Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Саттор ба Тоҷикистон


Интизор меравад, Саттор дар якум ва дуввуми апрел дар Кохи Борбади Душанбе ду консерт бигзорад ва сипас рӯзи чаҳоруми апрел дар шаҳри Хуҷанд ҳунарнамоӣ кунад. Ин дуввумин сафари Саттор ба Тоҷикистон аст. Дар авоили соли 1995 Муҳиддини Олимпур, хабарнигори фақиди тоҷик, ба ҳамроҳи бахши ҷаҳонии Би Би Си муваффақ шуда буд, ки заминаи сафари Саттор ба Тоҷикистонро фароҳам кунад. Ононе, ки консерти Саттор дар рӯзгори нобасомони Тоҷикистонро дидаанд, ҳанӯз аз он бо шӯру шавқи зиёд ёд мекунанд. Худи Саттор низ зоҳиран аз он давра хотироти хуши зиёде дорад. Вай ахиран дар як гуфтугӯи телевизюнӣ дар Омрико хотироти худ аз Тоҷикистонро бозгӯ кард. Аммо сафари дуввуми ӯ ба Тоҷикистон то андозае дӯстдорони ӯро дар ин кишвар ғофилгир кард, зеро андак касе аз вуқӯъи ин сафар хабар дошт.

Саттор, ки номи комили ӯ Ҳасани Саттор аст, аз овозхонони маъруфи мусиқии поп ва суннатии Эрон аст, ки дар паи инқилоби исломии соли 1979 кишварашро ба мақсади Омрико тарк кард ва муваффақ шуд бо оҳангҳои тоза маҳбубияташро дар миёни ҳаводоронаш ҳифз кунад ва ба доманаи ҳаводоронаш биафзояд. Сатторро дар даҳаи 1990 барои нахустин бор Муҳиддини Олимпур дар риштабарномаҳои "Ситораҳои Шарқ"-и худ барои бинандагони тоҷик муъаррифӣ кард. Аммо пеш аз он низ наворҳои Саттор дар бозори созу овози Тоҷикистон қобили дарёфт буд.

Дар ин акси соли 1994 Саттор ва Муҳиддини Олимпурро мебинед, ки дар зинаҳои манзили зисти Саттор дар Лос-Анҷелес нишастаанд.
XS
SM
MD
LG