Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дари бози дигаре ба ҷаҳони фанновариҳои кишоварзӣ


Бо ибтикор ва пуштибонии молии Бонки ҷаҳонӣ ва СММ дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байнулмилалие зери исми «Фанновариҳои хурди кишоварзӣ - 2006» боз шуд. Дар намоишгоҳ намунаҳои фанновариҳои кишоварзии истеҳсоли кишварҳои муштаракулманофеъ ва хориҷаи дур ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шуда буд. Шафқат Бозоров, раиси оҷонсии мустақили пажӯҳиши масоили кишоварзӣ гуфт, баргузории чунин намоишгоҳ метавонад, дар роҳи рушди соҳаи кишоварзии кишвар ва дастёбии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба фанновариҳои муосири ҷаҳонӣ саҳми муҳим дошта бошад. Бино бар иттилоъи ӯ, дар чаҳорчӯби ин барнома, миёни вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва як ширкати бонуфузи эронӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки зимни он қарор аст, тайи соли равон барои нахустин бор дар Тоҷикистон як корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли техника ва мошинолоти кишоварзӣ таъсис бишавад.

Алии Ризоӣ, намояндаи корхонаи мошинолоти кишоварзии шаҳри Табрези Эрон дар робита ба ин созишнома ба радиои Озодӣ гуфт, ҷониби Эрон хостори бунёди чандин чунин корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон мебошад, аммо гаронии андоз ва пардохтҳои гумрукӣ, ки аз соҳибкорони хориҷӣ дар ин кишвар талаб мешавад, дар ин самт мушкил эҷод мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Баҳром Абдуалимов, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон гуфт, дар сурате ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар ин самт густариш пайдо кунад, вазорати кишоварзӣ аз ҳукумати кишвар тақозо мекунад, ки имтиёзҳои зарурӣ дар ихтиёри соҳибкорони эронӣ гузошта шавад. Ӯ гуфт:

«Масалан, корхонаҳои Беларус, Русия ва Украина, ки тайи 70 сол ба интиқоли техникаи кишоварзӣ ба Тоҷикистон машғуланд, аз пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо озоданд. Дар сурати рушди ҳамкориҳои мо бо Эрон мо аз ҳукумат тақозо мекунем, ки ин ширкатҳои эронӣ низ аз чунин имтиёзҳо бархурдор бошанд.»

Намояндагони ниҳодҳои масъул зимни як нишасти хабарӣ, ки дар доираи барномаи намоишгоҳи мазбур сурат гирифт, ба ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Белорус ва Украина дар мавриди интиқоли техникаи кишоварзӣ, ки таърихи беш аз 70 сола дорад, бартарӣ доданд. Аммо бархе аз намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии кишвар бар ин назаранд, ки техника ва мошинолоти истеҳсоли чинӣ ва эронӣ дар шароити кунунии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон метавонад бештар мусоидат кунад, вале қиммати онҳо хеле гарон аст ва аз он ки бахши аъзами хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон навтаъсис ва дар ҳолати фақр қарор доранд, феълан, бе мадади ҳукумат қудрати харидории ин техника ва мошинолотро надоранд. Тағойқул Назаров, мудири яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон:

«Трактор ва плугҳои эронӣ барои мо мувофиқ мебошанд, аммо нархашон қиммат аст. 6.000 доллар аст. Ин барои мо хеле қиммат аст, агар каме арзонтар бошад хуб аст.»

Дар намоишгоҳи байнулмилалии «Техникаи хурди кишоварзии 2006» беш аз 100 номгӯйи техника ва мошинолот аз қабили трактор, комбайн, испор ва техникаи коркарди мева ва маҳсулоти кишоварзии Русия, Белорус ва Украина, Ҷопон, Олмон, Туркия, Чин ва Ҳиндустону Эрон ба маърази тамошо гузошта шуд. Намоишгоҳи мазбур то 23 феврал идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG