Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯмаки сафорати Амрико ба атфоли "Чорбоғ"


Ин кӯмакҳоро, ки иборат аз либосҳои гарм, кату рахти хоб, афзори шустушӯӣ барои як сол, бозича, ашёи хониш ва анвои хурданӣ иборат аст, Ричард Ҳоугленд, сафири Амрико дар Тоҷикистон, ба маъмурияти литсей-парваришгоҳи ҷумҳуриявии атфоли маюб, воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе супорид.
Ҷаноби Хоугленд дар маросими супурдани кӯмаки мазкур гуфт, сӯхторе, ки 8 январи соли равон дар парваришгоҳи кӯдакони маълули «Чорбоғ» рух дод ва боиси марги 13 кӯдак шуд, ҳукумату мардуми Амрико ва шахсан ӯро басо нороҳат кардааст. Оқои Ҳоугленд афзуд:
"Дар баробари кӯмакҳое, ки сафорати Амрико аз ҳисоби захираҳои худ дар ихтиёри шумо мегузорад, ҳамчунин мардуми Амрико барои шумо як миқдор сарулибоси гарм фиристодаанд ва имрӯз мо мехоҳем онҳоро низ дар ихтиёри шумо гузорем. Ҳачунин бо мусоидати сафорати Амрико як ҳайати муҳандисони амрикоӣ омадаанд, то вазъи сохтмони парваришгоҳи "Чорбоғ"-ро пас аз сӯхтор омӯзанд ва омодаанд, ин сохтмонро таъмиру барқарор намоянд". Ричард Ҳоугленд, сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, "Қарор аст, ҳукумат ва сафорати Амрико, дар оянда низ ирсоли кӯмакҳои худро аз қабили хурданӣ ва сарулибос, доруворӣ ва дигар маводи зарурӣ идома диҳад, зеро ҳукумат ва мардуми Амрико ба ҳар нафар, дар ҳама гӯшаву канори дунё, ки ба пуштибонӣ ниёз дорад, кӯмаки дареғ намедорад".
Зокир Вазиров, Вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, бо изҳори сипос аз кӯмакҳои ҳукумати Амрико ва барномаи хайрияи Counterpart International гуфт: "Ҳайати муҳандисони амрикоӣ, ки зимни сохтмони пули миёни Тоҷикистон ва Афғонистон аз парваришгоҳи «Чорбоғ» дидан карда буданд. Ва агар онҳо дар барқарорсозии сохтмони парваришгоҳ ҳам кӯмак мекарданд, мо миннатдор мешудем".
Ёдовар мешавем, 8 январи соли 2006 бинои парваришгоҳи атфоли маълули «Чорбоғ» дар Душанбе бо иллатҳои техникӣ оташ гирифт, ки дар натиҷа 13 кӯдак ҷони худро аз даст дод. 78 тифли наҷотёфта феълан муваққатан, дар дигар лисей-парваришгоҳи ҷумҳуриявии кӯдакони маъюб ҷой дода шудаанд.
XS
SM
MD
LG