Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Асари Зиндонӣ»-и Садриддин Айнӣ чоп шуд


«Таърихи Инқилоби фикрӣ дар Бухоро» ва ё «Таърихи усули савтия ва Инқилоби фикрӣ дар Бухоро» дар тӯли 2 соли шифои ҷароҳат, ки бо амри амири Бухоро, ки устодро 75 чӯбзахм зада буданд, дар гузари Суфӣ Розиқи Самарқанд навишта шудааст. Асари мазбур бо забони тоҷикӣ дар таърихи 5 ҷимодулаввали 1336 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 17 феврали 1918 милодӣ иншо шудааст. Аммо тавре ки дар муқаддимаи китоб омадааст, бо ин иллат, ки пас аз пирӯзии Инқилоби Сурх ва эъломи Ҷумҳурии мустақили халқии Бухоро дар моҳи октябри 1920 дар Бухоро дигар асарҳо бо забони форсӣ чоп намешуданд, нусхаи тоҷикии «Таърихи Инқилоби фикрӣ дар Бухоро» -ро мансуб ба нашр надиданд ва дастнависро ба муаллиф бозпас надодаанд. Дар ҳамин маврид, аз муаллиф хоҳиш шуд, ки китобро аз сари нав ва бо забони ӯзбакӣ иншо кунад. Нусхаи ӯзбакии асар 23 феврали соли 1921 таҳти унвони «Бухоро Инқилоби учун материаллар», яъне «Таърихи Инқилоби фикрӣ дар Бухоро» ба забони ӯзбакӣ тасниф ва нашр шуд!

Дар Тоҷикистон ин асар дар соли 1987 бо кӯшиши Раҳим Ҳошим тарҷума ва нашр гардид. Камол Айнӣ - фарзанди муаллиф дар ҳошияи китоби ҷадид навиштааст, ки устод Айнӣ нусхаи асли асарро 35 сол меҷуст, аммо бе натиҷа!

Нусхаи асили тоҷикии асар иборат аз 12 дафтари машқии чаҳордаҳ то шонздаҳбаргии мактабхона, дар 357 сафҳа бо хатти Устод Айнӣ ахиран ба даст омад ва дар ҳаҷми 230 саҳифа ба дасти чоп расид.

Ин дар мавридест, ки мунаққидон забони асарро ҳамакнун баҳогузорӣ кардаанд. Устод Ӯктам Холиқназар, як тан аз мунаққидони осори Айнӣ мегӯяд, забони асари мазбур дар нисбат ба тарҷумаи қаблии он ва соири асарҳои устод Айнӣ хеле фасеҳ ва муассир аст.

Асари «Таърихи Инқилоби фикрӣ дар Бухоро», ҳамакнун ҳамчун ҷилди 14 –и «Куллиёт»-и Садриддин Айнӣ мунташир гардид. Ҷилди 13-и «Куллиёт» дар соли 1977 чоп шуд. Ва аммо бо сабабҳои то ҳанӯз номаълум чопи осорулбоқияи устод Айнӣ аз нашр бозмонда буд.
XS
SM
MD
LG