Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти тоҷик дар солҳои ҷанги дохилӣ


Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон ба пайкари журналистикаи тоҷик зарбаи ҷонкоҳе зад, ки асари он то кунун эҳсос мешавад. Ин даврае буд, ки дар Тоҷикистон силоҳ бар қалам бартарӣ касб карда, даҳҳо тан аз хабарнигорон ҳадафи тири гурӯҳҳои силаҳбадаст қарор гирифтанд. Дар тирамоҳи соли 1992 расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ба шумули «Чароғи рӯз», «Адолат», «Сухан», «Ҳафт ганҷ» бо сабаби набуди амният аз нашр бозмонда, сипас бо амри додситонии кулли Тоҷикистон дар соли 1993 нашри минбаъдаи онҳо расман манъ гардид. Бархе аз журналистони озодандеши тоҷик аз сӯи мақомоти давр боздошт гардида, муддатеро дар зиндонҳо сипарӣ карданд. Бархе дигар аз рӯзноманигорон аз Тоҷикистон ба гӯшаву канорҳои ҷаҳон фирор намуданд. Хуршеди Атоулло - журналисти тоҷик : «Журналистикаи давраи ҷанги шаҳрвандиро метавон давраи канда шудани ҳалқа байни журналистони то соли 1992 ва давраи баъдина номид. Яъне, ҳамон анъанаи деринае, ки аз солҳои шаст як насли журналистонро ба насли дигар пайванд медод, гусаста шуд. Ба ҳамин боис агар бигӯем, журналистоне, ки баъди давраи ҷанги шаҳрвандӣ омаданд, бе устоду бе раҳнамоии шахсиятҳои огоҳ аз таърихи журналистикаи тоҷик ба майдон дохил шуданд, шояд хато накунем.»
Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ радио ва телевизиони давлатии Тоҷикистон ягона манбаъи хабарии дохилие буд, ки фаъолияташ ба сурати доимӣ давом дошт. Дар як муддати кӯтоҳ , аз моҳи май то декабри соли 1992 телевизион ва радиои давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба дасти ҳукумати мусолиҳаи миллӣ гузашт ва аз ҷониби бархе аз раҳбарони радиову телевизион кӯшиши ҷорӣ намудани тартиби нави кор сурат гирифт.
Бо шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1992, мегӯяд Турко Дикаев, хабарнигори мустақили тоҷик, дар минтақаи Кӯлоб танҳо як нашрия ба дасти чоп мерасид -- «Кулябская правда»: «Нашрияҳои расмии чопи Душанбе то Кулоб намерасиданд. Зеро минтақаи мо дар инҳисор қарор дошт,-- мегӯяд Турко Дикаев - Дар ин ҳол манбаъи ягонаи иттилоъотӣ телевизион маҳсуб мешуд, аз ҷумла шабакаҳои телевизионии Русия, аммо шабакаҳои Русия бо матолиби худ ба бештар муташанниҷ сохтани авзоъ мекӯшиданд ва нашрияи мо борҳо зидди матолиби онҳо раддия пахш мекард.»
Дар соли 1992 дар минтақаи Кӯлоб нирӯҳои Фронти халқӣ пахши барномаҳои радиову телевизиони Тоҷикистонро боздошта, фазои иттилоъотиро ба ихтиёри телевизиони маҳаллӣ супурда буд. Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ , дигар аз хабарнигорони мустақил дар Кӯлоб меафзояд «Тамоми журналистоне, ки дар
он давра дар нашрияҳои давлатии Кӯлоб кор мекарданд, мутаассифона, дар он давра дар минтақа расонаҳои ғайридавлатӣ назарҳояшон ба ҳукумати
ондавраи вилоят мувофиқ буд. Ва чанд нафаре ҳам, ки назари дигар доштанд, барвақт Кӯлобро тарк гуфтанд ва ҷонҳои худро халос карданд.»
Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ вилояти Суғд як минтақаи нисбатан амн дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт ва радиову телевизион ва нашрияҳои маҳаллӣ ба таври нисбатан муназзам нашр мешуданд. Аммо дар онҳо ба ҷуз аз матолиби расмии кӯтоҳ дигар чизеро дар бораи ҳодисаҳои Тоҷикистон дарёфтан амри маҳол буд. Ва аз навиштаҳои нашрияҳои ондавраии Суғд хонандаи ноогоҳ чунин дармеёфт, ки д ар Тоҷикистон гӯё ҳодисае рух надода, зиндагӣ ба ҳоли пешин ба маҷрои худ оромона равон аст. Бо истифода аз ин ҳолат фазои иттилоъотии минтақаи шимолии Тоҷикистонро радиову телевизионҳои Узбакистон пурра ба даст гирифта буд. Абдувосит Салимзода, хабарнигори Суғд: «Сокинон асосан аз ҳодисаҳои доғи Тоҷикистон асосан аз тариқи матолиби дур аз ҳақиқат ва якҷонибаи радиову телевизионҳои Узбакистон огаҳӣ пайдо мекарданд, ки сокинони Суғд тақрибан дар саросари вилоят дастрасӣ доштанд. Ҳатто чунин гуфта мешуд, дар Тоҷикистон вазъияте ба амал омадааст, ки ин давлат дигар оянда надорад ва сокинонашро ояндаи даҳшатборе дар интизор аст ва ягона роҳи наҷот -- рӯ ба Узбакистон овардан ва пайваст шудан ба он аст.»
Ва аммо гаронбаҳотарин талафоте, ки журналистикаи тоҷик дар давраи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 додааст, ин буда, ки даҳҳо нафар рӯзноманигорон дар пайи фаъолияти касбӣ ва бар асари ошӯбҳои замона аз сӯи силаҳбадастони бебасар кушта шуда, то кунун дарду доғҳое дар синаи ҳамкасбони худ боқӣ гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG