Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Армуғони Саттор ба кӯдакони бепарастори Душанбе


Саттор, овозхони саршиноси эронӣ, ки бо як сафари ҳунарӣ дар Тоҷикистон ба сар мебарад, имрӯз барои кӯдакони бепарастори Хонаи кӯдакони Душанбе шоколад ва анвоъи дигари ширинӣ ба армуғон овард. Саттор зимни дидораш аз хонаи кӯдакон роҷеъ ба ҳадафи мулоқоташ бо атфоли ятими тоҷик гуфт: «Ман мехоҳам, ин сафари ман намунае барои ҳар нафаре бошад, ки мехоҳад, ба Тоҷикистон биёяд». Ин дуввумин сафари Саттор ба Тоҷикистон аст. Қарор аст, рӯзҳои якум ва дуввуми апрел консертҳои Саттор дар Кохи Борбади Душанбе ва рӯзи чаҳорум дар Хуҷанд баргузор шавад. Созмондиҳандаи ин консертҳо, ширкати ҷаҳонгардии «Адмирал» тасмим доштааст, овозхони шаҳири дигари эронӣ, Муъинро низ ба Тоҷикистон орад.
XS
SM
MD
LG