Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуфузи реклама дар расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон


Тибқи қонуни реклама,то 40 дар сади як шумораи нашрияи мустақил ва 25 дар сади нашрияҳои давлатӣ метавонанд аз эълону реклама иборат бошанд ва аксари нашрияҳо аз ин ҳаққи худ истифода мекунанд. Имрӯз родиё ва телевизионҳо ҳатто аз ҳисоби пахши клипу таронаҳои санъаткорон маблағ мерӯёнанд.Масалан,Телевизиони давлатии Тоҷикистон барои пахши як дақиқаи тарона 150 сомонӣ, муодили 50 доллари амрикоӣ нарх гузоштааст. Ва аммо қимати як дақиқаи реклама, вобаста аз соати пахш, аз 150 то 180 сомонӣ муқаррар шудааст.

Раҳматшо Обидов, масъули бахши тиҷорат ва рекламаи телевизиони давлатии «Сафина» мегӯяд, бахши аъзами даромади ин телевизион аз ҳисоби реклама аст:
«Телевизиони «Сафина» шабакаи навтаъсис аст ва ба «бозор» ба тозагӣ ворид мешавад. Сарфи назар аз ин, мо кӯшиш кардем, ки қариб 80 дар сади барномаҳои мо аз ҳисоби реклама ва бо дастгирии молии нафароне, ки воқиан баномусанду мухлиси телевизиони моянд, пахш мешаванд. Ин аст, ки маоши кормандони шабакаи мо назар ба ҳама телевизионҳои дигари Тоҷикистон баландтар аст».

Азорабек Азорабеков, масъули бахши тиҷорати «Русское радио-Ориёно» мегӯяд, феълан бидуни реклама тақрибан ҳеҷ як расонаи хабарӣ наметавонад фаъолият кунад. Ҳудуди 30 дар сади барномаҳои ин родиё ҳамарӯза аз реклама иборат аст. Вай афзуд, нархи реклама дар родиёи мазкур нисбатан арзон аст ва ним дақиқаи он аз се то чоруним доллари амрикоӣ арзиш дорад. Ин аст, ки ширкатҳои зиёд барои реклама ба «Русское радио-Ориёно» муроҷиат мекунанд:
«Чун дар дигар родиёҳои мустақил мавқеи реклама дар родиёи мо низ калон аст ва бевосита тамоми фаъолияи «Русское радио-Ориёно» ба он бастагӣ дорад. Имрӯз маоши кормандон ва пешрафти родиё, яъне харидории таҷҳизоти нав низ вобаста ба реклама аст ва имрӯз танҳо аз реклама мо даромад дорем ва аз он маъолияти родиёро пеш мебарем». Ва аммо рекламадеҳон на ба ҳар нашрия реклама медиҳанд. Сабаби аслӣ он аст, ки дар ин кишвар нашрияҳо бо теъдоди кам, аз 500 то 10 ҳазор нусха чоп мешаванд. Танҳо чанд рӯзномаи ҳукуматӣ, мисли «Ҷумҳурият» ва «Минбари халқ» бо теъдоди беш аз 15 ҳазор нусха интишор мешаванд,аммо ин нашрияҳо на ҳама гуна рекламаро қабул медоранд.

Аксари соҳибони нашрияҳои мустақили ҷамъиятию сиёсӣ аз он гила мекунанд, ки ба онҳо кам реклама медиҳанд ва аз ин лиҳоз онҳо камбудии молӣ доранд. Онҳо мегӯянд, худи рекламадеҳон ҳам аз он метарсанд, ки ширкат ва ё маҳсулоти худро аз тариқи ин қабил нашрияҳо тарғиб кунанд, чун фикр мекунанд, ки ин амал метавонад пайомадҳои ногувор дошта бошад. Набӣ Юсуфов, муҳаррири нашрияи мустақили «Аsia-Plus», ягона ҳамтаномаи сиёсӣ, ки дар он рекламаи бисёр чоп мешавад, сирри муваффақияти ин нашрияро маҳз дар ҷалби реклама медонад:
«Мо асосан аз ҳисоби реклама даромад дорем. Барои ин ки газетаи мо 32 саҳифа чоп мешавад, нархаш бошад, 60 дирам аст, яъне баробар ба нархи газетаи 16-саҳифагӣ. Мо барои мақолаҳои хуб навиштан, коғазу плёнкаҳо ва дигар масолеҳи чопӣ маблағи зиёд сарф мекунем. Ин хароҷоте, ки мо дорем, асосан аз ҳисоби реклама мепӯшонем». Дар аксар рӯзномаҳо як сантиметри мураббаъ реклама як сомонӣ арзиш дорад. Дар Тоҷикистон ҳамчунин чанд ожонси рекламавӣ рӯйи кор омадаанд, ки дар роҳи ҷалби реклама фаъолият мекунанд. Ин ожонсиҳо нақши миёнаравро миёни рекламадеҳ, яъне ширкату созмонҳо ва расонаҳои гурӯҳӣ мебозанд.Дар ин замина 20 дар сади даромад аз ҳисоби реклама ба ожонсиҳои мазкур ихтисос мегирад.

Барои рушди ҳар чи бештари расонаҳои гурӯҳӣ нақши реклама хеле муассир метавонад бошад. Барои ҷалби реклама бошад, агентҳои хуби рекламавӣ лозиманд, ки имрӯз аз камбуди онҳо аксари расонаҳо танқисӣ мекашанд.Ин гуна мутахассисон бояд дар риштаҳои рӯзномагории донишгоҳҳо тайёр карда шаванд, вале ин ихтисос алъон дар ҳеҷ як мактаби олии кишвар таълим дода намешавад.
Носирҷони Маъмурзода, радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG