Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳор - айёми шукуфоии гулҳои амрози атфол...


Бобоназар Шамсиддин - мудири шӯъбаи бемориҳои гӯшу гулӯву бинӣ мегӯяд, дар авоили баҳор амрози мавсимӣ рӯ мезанад. Гулҳои дарахтон сабабгори аслии хурӯҷи аллергия ва ё ангезандаи ҳассосият мегарданд. Ба гунаи мисол, оддитарин дарди бинӣ ба полинозиё, яъне барангезандаи ҳассосият мебарад. Оқои Шамсиддин меафзояд, агар полинозиё саривақт ва оҷил шифо наёбад, сабаби хурӯҷи дигар амрози шадиди узвҳои дохилӣ мешавад. Аз сӯи дигар, норасоии витамини А-сабаби хурӯҷи маризиҳо дар миёни кӯдакони синни то 7 сола шудааст.

Дар Тоҷикистон бар тибқи иттилоъи расмӣ аз 1.000 кӯдаки навзод 17 тани онҳо мефавтанд. Салоҳиддин Мирзоалиев, садри раёсати тарҳрезӣ ва ислоҳоти Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, норасоии витамини А яке аз сабабҳои афзоиши маргу мири кӯдакон дар кишвар будааст. Бобоназари Шамсиддин меафзояд, дар фасли баҳор бемории дигари махуф-гулӯзиндонаки қалбакӣ маъруфтар ба ложний крут дар миёни кӯдакон авҷ мекунад. Гулӯзиндонаки қалбакӣ-шабеҳи гулӯзиндонак аст. Аммо амсоли ахирӣ марази сироятӣ нест. Вале хеле хавфнок аст. Гулӯзиндонаки қалбакӣ кӯдакро то синни 3 солагӣ думболагир аст. Духтур Шамсиддин мегӯяд, дар ин синну сол масъунияти бадани кӯдак заъиф аст ва барангезандаи амроз ба ҷисми кӯдак роҳ мебарад.

Ибод Шарифӣ, раҳбари барномаи тарғиби эмгузаронӣ дар кишвар мегӯяд, тафриқаи дигари ҷиддии гулӯзиндонак ё дифтерия ин аст, ки ин мараз сироятист ва инсонҳо то охири умр метавонанд мубтало ба ин беморӣ шаванд. Барои ҷилавгирӣ аз фарогиршавии гулӯзиндонак дар Тоҷикистон, ҳадди ақалл сари ҳар даҳсола бояд як бор эмгузаронии сартосарӣ доир гардад. Ва аммо барои эм ин марказ ҳамасола ба $ 1 миллиону 700 ҳазор ниёз дорад.

Аз сӯи дигар, гулу гиёҳи баҳорӣ сабаби хурӯҷи дигар амроз мегарданд. Бемории дигари дар миёни атфол маъмул гӯшдард аст! Бобоназари Шамсиддин мегӯяд, гӯшдарди маъмултарин гар шифо набинад паёмади вазнин дорад, ки то миненгит расида, сабаби фавти кӯдак мегардад.

Нусратулло Файзуллоев - вазири беҳдошти кишвар мегӯяд, Тоҷикистон ба гурӯҳи 5 кишвари таҷрибавии СММ шомил аст, ки бар тибқи лоиҳаи ин созмон бояд маргу мир дар он коҳиш ёбад. Ва аммо барои рафъи комили амрози махуф ва хатари маргу мири кӯдаку модар ва соири табаъи кишвар ин вазоратхона ба 3 миллиард доллари амрикоӣ ниёз дорад. Дар ҳамин маврид, бар тибқи иттилоъи расмӣ дар Тоҷикистон дар 12 моҳи соли 2005 беш аз 2.000 кӯдаки то 1 сола фавтид. Коршиносон мегӯянд, ин омори дақиқ ва саҳеҳ нест. Зеро дар бархе маврид, дар мантақаҳои дурдаст ва деҳоти навоҳии кишвар кӯдаки фавтида номнавис намешавад
XS
SM
MD
LG