Пайвандҳои дастрасӣ

Бозори интернети Тоҷикистон


Шабакаи ҷаҳонии интернет рӯз аз рӯз домани худро дар Тоҷикистон паҳн мекунад. Феълан, дар бозори интернети ин кишвар 19 ширкат фаъолият дорад ва ин дар ҳоле, ки соле қабл ин теъдод танҳо 12-ро ташкил медод. Вазорати алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, шумори истифодабарандагон низ қариб ҳамарӯза меафзояд. Бар қавли ин ниҳод, айни ҳол ҳамаи ин ширкатҳои интернетӣ ҳудуди 20.000 истифодабарандаи сабти ном шуда ва ё доимӣ доранд. Аммо дар маҷмӯъ, феълан, беш аз ним миллион нафар дар Тоҷикистон бо Интернет сарукор доранд.

Бо боло рафтани теъдоди ширкат ва истифодабарандагон рақобат низ дар бозори интернет афзудааст. Ин ширкатҳо талош мекунанд, ки бо ҳар гуна васила муштариёнро ба худ ҷалб намоянд ва аслан, нархҳоро коҳиш медиҳанд ва хидматрасонии худро беҳтар месозанд. Бинобар ин, нархи дастрасӣ ба Интернет бавижа дар як соли ахир ба таври назаррас поин фаромадааст. Барои мисол, агар соле қабл соати истифода аз интернет дар марказҳои интернетӣ аз 3 то 7 сомониро ташкил медод, имрӯз, як соати интернет вобаста ба соати рӯз ва сифати он аз 1 то 4 сомон аст.

Ширкатҳои интернетӣ ду тарзи васлшавӣ ба интернетро ба муштариёни худ пешниҳод менамоянд, яке, тариқи телефон, ва дигар, иртиботи мустақим бо Интернет. Аммо истифодаи як соати Интернет тавассути телефон аз 50 дирам то 3 сомонӣ арзиш дорад, албатта, ин ҳам вобаста ба соати рӯз аст, яъне муштарӣ метавонад, баъд аз соати 6 ва ё 8 бегоҳ то нимашаб аз интернет нисбатан арзон ва ё умуман ройгон истифода барад. Аммо иртиботи мустақим, ки аз он аслан, созмонҳову ширкатҳои бузург истифода мебаранд, гаронтар аст, ва суръати ин тарзи васл ба маротиб баландтар аст.

Тарзи дигари иртибот бо тӯри ҷаҳонӣ дар хона, истифода аз кортҳои интернетӣ мебошад. Ҳар як корт вобаста ба муддаташ аз 3 то 100 доллар нарх дорад. Аммо ин мусоҳибам, ки аз манзилаш ба интернет пайваст аст, мегӯяд, кӯшиш мекунад, хеле сарфакорона кор барад:

«Интернети мо бо телефон пайваст мешавад. Дар як моҳ танҳо маблағи телефон 60-70 сомонӣ мешавад, вале ба фикрам, ин меарзад, барои он, ки ман аз тамоми ахбори ҷаҳон хабардор мешавам. »

Аксари истифоабарандагони интернет дар Тоҷикистон тавассути марказҳои интернетӣ ба он дастрасӣ пайдо мекунанд. Танҳо соле қабл дар пойтахт зиёда аз 200 марказ фаъолият мекард ва бо афзоиши истифодабарандагон аз эҳтимол дур нест, ки шумори чунин марказҳо ҳам боло рафта бошанд. Гуфта мешавад, теъдоди аъзами истифодабарандагони ин шабакаи сартосариро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ба гуфтаи худашон, онҳо дар як рӯз аз 5 то 20 сомониро барои интернет сарф менамоянд.
XS
SM
MD
LG