Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навигариҳои баскетбол ва футболи Тоҷикистон


Даври нахустини лигаи баскетболи Тоҷикистон бо ширкати ҳашт даста дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Се дастаи пойтахти кишвар -- «Зӯҳро-2», «Фаэтон», CADA ва тими «Регар» ТадАЗ-и шаҳри Турсунзода бо дуимтиёзӣ дар садри ҷадвали мусобиқот қарор доранд. «Зӯҳро-2» бар тими «Плазма» бо натиҷаи 77 бар 46, «Фаэтон» бар «Сомон» бо натиҷаи 58 бар 35, CADA бар «Зӯҳро-1» бо натиҷаи 85 бар 71 ва «Регар» ТадАЗ бар «ВИД» бо натиҷаи 56 бар 43 пирӯзӣ ба даст оварданд. Даври дуввуми мусобиқот рӯзи якшанбе, 26 феврал доир хоҳад шуд.
Ва ду хабар барои мухлисони футбол. Давраи аввали мусобиқоти анъанавӣ барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди Рустам Долтабоев, яке аз поягузорони футболи тоҷик дар се минтақа ҷараён дорад. Аз ҷумла, дар мусобиқаи минтақаи Душанбе шаш даста барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоӣ мубориза мебарад. Баъди ҷамъбасти се даври бозиҳо СКА «Помир»-и Душанбе бо 7 имтиёз дар мақоми аввал қарор гирифтааст. Ду даста - «Хима»-и Душанбе ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо шашимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро ишғол мекунанд.
Дар майдони варзишии Боғи марказии фарҳангу фароғати Душанбе мусобиқаи дастаҳои футболи наврасон бахшида ба ҷашни 60-солагии Владимир Ғуломҳайдаров, собиқадори футболи тоҷик ҷараён дорад, ки то зодрӯзи ӯ -- 26 феврал идома хоҳад кард.
Владимир Ғуломҳайдаров яке аз футболбозони беҳтарини тоҷик дар солҳои 60-ум ва 70-уми асри гузашта маҳсуб мешавад. Вай тӯли дувоздаҳ сол дар тими «Помир»-и Душанбе бозӣ карда, ба қатори даҳ нишонзани беҳтарини даста дохил шудааст. Владимир Ғуломҳайдаров нахустин футболбози тоҷик буд, ки дар ҳайати дастаи яккачини олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳунарнамоӣ кардааст. Наздики сӣ сол аст, ки Владимир Ғуломҳайдаров ба ҳайси мураббии футбол фаъолият дорад. Ҳоло ӯ дар шаҳри Алматии Қазоқистон ба сар мебарад ва мураббии калони дастаи машҳури «Ғайрат» мебошад.
XS
SM
MD
LG