Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври якуми Ҷоми истиқлол ба поён расид


Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми истиқлоли Тоҷикистон, ки бо ширкати 16 тими лигаҳои олӣ ва якум дар варзишгоҳҳои шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Турсунзода ва навоҳии Ҳисору Шаҳринав баргузор шуд, пас аз натиҷагирии бозиҳои гурӯҳӣ ҳашт даста ба давраи дуввум роҳ ёфт.

Ба ин тартиб, дар бозиҳои чаҳорякниҳоӣ рӯзи панҷшанбеи 6 апрел дар варзишгоҳи ноҳияи Ҳисор дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Ориёно»-и Душанбе, СКА «Помир»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб, дар варзишгоҳи ноҳияи Шаҳринав тимҳои «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, CSKA-и Душанбе ва «Гумрук»-и Душанбе рақобат хоҳанд кард.

Ғолибони ин бозиҳо ба давраи нимфиналӣ роҳхат мегиранд. Бозии ниҳоӣ рӯзи душанбеи 10 апрел барпо мешавад.
XS
SM
MD
LG