Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигоҳе ба таърихи шӯравии Наврӯз


Аммо замоне на чандон дур Наврӯз дар Тоҷикистон ҷашн гирифта намешуд. Ва,онро як маросими динӣ арзёбӣ карда намегузоштанд,ки аз он ҳатто ёдоварӣ шавад. Аммо дар авохири солҳои шаст ва ибтидои солҳои ҳафтоди қарни гузашта як идда аз рӯшанфикрони тоҷик талош карданд ,то ба мақомотро бифаҳмонанд,ки Наврӯз ҳеҷ иртиботе ба дини ислом надорад ва онро мешавад ба таври густарда ҷашн гирифт. Дар гуфтугӯе, ки бо шоири тавонои тоҷик, устод Мӯъмин Қаноат, яке аз пештозони рӯшанфикрони тоҷик дар он солҳо, доштам аз ӯ пурсидам, ки чи гуна тавонистанд ба роҳбарони вақт бифаҳмонанд,ки Наврӯзро бояд ҳифз кард ва ҷашн гирифт. Бо раҳбарии рӯшанфикрони номвар Мирзо Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла, номае омода шуд, ки бе зери он 19 шоиру нависанда, олиму ҳунарпешагони машҳур имзо гузоштанд ва бо он ба идораи котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов рафтанд. Ҳамзамон бо ин дар рӯзномаи "Маориф ва маданият" бо ҷасорати Бӯринисо Бердиева саҳифаи махсуси наврӯзӣ омода гашт. Расулов номаро хонд, ба андеша рафт ва ...

Барои шунидани идомаи қисса рамзи радиоро дар охири сарлавҳа "ангушт" занед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG