Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номаҳои Шумо ба радиои Озодӣ


Бахши Тоҷикӣ Сипосгузорем аз ҳамаи онҳое ки ба унвони мо нома фиристоданд. Мо номаҳои Шуморо бисёр дӯст медорем, онҳо ба кори мо бисёр ёрдам мекунанд. Ҳар фикру андешае доред, лутфан ба мо нависед.

Салом дӯстони гиромӣ!
Ба ҳайати эҷодии бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, хоса ба ҳайати бахши тоҷикистонии он, ки аз рӯзҳои аввали маро ба ҳабс гирифтан дар лаҳзаҳои ниҳоят мушкил ба қисмати ман бетараф наистода, барои ҳақиқати ҳолро ҳаматарафа инъикос намудан тамоми рафти воқеотро мавриди таҳлил қарор дода, барои раҳоиям аз зиндон саҳми арзанда гузоштед, сипоси беандоза изҳор менамоям.
Аз зиндон озод шудани ман, ки қурбони дасисаю тӯҳмат гардида будам ва гурӯҳи манфиатдоре дар озодӣ будани маро намехостанду озодии суханро буғӣ карданӣ шуданд, тантанаи адолат мебошад. Ин адолат бо кӯшиши Шумо ҳамкасбони азиз ва дар ҳамбастагӣ бо кумитаю созмонҳои байналхалқӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсону рӯзноманигорону озодии баён тантана намуд.
Тантанаи адолат нисбат ба беадолатӣ маро водор месозад, ки минбаъд баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон тавассути қалам бештару бештар ҷаҳд намоям.
Бори дигар миннатдории самимии ман ва аҳли оилаамро қабул намоед.

Бо эҳтиром,
Ҷумъабой Толибов
ш.Душанбе
17.02.2006

Мар барномаҳои шуморо дӯст медорам, зеро, бешубҳа, ба ман ахбори саривақт лозим аст. Мехоҳам ҳама паҳлуҳои ҳаёти сарзаминамро аз шумо фаҳмам. Бовар дорам, барномаҳои радиои Озодӣ ба муштариёнаш хабарҳоро бе иллат ва дар шароити куллан демократӣ дастрас менамояд.
Бурдбориҳо ва сатҳи баланди тахассусӣ ба шумо таманно дорам.
М. Раҳматҷон
24.02.2006


With due respect, I would like to mention that the tajik version of "ozodi", the only tajik radio which presents Tajiks inside Tajikistan as well as around the world with the best news, locally and internationally has found its place in the hearts of its listeners. On behalf of myself and all other listeners outside Tajikistan, I would like to thank the organization and the whole crew who make it possible to keep tajiks outside the country up to date with the local news!
If it is possible, I request a comprehensive coverage on "Kuli Sarez" including any unfortunate possible damage in case of its break. And governments' preparation for any emergency.

With due thanks,
Alm.
Australia

Caлом ба ҳамаи созандагони радиои Озодӣ!
Ман донишҷӯи бахши аввали Донишгоҳи давлатии
шахри Воронежи Федератсияи Русия мебошам.
Мехоҳам, ки садои шуморо бишнавам.
Чӣ гуна ман метавонам садои шуморо шунавам?

Посухи мо: Ҳар барнома ё матлабе, ки дар охири сарлавҳааш рамзи радио дорад, қобили шунидан аст. Барои ин бояд ба рӯи рамзи радио "клик" кунед. Ва инчунин бойгонии барномаҳои ҳаррӯзаро дар ин ҷо метавонед дарёфт намоед. Дар ҳолати зарурӣ метавонед, ин барномаҳоро ба ройона ва ё компютери худ кӯчонед.

Салом дӯстони азиз.
Мо дар ин саҳифа хондем, ки агар муроҷиат кунем ва нишонии почтаи худро фиристем, шумо метавонед ба мо китоби "Сад ранги сад сол. Тоҷикон дар қарни бистум"-ро бифиристед. Мо дар бораи ин китоб шунидаем, ки як таърихномаи тоҷикон мебошад. Лутфан ба мо чанд дона ки метавонед, бифиристед.
Бо эҳтиром ва аз номи гурӯҳи донишҷӯён
С. Хайрулло

Посухи мо: Дуруст аст. Мо кӯшиш дорем, ба ҳамаи хоҳишмандон аз ин китоб фиристода шавад, ҳарчанд теъдоди он кам аст ва агар ба касе нарасид, моро маъзур дорад. То ҳол аз ин китоб ба даҳҳо кишвари ҷаҳон фиристода шудааст.


Ба номи худо
Ман аз шумо кормандони радиои Озодӣ ташакур мекунам ба хотири заҳматҳое ки дар расонидани хабари мекашед. Вале мутаассифона, дар бораи беэҳтиромие ки аз тарафи кишвари Донморк ба паёмбари акрам(с)Паёмбари раҳмат шуд, хабаре нест бигӯем, хато намекунем дар ин масъала радиои Озодӣ хомӯш аст ва низ рохпаймоиҳе, ки аз тарафи кишварҳои исломӣ мешавад ҳеч хабаре намедиҳад чаро? малум нест. ман аз шумо хоҳиш дорам ки аз муҳиматар хабар хамин беэҳтироми Паёмбар мебошад хабар зиёдтар диҳед ва низ дар бораи бомгузрие, ки дар Ироқ шуд дар Марқади Имом Ҳодӣ ва Эмом Аскарӣ бисёртар ба мо хабар диҳед ки ин масъалаи муҳими хабарист.
бо ташаккур.
Мутаҳҳарӣ

Посухи мо: Ба ин нукта ризо шуда наметавонем, ки радиои Озодӣ дар ин мавзӯъ хомӯш аст ва лутфан таваҷҷӯҳ намоед ба ин хабару таҳлилҳо:
Даъват ба муколама
Сӯистифода аз моҷарои карикотурҳо
Ҷавонони Дания: "Моро бубахшед"
Таҳқири дин ё озодии баён?
ва ғайра.
XS
SM
MD
LG