило картошка ба муҳоҷирони ҳамватанаш, ки дар Афғонистон буданд, кумак карда бошад. Дигарон ҳам ҳамин тавранд.
Агар воқеан касе тасмими кумак ба атфоли нодори тоҷикро дорад, марҳамат, Тоҷикистони мо вазъи иқтисодияш бад аст, бигзор кумак кунад! Аммо шумо ба сайтҳои хабарӣ муроҷиа кунед, ҳамин 2-3 рӯз пеш як хабар аз Озарбойҷон буд, ки як хориҷӣ духтараки озариро бо номи духтархонд ба кишвараш бурда ба номусаш таҷовуз кардааст. Як чизро набояд фаромӯш кунем, ки дар ҷаҳони имрӯз, ки пул дину маънавият шудааст, касе ба касе "лутф" нахоҳад кард. Пас аз худамон намонем.
Алӣ аз Туркия
_________________________________

Ман ба ақидаи ин ҳамватанони азиз комилан зид ҳастам. Қарори порлумони Тоҷикистон ба он маьнист, ки кӯдакони тоҷик бигзор дар фақру чирк ба сар баранд, аз оддитарин хушбахтиҳо маҳрум бошанд, гушнаву ташна, аммо дар Тоҷикистон бимонанд. Фаразан, агар тоҷиктаборони бефарзанд дар хориҷ аз кишвар бихоҳанд кӯдакеро ба фарзандӣ гиранд, ӯро тарбия ва таълими хуб диҳанд ва рӯзе ӯ ифтихори Точикистон шавад, ин номумкин хоҳад буд, чаро? Оё Маҷлиси Намояндагон қароре қабул кардааст, ки аҳволи ятимони ҷанги Тоҷикистонро беҳбуд кунад? Ин қарор дар шароити имрӯзаи кишвар зидди манфиати шаҳрвандони навраси мост.
Бо эҳтиром Мӯҳсини Ҷаббориён
________________________________

Ба номи Худои меҳрубон!
Ман хело сипосгузорам, ки порлумон ин тасмимро гирифт, аммо умед аст, дар татбиқи ин қарор беэҳтиромие нашавад, зеро мардуми хориҷӣ ин атфолро ба бозори ҷаҳонӣ мебаранд,
Ягона роҳи ҳал ин аст, ки ҷамъияте таъсис шавад ва аз сармоядорони тоҷик маблағ ҷамъоварӣ кунад ва он кӯдаконро ба воя расонад.
Амиралӣ, шаҳри Мадина, Арабистони саудӣ
____________________________

Илоҳи шукр!
Албатта, ин дуввумин бор аст, ки дар тули беш аз 10 соли фаъолияти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ман шукр мегӯям. Бори аввал ҳамин чанд ҳафта пеш буд, ки Маҷлис як лоиҳаро ба хотири танҳо русӣ будани матнаш баррасӣ накарда баргардонид.
Дуввумин бор - алъон, ки ин тасмимро барои атфол ва дар воқеъ барои Тоҷикистони оянда гирифт.
Ман аз ҳамаи вакилони Маҷлис самимона ташаккур мекунам.
Акнун Маҷлис кам-кам ҷойгоҳи воқеии худро касб карда истодааст, вакилони мӯҳтарам хафа нашаванд, чун воқеияти Маҷлиси мо ҳамин аст. Мо ҳамеша ҳангоми қиёси Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон нигаҳ карда худро тасаллӣ медиҳем, ки аққалан як зина боло ҳастем, вале агар як соли фаъолияти Маҷлиси ин кишварро баррасӣ кунем, мебинем, ки мо аз онҳо хело ақиб ҳастем.
Масалан, зимни тасвиби як лоиҳа ё тағйири як қонун маъмулан бояд баҳсу баррасӣ сурат гирад ва мувуофиқону мухолифин вуҷуд дошта бошанд, вале дар порлумони мо ҳама бо як овоз "ҲА" мегӯянд.
Алӣ аз Туркия
__________________________

Аввалан, салом ва ташаккури бисёр ба кормандони Родиёи Озодӣ.
Мамнунам, ки чунин фурсатро барои мо ҷавонҳо муҳайё месозед, ки фикру ақидаи хешро иброз намоем.
Ба назари банда, тасмиме, ки аз тарафи порлумони Тоҷикистон гирифта шуд, яке аз ботадбиртарин тасмимот аст. Чаро мо бояд ба атбои хориҷӣ иҷоза диҳем, ки аз атфоли маъсуми тоҷик сӯиистифода баранд ва тақдири ояндаи онҳоро аз миллати ватандӯсту муҳаммадиашон дур созанд.
Ин рост аст, шояд давлати мо имрӯз тавоноии онро надошта бошад, ки сарпарастиашонро ба ӯҳда бигирад, аммо бояд роҳ надиҳад, ки кӯдакон бозичаи дасти бегонаҳо шаванд. Агар имрӯз ҳукумат ин қудратро надошта бошад, фардо шояд аз дасташ ояд, ки дасти ин тифлҳоро гирад. Аз ҳукумати Тоҷикистон бори дигар хоҳиш мекунам, ки ин масъаларо ҷиддитар мадди назар дошта бошад ва дар бораи чунин атфол тасмими хуб гирад.
Умедворам, ки ин дарди бандаро ба сарварони давлати Тоҷикистон мерасонед.
Бо камоли эҳтиром, мухлиси миллати Тоҷик
XS
SM
MD
LG