Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Зоҳир - Алмоси Шарқ


"Алмоси Шарқ" - коргардони афғон Ҷавоншери Ҳайдарӣ таҳияи филми нави ҳунариро бо ин унвон поён дод. Худи Ҳайдарӣ ин филмро зиндагиномаи Аҳмад Зоҳир мехонад, зиндагиномаи яке аз маъруфтарин овозхонҳои афғони охирҳои қарни гузашта. Ва аммо Аҳмади Зоҳир ва таронаҳои волояш на фақат дар Афғонистон, балки дар Тоҷикистон низ ҳазорҳо алоқамандон доранд. Ва аз ин рӯ панҷ сол пеш хабари навори ин филм бо номи шартии "Офтоби беғуруб" дар Душанберо аҳли ҳунару фарҳанг ва шефтагони садои Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфтанд.
Ҷавоншери Ҳайдарӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори мо дар Кобул Фарҳоди Милод гуфт, ки бидуни мадади синамогарон ва ҳунармандони тоҷик рӯи навор омадани филм маҳол буд. Маҳз ба ин хотир таҳиягари афғон тасмим гирифтааст, ки нахустнамоиши филмро на дар Кобул, балки дар Душанбе доир намояд.
XS
SM
MD
LG