Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳаммадҷон Шакурӣ: Зарари "бегонафарҳангӣ"


www.ozodi.tj Посухҳо ба саволҳои хонандагони www.ozodi.org Инак, бахши дигаре аз посухҳои устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ба саволҳое, ки ба воситаи интернет дар ин сомона ҷамъ омаданд ва ба таваҷҷӯҳи он кас расонда шуданд. Барои мутлоиъаи бахши аввали ҷавобҳо калимаи сабзи "ҷавобҳо"-ро дар ин ҷумла ангушт занед.

БАХШИ 2

Саломи бепоён ба устод Шакурӣ, ин шаҳсутуни кохи тамаддуни миллати азизам!
Салом мефиристам ба ин фарзонамард, ки бо пеши назар овардани симои азизи ӯ ёди ниёгони шукӯҳмандам дар хотирам зинда мешавад ва дар вуҷудам эҳсоси ифтихор ва шукӯҳмандӣ мекунам.
Пурсишҳои ман:
1.Оё вақти он нарасидааст, ки мо порсигӯён сари номи ягона барои забони ширин ва гувороямон ба мувофиқа расем? Манзурам ин ки ё форсӣ, ё дарӣ ё тоҷикӣ.
Муҳамадвафо, Исломобод,


Номи забони мо ки имрӯз ба се вожаи форсӣ ва дарӣ ва тоҷикӣ ёд мешавад, дар асл як аст, забони форсӣ мебошад. Ба сабабҳои ҷиддии таърихӣ дар садаи бист лозим омад, ки забони форсиро дар Фарорӯд забони тоҷикӣ ва дар Афғонистон забони дарӣ биноманд. Бисёр хусусиятҳои он заминаи таърихӣ, ки дар замони мо номҳои забони тоҷикӣ ва забони дариро ба миён овард, ҳанӯз вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, имрӯз аз ин номҳо даст кашидан имкон надорад. Худшиносии таърихии мардуми тоҷик ҳанӯз ба он дараҷа нарасидааст, ки забони худро тоҷикӣ нагӯянд ва ба номи аслии таърихии он баргарданд. Дар давраҳои ояндаи худшиносии иҷтимоъиву маънавии мардуми тоҷик шояд муяссар хоҳад шуд, ки мо забони худро боз забони форсӣ биномем. Ҳоло онро «форсии тоҷикӣ» гуфтан беҳтар аст.

Ба назари шумо, кадоме аз гӯишҳои форсӣ -- форсии Эрон, Тоҷикистон ё Афғонистон метавонад, дар омӯзиши ин забон меъёр дониста шавад?
Муҳаммадвафо аз Исломобод


Банда бар инам, ки меъёрро аз яки ин гӯишҳо гирифта, дуи дигарро аз эътибор соқит кардан мумкин нест. Форсии тоҷикии Фарорӯд ва дарии Афғонистон гӯиш, лаҳҷаву шеваи забони форсӣ нест, балки ду шохаи хушбори дарахти барӯманди забони форсист. Форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ ҳар се як забонанд, лекин ба ҳар ҳол, вежагиҳои муҳим доранд. Ин вежагӣ хосияти таърихӣ дошта, аз баъзе ҷиҳатҳо асолати таърихии забони ҳар ҳавзаро нишон медиҳад. Вежагиҳои муҳиме дар форсии Фарорӯд, Хуросон, Форс, Ҳинд ва ғайра дар тӯли қарнҳо вуҷуд дошт ва ягонагии забони форсиро аз байн набурд, балки ин забони бузурги ҷаҳоншумулро рангомезиҳои чашмрабо ато кард. Ин ҳолат минбаъд ҳам бояд давом бикунад. Меъёри имрӯзиро на аз яки ин ҳавзаҳо, балки аз забони классикӣ бигирем. Забони классикӣ ин ҳама ҳавзаҳоро ба ҳам муттаҳид карда буд, беҳтарин хусусиятҳои онҳоро фаро гирифта буд. Дар меъёрҷӯӣ бояд рӯ ба забони классикӣ биёварем. Ҷуз ин, лозим аст, ки ҳар кадоми мо ба забони зодгоҳи худ -- деҳи худ, ноҳия,шаҳр ва минтақаи худ ба диққат нигоҳ кунем, ба гуфти Айнӣ, дурдонаҳои забони халқро ба забони адабӣ бигирем, забони адабиро аз ҳисоби забони ҳар ҳавза ғанӣ кунем. Ин як. Дигар он, ки барои ба ҳам наздик кардани форси кунунии Фарорӯд, Афғонистон ва Эрон бояд бикӯшем. Ба чашмдошти банда, форсии умумӣ дар садаи бисту як аз имрӯзӣ кардани забони классикӣ ва ҳамназдикии бузургтарин ҳавзаҳои забон -- ҳавзаи Эрон, Афғонистон ва Фарорӯд ҳосил хоҳад шуд. Ба кӯшиши тамом ин се ҳавзаро ба ҳам наздик овардан лозим ва дар айни замон вежагиҳои таърихии ҳар ҳавзаро нигоҳ доштан зарур аст.

Аввалан устод салом!
Ман ихлосманди шумо ва саволи ман чунин аст: Оё соли тамаддуни ориёӣ барои мардуми тоҷик манфиате дорад ва чӣ гуна?
Каюмарси Ато


Устоди мӯҳтарам, мехостам дар робита ба баргузории Соли тамаддуни ориёӣ дар Тоҷикистон суол кунам.
Аввало, баргузории ин маърака ба Тоҷикистон чӣ манфиатҳо хоҳад дошт? Дигар ин ки, оё Тоҷикистони харобу фақиргашта, ки олимону донишмандонаш сарлучу пойлуч ва аксаран аз ин кишвар гурезонанд, тавонои онро дорад, ки "тамаддуни ориёи"-ро дуруст муаррифӣ кунад ва худро мавриди мазҳака қарор надиҳад?
Бо эҳтиром, Сиёвуш


Ба гумони банда, ҷашни тамаддуни ориёӣ имрӯз барои Тоҷикистон ва тоҷикони Осиёи Марказӣ басе судманд хоҳад буд. Тоҷикон бояд аслу насаби худро бидонанд. Садаи бист мардуми моро ба сӯи манқуртият кашид. Миёни дирӯзу имрӯзи мо тиҳигоҳе (вакуум) ба вуҷуд омад. Пантуркистҳо, ки мавҷудияти халқи тоҷикро инкор мекарданд, инчунин нестангорӣ(ниҳилизм)- и таърихии болшевикӣ худшиносии таърихиву фарҳангии миллатро кунд кард. Устод Айнӣ чун соли 1925 ба тадвини «Намунаи адабиёти тоҷик» шурӯъ кард, дар якумин саҳифаи сарсухани он ба таъкид овард, ки тоҷикон аз нажоди ориёианд. Ин таъкид он солҳо зиёда зарур буд. Дар ҳудуди садаи бист ва бисту як бо фаро расидани истиқлоли сиёсӣ давраи нави худшиносии миллии тоҷикон оғоз ёфт. Дар оғози ин давраи нав низ сухан аз тамаддуни ориёӣ бикушоем, барои ин ки ёди таърихии миллат пурғунҷоиш бошад, аҳамият хоҳад дошт.
Барои анҷом додани пажӯҳишҳои амиқ ва ҷамъбастҳои илмии бузург зӯрамон нарасад ҳам, ҳар чӣ аз дастамон меояд, бояд ба хидмати миллат бигузорем. Ҳоло моро маълумоти ибтидоӣ ҳам ғанимат аст.

Бузургони фарҳанги мо, монанди Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Абӯалии Сино, худи шоҳони Сомонӣ аз мағзи дини ислом бархостаанд. Ба назари Шумо, оё фарҳанги тоҷик ҷудо аз дин аст?
Ҷамшед,


Фарҳанги тоҷик аз аҳди бостон, хеле пештар аз замони Зардушту Авасто то имрӯз ҳамбаста бо дину мазҳаб сайри таърихии бузурге доштааст. Бештар аз ҳазор сол аст, ки фарҳанги мардуми тоҷик ва ҳама эронитаборон бо дини мубини Ислом вобастагӣ дорад. Агарчӣ расму одатҳо ва падидаҳои гуногуни фарҳанги миллии мо бархе аз бозмондаҳои оташпарастӣ ва дигар оинҳои қадимиро дар худ нигоҳ доштаанд, бе гумон фарҳанги мо мағз то мағз исломист. Фарҳанги мардуми тоҷик бахше аз фарҳанги эрониасли исломӣ бояд дониста шавад. Аз ин рӯ, давлати миллии тоҷикон поя бар арҷгузории арзишҳои волои маърифати исломӣ хоҳад дошт. Давлат ва дини мубин пуштибони якдигар хоҳанд буд. Он гоҳ давлат метавонад истиқлоли фарҳангии миллатро устувор бикунад. Атеизми давлатии болшевикон падидае аз муборизаи шадиде бо ҳастии таърихии халқҳо, бо фарҳанги маънавии аҳли ҷаҳон буд. Имрӯз ҳатто коммунистҳо атеизми давлатиро маҳкум кардаанд.

Муҳаммадҷон Шакурии гиромӣ,
Бо дуруд!
Аз Шумо чанд пурсиш ва дархостҳо дорам:
- Нахуст мутаассифам бигӯям, ки осор ва меҳнати Шумо берун аз доираи олимон, чандин ҳаммеҳанон ва пажӯҳишгарони дигар шӯҳрат надорад. Манзурам, ҷавонони ба воя расида истодаи Тоҷикистон аст, ки саргарми омӯзиши забонҳои бегона ва пайрави музахрафот ҳастанд. Лутфан бигӯед, ки чӣ бояд кард, то ин ҷавонон панди пирони хирадро гӯш кунанд?
Дилшод,


Афсӯс, ки дар замони мо гӯши пандшунав кам мондааст. Номусоидии замон ва таъсири тамаддуни ғарбӣ ҷойгоҳи андарз ва аҳамияти панду ҳикматро дар ҷомеаи мо кам кард. Дар натиҷа яке аз муҳимтарин анъанаҳои фарҳанги миллии мо камранг шуд. Дар қарни бист дар Тоҷикистон аз миёнаи аҳли савод пирони хирад кам пайдо шуданд, чунки саводи имрӯзаи тоҷикон бо мафҳуми классикии савод, ки ҳикмати асрҳоро фаро гирифта буд, кам алоқамандӣ дорад. То инқилоби солҳои 1917 ва 1920 кӯдак дар мактаб аз «Чор китоб»-и Аттор, «Гулистон»-и Саъдӣ, девони Ҳофиз ва мунтахаботи Бедил савод мебаровард. Осори ин бузургон ҳама иборат аз панду насиҳат, ҳикмати ҳаёт, фалсафа ва ирфон буд. Аҷдоди мо саводомӯзӣ ва омӯзиши ҳикмати ҳаётро сахт ба ҳам баста буданд. Аз миёнаи кӯдаконе, ки ба ин тарз таълим гирифтаанд, пирони хирад бештар мебаромаданд. Дар мактаби шӯравӣ саводомӯзӣ поя бар матнҳои тасодуфии бемазмун ва адабиёти бачагонаи шӯравӣ, ки низ хеле суст буд, гузошт. Дарси адабиёт дар мактаби тоҷикӣ то имрӯз аз дарси таърих кам фарқ мекунад: талабаҳо сухани муаллимро дар бораи як нависандаи классик ва эҷодиёти ӯ мешунаванд, худи матнро намехонанд, хондану фаҳмидани матнро ёд намегиранд. Дар ин сурат пирони хирад аз куҷо пайдо шаванд? Ҳоло мактаб сайқалгарӣ ақлҳо нест. Пас ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб нест, ки ҷавонон ба шунидани панди пирони хирад одат накардаанд.
Барои ин ки дар ҷомиаи мо мафҳуми «пири хирад» боз маънои аслии худро дошта бошад ва ҷавонон боз гӯш ба панди пири хирад ниҳанд, ба пиндори банда, боз ҳам лозим аст, ки:
1. Таълими савод ва шеваи забономӯзӣ дар мактаби тоҷикӣ бояд ба куллӣ дигар шавад, на грамматика, балки забон омӯзанд. Забономӯзӣ иборат аз омӯзишӣ грамматика набошад, балки грамматика барои омӯхтани забон ба кор гирифта шавад.
2. Забономӯзӣ асосан ба омӯзиши адабиёти классикӣ ва осори классикимонанд такя бикунад. Аз бузургон савод ва забон бояд омӯхт.
3. Вазифаи асосии дарси адабиёт ва хатти ниёгон бояд ин бошад, ки талаба фаҳмидани матни классикиро ёд бигирад. Бино бар ин, методикаи нави таълими адабиёти тоҷикиро ба вуҷуд овардан лозим аст.
4. Дар мактаби миёна ва олӣ (дар ҳама факултаҳо) дарсе ҷорӣ кардан лозим аст, ки аз таърихи динҳо ва таърихи ислом, аз муҳимтарин омӯзаҳои ихвонуссафо, омӯзаҳои бузургони гузаштаи мо, чунончи Ибни Сино, Берунӣ, Абусаъиди Абулхайр, Носири Хисрав, Низомулмулк, Хайём, Насириддини Тӯсӣ, Сӯҳравардӣ, Мавлавӣ, Баҳоуддини Нақшбанд, Хоҷа Аҳрор, Ҷомӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ, Маҳмуди Тарзӣ, Беҳбудӣ ва монанди инҳо маълумот бидиҳанд. Дар Тоҷикистон касеро, ки аз ин омӯзаҳо огоҳӣ надорад, шахси басавод ва бафарҳанг набояд номид. Касе, ки ҳама илмҳоро донаду ин омӯзаҳоро надонад, шахсияти ноқис дорад. Донистани таърихи фарҳанги маънавии миллат имкони пайдоиши шахсияти фарҳангии дугунаро, ки шуури иҷтимоӣ ва ҳисси миллии ӯ паст бошад, ба вежа пайдоиши шахсияти бегонафарҳангро пешгирӣ мекунад.
Дар ин сурат барои пайдоиши шахсияти фарҳангии маънавибунёд, шахсияти олимашраб замина омода хоҳад шуд. Он гоҳ пирони хирад низ бештар ақли ҷовидонро дар худ фаро хоҳанд гирифт. Он гоҳ ҷавонон ҳам қадри сухан бештар хоҳанд донист, ба панду ҳикмати гузаштагону имрӯзиён бештар гӯш хоҳанд дод.
Барои ин ки имрӯз ҷомеа, аз ҷумла наслҳои наврас боз гӯш ниҳодан ба ҳикмати асрҳоро ёд бигиранд, шояд барномаҳои вежаи телевизионӣ, радиоӣ, мактабӣ ва ғайра тартиб додан лозим аст, ки на ба он тарз, ки имрӯз мебинем, балки ба тарзе зебо, нозук ва шавқангез панду ҳикмати классиконро ба халқ бирасонад.


Мерасад марде, ки занҷири ғуломон бишканад,
Дидаам аз равзани девори зиндони шумо. (Иқболи Лоҳурӣ)


Салом ба донишманди маъруф, устод Шакурӣ!
Яке аз мубрамтарин мушкилоти дигар дар Тоҷикистон гузаштан аз номҳои хонаводагии русӣ ба тоҷикист. Аммо то ба ҳол дар доираҳои ҳукумат ва мақомоти масъул ба ин бархӯрде нест. Ҳатто пешниҳоди кумитаи истилоҳот ("номи хонаводагӣ" ба ҷойи "насаб") бетағйир аст. Назари шумо чист.
Иршод Сулаймонӣ

Кумитаи истилоҳот ба сифати муодили «фамилия» вожаи «насаб»-ро қабул накард (рад кард) ва «номи хонаводагӣ»-иро тасвиб намуд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, чунон ки лозим аст, аз рӯи ин қарори Кумитаи истилоҳот амал карда, дар шиносномаи хориҷӣ ( ва дигар санадҳои худ) «фамилия»-ро «номи хонаводагӣ» навишт. Дар дигар мавридҳо низ аз «насаб» чун муодили «фамилия» даст кашидан лозим аст, чунки маънои «насаб» тамоман дигар аст.
Гузаштан ба шакли тоҷикии номи шахс бисёр ба сустӣ сурат мегирад. Шикастани қолабҳои вайрон ва нораво дар бисёр мавридҳо ҳанӯз муяссар нашудааст.

Салом кормандони радиои Озодӣ ва салом ба устод Муҳаммадҷон Шакурӣ!
Ба назари ман, забони тоҷикӣ(форсӣ) аз замоне ки тозиён бар мо чира гаштанд, хосияти зотии худро аз даст дода ва забонест, ки бар асоси қавоиди арабӣ бунёд шудааст (Ин бештар дар Эрон дида мешавад). Забон аз миёни мардумон ба вуҷуд меояд ва баъд барояш дастур дар назар мегиранд. Аммо забони форсӣ асосан дарборӣ буда, ҳамаи бузургони адабиёт ба форсии дур аз мардум асар навиштаанд.
Дар Эрон, агарчи 80 дарсади вожаҳои форсиро калимаҳои арабӣ ташкил медиҳанд, аз раванди дурии забон аз мардум то ҳадде пешгирӣ ба амал меояд. Вале дар Тоҷикистон вазъ бадтар шудааст. Мардум, дарбор ва адибон -- ҳар кадоме ба забони ҷудогона сухан мегӯяд. Дарбор бо забони русӣ, адибон бо забоне нофаҳмо ва пур аз вожаҳои арабӣ ва мардуми бечора ҳам ки бо забоне шикаста ва баъзан гӯшхарош гап мезананд. Корбасти вожаҳо, монанди итайёра ба ҷои ҳавопаймо, сомеин ба ҷои шунавандагон ва ҳамин тавр истифодаи калимаҳои кӯак, оғо ва хонум забонро тоҷикӣ не, балки ошуфтатару беҳувияттар мегардонанд. Ман бо ноумедӣ забони форсӣ (тоҷикӣ)-ро забони дар ҳоли марг фикр мекунам ва намедонам, гуноҳи кист.
Суоли дигари ман ин аст, ки, устод, ба назари шумо, беҳтар нест номи шаҳри Қӯрғонтеппа дигар карда шавад, вале ин ном бояд аз дили халқ берун омада бошад, на ин ки ҳукумат онро таъин кунад, чунки ҳукумат боз номҳои хастакунандаи Сомонӣ, Носири Хусрав, Ҳамадонӣ, Хуросон...ро мемонад.
Бо сипос
Рустам, донишҷӯ аз Эрон.



Салом Устоди арҷманд!
Сипоси бекарон барои ҷонафшонии Шумо дар роҳи пойдории забону фарҳанги тоҷикӣ.
Лутфан бифармоед, ки оё ҳукумати Тоҷикистон кори дуруст мекунад, ки номи шаҳру ноҳияву рустоҳои кишварро дигар мекунад?
Баргардондани номҳои бостонӣ ба манотиқи кишвар бегумон кори дуруст аст, вале ҳамзамон Кофурниҳони тоҷикиро Ваҳдати арабӣ ва Дарбанди таърихиро Нурободи худсохта кардан магар дуруст аст?
Ҳамчунин донистан мехоҳам, ки оё метавон аз рӯи фарҳанги номгузории тоҷикӣ номи минтақаеро "ноҳияи ба номи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ" ва монанди ин гузошт?
Бо камоли эҳтиром, Умед аз Маскав


Номгузории имрӯза ҷавоб ба номгузории дирӯз аст. Номгузорӣ дар аҳди Шӯравӣ ранги сиёсӣ дошт. Бисёр номҳои таърихии кишвар ба номи сарварони давлати шӯравӣ иваз шуд: Ленинобод, Сталинобод, Молотовобод, Кировобод, Бауманобод, Орҷоникидзеобод ( 7 ҳиҷо) ва ғайра. Бешак, барқарор шудани номҳои аслӣ, чунончи Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан ва монанди инҳо, ки зиёд аст, кори дурустест. Мо бо ин кор адолати таърихиро барқарор мекунем. Номи ҷуғрофиёӣ як ҷузъи таърих аст. Аз номи таърихӣ даст кашем, аз як ҷузъи таърихи худ чашм хоҳем пӯшид, ҳатто мумкин аст, аз як бахши таърихи худ маҳрум шавем. Аз ин рӯ, ақида дорам, ки номҳои бостонии Фалғар, Регар, Дарбанд ва монанди инҳоро барқарор кардан лозим аст.
Номгузории нав, ки 3-4 соли охир дар Тоҷикистон сурат мегирад, поя бар худшиносии таърихӣ ва ифтихори миллӣ дорад. Чун номи пули миллиро аз номи Сомониён гирифтем ва сомонӣ гуфтем, ин кор ба рӯҳияи даврони истиқлоли давлатии имрӯз хеле созгор омад, дурусттар он ки аз ин рӯҳия сар зада буд. Шаҳру ноҳияҳоро ба номи бузургони таърих гузоштан, чунончи ноҳияи Спитамен, Темурмалик, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва монанди инҳо низ аломати эҳтиром нисбат ба фарзандони бузурги миллат аст.
Мутаассифона, дар баъзе мавридҳо қоидаҳои номсозии таърихӣ риоя нашуда истодааст. Ба тоҷикӣ исмҳои хосе чун Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин шакле ки доранд, наметавонанд маконноме бошанд. Агар инҳоро ба шакли Айниобод, Ғафуровобод, Ҷомиобод дароварем, номи ҷуғрофӣ хоҳанд шуд. Қоидаи дигари сохтани номи ҷой афзудани пасванди "он" аст: Хуросон, Бомиён, Қубодиён, Колхозчиён, ( ки охирини инҳо солҳои сии қарни бист пайдо шуд). Аз ин қиёс Ҷомиён, Айниён, Рӯдакиён номи як маҳдудаи ҷуғрофӣ метавонад буд. Ба ҷузъ ин, мафҳумҳои муҷарраде чун дӯстӣ, бародарӣ, иттифоқ ва ғайр наметавонанд номи ҷое бошанд. Ба инҳо низ нишонаҳои маконномро илова кардан лозим аст: Дӯстиобод ё Дӯстиён, Ваҳдатобод ( чун Заҳматобод – номи Фалғар дар даҳаи сии садаи бист), ва ҳоказо. Боз дигар қоидаҳои сохти маконном ҳаст, ки ба онҳо амал кардан лозим меояд.
Ба тартиб овардани номгузорӣ дар Тоҷикистон идома дорад. Чунончи қуллаҳои Помирро аз номҳои тасодуфии нораво ва номҳои сиёсии садаи гузашта тоза кардан лозим меояд.

Мӯҳтарам ҷаноби Шакурӣ!
Дар Тоҷикистон ҳоло ҳам бо Иттиҳодияи нависандагон фахр мекунанд, дар ҳоле ки онро дар вақташ коммунистҳо барои дар хидмати худ нигаҳ доштани адибон ташкил карда буданд. Имрӯз, ба фикри шумо, оё ин гуна ташкилот барои адабиёт ва фарҳанги мо даркор аст? Махсусан вақте ки имрӯз ба он асосан одамони нолоиқро қабул мекунанд.
Бо эҳтиром
Соро Ҳумоюнӣ


Дар ҳақиқат Иттифоқи нависандагон дар кишвари шӯравӣ нақши мухталиф дошт. Пеш аз ҳама як ҷузъи дастгоҳи идеологии болшевикон буд. Лекин бахусус аз солҳои панҷоҳи садаи бист сар карда, барои дастгирии моддиву маънавии нависандагон, омода кардани шароити кори эҷодии онҳо (чунончи роҳхати кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат додан ба эҷодгоҳҳои Русия, Қафқоз, Қирим, Лаби Балтик ва ғайра), таъмини манзилгоҳ, тарҷума ва чопи осори онҳо ба забони русӣ ва монанди инҳо хеле кӯмак кард. Бунёди адабии Иттифоқи нависандагони Маскав яке аз сарватмандтарин созмонҳо буд.
Имрӯз вазифа ва нақши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хеле дигар шудааст ва бештар хусусияти эҷодӣ касб мекунад. Аз ин рӯ, банда мавҷудияти онро лозим медонам ва узвият дорам. Дуруст аст, ки ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон одамони нолоиқ зиёд қабул шудаанд. Умед аст, ки пешгирии ин ҳол минбаъд бештар муяссар шавад.

Салом кормандони Радиои Озодӣ ва салом ба Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ. Саволи ман ин аст, ки китоби "Фарҳанги забони тоҷикӣ", ки аз қарори маълум бояд аввалҳои имсол дар Теҳрон чоп шавад, чоп шуда ба бозор баромадааст ё не? Чунки мо мехоҳем, онро бихарем.
Муҳаммад аз Теҳрон.


«Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба ду ҷилд бо заҳмати бисёри донишвари Эрон Мӯҳсини Шуҷоъӣ ба форсӣ баргардон ва ба интишороти «Фарҳанги муосир» супурда шудааст. Аз рӯи ваъда соли ояндаи ҳиҷрӣ бояд чоп шавад.

Шумо доим аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҳимоят мекунед ва дар ҳамин мусоҳибаи ахири хеш ҳам бо эҳтироми зиёд аз Раҳмонов ном бурдаед. Ба назари шумо, оё аҳли зиё набояд ҳамеша виҷдони халқ бошанд ва ҳалқро ҳимоя кунанд, на омирону амиронро? Ташаккур.
Ашӯр Назарзода


Сарвари миллатро эҳтиром бояд кард ва дар кори нек дастёри ӯ бояд буд. Банда инро вазифаи виҷдонии худ медонам. Ман на дар ҳаққи ҳар «омиру амир», балки нисбат ба Ҷаноби Олӣ Имомалӣ Раҳмонов эҳтиром арз кардаам. Ба шарофати ғамхорӣ ва сахтгириҳои Ҷаноби Олист, ки «Қонуни забон» барҳам нахӯрд ва мо имрӯз дар роҳи иҷрои он мекӯшем. Он чӣ эшон дар бузургдошти забони модарӣ гуфтанд, банда дар ин умри дарозам аз ҳеҷ як сарвари Тоҷикистон нашунидаам. Камина ба чанд сабаби дигар низ эшонро сазовори ҳурмат медонам.

Ба устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ман чунин савол дорам:
Ман хеле дертар фаҳмидам, ки устод писари қозикалон ва яке аз уламои бузурги пеш аз инқилоби Садри Зиё ҳастанд, ки зикрашон дар "Ёддоштҳо"-и Айнӣ рафтааст. Мо насли навин аз қисмати пас аз инқилобии ин марди бузург огоҳ нестем. Шояд устод чизе дар ин бора навишта бошанд, вале то ба ҳол дастраси мо нагаштааст. Ба гуфтаи бархе сохибназарон Садри Зиё солҳои охири умри худро дар зиндонҳои шӯравӣ пушти сар кардааст. Ба ҳар ҳол маълумоти пурраро мехоҳам аз забони устод бишнавам.
Қаблан сипосгузорам.
Мӯъмин


Ҳазрати қиблагоҳам Садри Зиё ( 1865-1932) саргузашти пурпече доранд, ки сазовори роман аст. Ман ин ҷо имкон надорам, ки лоақал лаҳзаҳои асосии ин саргузаштро баён бикунам. Дар бораи Садри Зиё ҷуз нигоштаҳои устод Айнӣ аз ин асарҳо метавон маълумот пайдо кард: Садри Зиё. Наводири зиёия, Душанбе, Адиб, 1991: Садри Зиё. Тазкори ашъор, Теҳрон, Суруш, 1380 = 2001: Рӯзномаи Садри Зиё. Теҳрон, Маркази аснод, 1382 = 2003: М. Шакурӣ. Садри Бухоро, Теҳрон, Маркази аснод, 1380 = 2002: М. Шакурӣ. Садри Бухоро, нашри дувум, Душанбе, Деваштич, 2005, 325 саҳ.
XS
SM
MD
LG