Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Турфа шогирде...


Ин мусобиқа бо ширкати беҳтарин шатранҷбозони манотиқи гуногуни Тоҷикистон дар толори мактаби шоҳмоти Душанбе нӯҳ рӯз идома дошт. Фурқат Раҳимов, толибилми мактаби рақами 21-и пойтахт дар нӯҳ бозӣ ҳафт имтиёз ба даст овард. Шоҳмотбози шинохта Рашид Ҳусейнов, раиси мактаби шоҳмоти Душанбе низ соҳиби ҳафт имтиёз шуд. Вале аз рӯи нишондоди иловагӣ Фурқат Раҳимов мақоми аввал ва устодаш Рашид Ҳусейнов мақоми дувумро ишғол карданд. Шатранҷбозон Илҳом Юнусов ва Владимир Кан бо шашунимимтиёзӣ мутаносибан дар мақоми севуму чаҳорум қарор гирифтанд.

Шатранҷбоз Лидия Антонова, мураббии мактаби шоҳмоти Душанбе дар сабқати занон бар ҳамаи ҳарифони худ дастболо шуда, бо ҳафт имтиёз соҳиби мақоми аввал гардид. Варзишгарони наврас -- Асила Мӯҳтоҷева бо шаш имтиёз мақоми дувум ва Меҳрангез Раҳматова бо панҷ имтиёз ҷойи севумро гирифтанд. Ёқуб Раҳимов, ноиби раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳашт шоҳмотбози беҳтарин дар дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон, ки аз 18 феврал то 3 март дар пойтахт доир мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Ёқуб Раҳимов, ҳамчунин иттилоъ дод, ки аз рӯзҳои наздик дар шаҳри Тошканд мулоқоти масъулони FIDE - Созмони байналмилалии шоҳмот бо раҳбарони федератсияҳои шоҳмоти кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Дар ин мулоқот вазъи шоҳмот ва рушди минбаъдаи он дар минтақа баррасӣ хоҳад шуд. Ёралӣ Кукузов, раиси Федератсияи шоҳмоти кишвар ва Ёқуб Раҳимов дар ин нишаст аз Тоҷикистон намояндагӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG