Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сею ним миллиард $ лозим, то мо сиҳат бошем


Салоҳиддин Миралиев, масъули барномаи давлатии «Ислоҳоти соҳаи тандурустӣ» дар ин робита гуфт, татбиқи се тарҳе, ки аз ҷониби Бонки осиёии рушд сармоягузорӣ мешавад, феълан, шурӯъ шудааст ва лоиҳае, ки сармоягузораш Бонки ҷаҳонӣ аст ва барои беҳбуди соҳаи тандурустӣ дар навоҳии кӯҳистони Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, дар авоили моҳи апрели соли равон шурӯъ хоҳад шуд. Ҷаноби Миралиев мегӯяд, дар маҷмӯъ барои ислоҳоти соҳа дар саросари кишвар то соли 2015, сею ним миллиард $ лозим аст. Ӯ мегӯяд, таъмини дастрасии сокинони деҳот ба хидматрасонии арзону босифати тиббӣ, беҳбуд бахшидани кори хадамоти ёрии таъҷилӣ ва тибби оилавӣ, таъмини беморхонаҳои навоҳии кӯҳистони кишвар бо фанновариҳои муосир ва мутахассисони ботаҷриба аз аҳдофи аслии ин барнома мебошад.

Обида Лаълҷубоева, сокини ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, яке аз мушкилоти аслии соҳаи беҳдоштӣ дар ноҳияи дурдасти Ишкошим нарасидани пизишкон,ва шароити номуносиб дар бунгоҳҳо ва беморхонаи ин ноҳия мебошад. Ӯ гуфт, худи ӯ бино бар маоши ночиз ва шароити номувофиқи корӣ маҷбур шудааст, бо 30 сол собиқаи корӣ дар соҳаи тандурустӣ ҷойи корашро дар беморхонаи марказии ноҳияи Ишкошим тарк кунад. Вай мегӯяд, аммо дар сурати боло рафтани маоши пизишкон ва беҳбудёбии шароити корӣ дар беморхонаи ноҳия, ӯ омода аст, ба ҷойи кори аввалааш баргардад.

Дилором Содиқова, як масъули Бонки осиёии рушд мегӯяд, феълан, як ҳайати дафтари марказии Бонки осиёии рушд дар Душанбе қарор дорад, то ҷараёни иҷрои барномаи мазбур ва масрафи ҳадафмандонаи маблағҳоро зери назар дошта бошад.
XS
SM
MD
LG