Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Аврупо ба кишоварзони вилояти Суғд


Маҳкам Расулов, ҳамоҳангсози барномаи ТАСИС дар вилояти Суғд мегӯяд, ин кӯмак барои дастгирии соҳибкорони бахши кишоварзӣ ва паст кардани шиддати фақр дар навоҳии наздимарзӣ сурат гирифтааст. Вай афзуд : «Кӯмаки техникӣ аз компютерҳо, таҷҳизот барои хушк намудани меваҷот ва тухмии навъҳои махсуси помидор ва ниҳолҳои себ иборат аст. Татбиқи барнома дар навоҳии Исфара ва Ҷаббор Расулов -- манотиқи наздимарзии вилояти Суғд ва ду ноҳияи ҳаммарзи вилояти Ботканд, ноҳияи ҳамном ва Лайлак сурат мегирад. Маблағи умумии кӯмаки техникӣ 50 ҳазор евро буда, барои ду сол пешбинӣ шудааст.»
Расулов афзуд, 70 дар сади аҳолии Суғд ва Ботканд дар деҳот ба сар мебарад ва ба ҷиҳати қашшоқӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҷойҳои ахир қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, беш аз 40 дар сади сокинони вилояти Ботканд дар зери хатти поёнии фақр ба сар мебаранд ва наздик ба 20 дар сади аҳолии нодори Тоҷикистон ба вилояти Суғд рост меояд.
Ҳамоҳангсози барномаи ТАСИС дар Хуҷанд меафзояд: «Як самти барнома мусоидат ба афзоиши фоидаи хоҷагиҳои фермерӣ ва самти дигар рушди соҳибкории хурду миёна дар бахши кишоварзӣ мебошад. Дар доираи ин барнома семинарҳо баргузор намуда, ба соҳибкорони навкор донишҳои асосӣ меомӯзем.»
Татбиқи барномаи ТАСИС, ки ниҳоди мусоидати техникии Иттиҳоди Аврупост, дар вилояти Суғд дар самти дастгирии соҳибкорони бахши кишоварзии навоҳии Исфара ва Ҷаббор Расулов соле қабл шурӯъ шуда, то поёни соли равон идома пайдо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG