Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cе фарзияи куштори Ҳокимшо Ҳафизов


Кушта шудани Ҳокимшо Ҳафизов, раиси донишкадаи низомии Тоҷикистон ва тағйиротҳои кадрӣ дар ҳайати кобинаи ҳукумат аз мавзӯъоти рақами аввали нашрияҳо дар ин ҳафта буд. Рӯзномаҳои ҳукуматии «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва ҳамчунин «Минбари халқ» аз ҷаласаи ахири ҳукумати Тоҷикистон ва тағйироти кадрӣ дар ҳайати ҳукумат гузоришҳо таҳия кардаанд. Ва аммо аз қатли генерал Ҳокимшо Ҳафизов, раиси Донишкадаи низомии Тоҷикистон ҳеҷ як аз расонаҳои гурӯҳии ҳукуматӣ иттилоъ надодаанд. Нашрияи мустақили «Миллат» хомӯшии расонаҳои дохилӣ, ба вижа Телевизиони давлатии Тоҷикистонро дар мавриди кушта шудани генерал Ҳафизов маҳкум карда ва навиштааст: «Масъулини телевизиони Тоҷикистон ҳанӯз ҳам бинандаро бо усули коммунистӣ, ки мегуфтанд дар ҳодисаи Чернобил танҳо як нафар зарар дидааст ва дар ҷанги Афғонистон касе кушта нашудааст, гӯл мезананд». «Миллат» куштори генерал Ҳафизовро «кори дасти душманони амният ва суботи Тоҷикистон» номида, гуфтааст, тайи панҷ соли ахир ин нахустин куштори мақоми баландпоя дар Тоҷикистон буда ва боиси пайдоиши ҳарос дар зеҳни мардум шудааст. «Asia-Plus» се фарзияи қатли раиси Донишкадаи низомии Тоҷикистонро овардааст. Фарзияи аввали нашрия ин аст, ки эҳтимол дар куштори генерал Ҳафизов собиқ ҳамхидматони низомияш даст доранд. Ҳокимшо Ҳафизов дар солҳои 1993-1996 масъули ситоди фирқаи полковники бенишон Маҳмуд Худойбердиев будааст, вале даъвати Худойбердиевро дар мавриди ғасби ҳукумат рад кардааст. Фарзияи дуввуми «Asia-Plus» - қатли генерал Ҳафизов амалиёти тахрибкорист, ки барои ташаннуҷи авзоъи кишвар дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳур равона шудааст. Ва фарзияи сеюми куштор – хусумати шахсист, яъне генерал Ҳафизов, ки роҳбари як донишкадаи бонуфуз буд, эҳтимол рақибони зиёд дошта ва аз барои мансабаш кушта шудааст. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» хабар додааст, ки ҳафтаи гузашта як узви дастгиршудаи Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон аз боздоштгоҳи муваққати шаҳри Қайроққум фирор кардааст. Шаби 25-уми январи соли равон ду шаҳрванди номаълум ба боздоштгоҳи муваққати Қайроққум омада ва ба кормандони пулис ҳамла мекунанд, дар натиҷа як корманди ин боздоштгоҳ ба ҳалокат мерасад. Мақомоти Тоҷикистон муайян кардаанд, ки ҳамлагарон низ аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон будаанд. Ҳамакнун як гурӯҳи зудамал бо роҳбарии муовини вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов ҷинояткоронро ҷустуҷӯ мекунад. Ҳафтаномаи «Вароруд» аз худкушии се сокини вилояти Суғд дар ҳафтаи гузашта иттилоъ додааст. Муаллифи ин матлаб навиштааст, ки сабаби асосии худкушии шарҳвандон зиллату хушунати хонаводагист. «Вароруд» аз қавли мақомоти додситонии вилояти Суғд навиштааст, танҳо дар соли 2005 дар қаламрави ин вилоят 140 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол нашрияи «Asia-Plus» навиштааст, ки барои нахустин бор дар Тоҷикистон як Мактаби махсуси омода кардани ҷондорон таъсис ёфтааст. Ба иттилоъи ин ҳафтанома, ҳамакнун ҳар шаҳрванд метавонад аз хизматрасонии ҷондорони ин хадамот истифода кунад. Ҳафтаномаи «Наҷот» баёнияи раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Сайид Абдуллоҳи Нуриро ба чоп расонидааст. Ҷаноби Нурӣ ба нашр расонидани 12 расми истеҳзоомез ба паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ва ба унвони як намунаи террористи исломӣ талаққӣ шудани ӯ аз сӯйи рӯзномаи «Posten-Jullands»-и Данияро таҳқири олами маънавӣ номидааст. Дар матлаби мазкур омадааст: «Бешубҳа, сар задани ин гуна амалҳо дар оянда метавонад омили асосии эҷоди хушунат ва нофаҳмиҳо миёни пайравони адёни гуногун бошад». Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мусоҳабаи Шералӣ Гулов, раиси Кумитаи амволи давлатиро интишор кардааст. Дар ин мусоҳаба Шералӣ Гулов мегӯяд, ояндаи наздик таҷдиди сохтории чанд корхонаи азими Тоҷикистон ба мисли «Тоҷиксемент», ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикистон», корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва муассасаи давлатии «Тоҷикгаз» дар назар аст. Қарор аст, ин корхонаҳо низ ба фурӯш монда шаванд. Ба иттилоъи ҳафтанома, то ин замон дар Тоҷикистон ҳудуди ҳашт ҳазор корхона хусусӣ шудааст. Нашрияи порлумони Тоҷикистон «Садои мардум» дар шумораи ахири худ навиштааст, ки як ширкати бонуфузи сохтмонии Туркия бо номи «Энка» дар бунёди силсилаи иншоотҳои азим дар Тоҷикистон саҳм мегузорад. Дар ин матлаб омадааст, ки ширкати мазкур якҷо бо ширкати «РусАл» дар шаҳри Душанбе як меҳмонхонаи панҷситорадор сохта ва ҳамзамон азм дорад дар соли ҷорӣ се меҳмонхона ва корхонаи ресандагӣ бунёд кунад. Дар сурати сохта шудани ин иншоотҳо ҳудуди шаш ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд. Ҳамзамон бино ба навиштаи «Садои мардум», Туркия омода аст барои сохтмони се ниругоҳ дар Тоҷикистон сеюним миллиард доллари амрикоӣ ихтисос диҳад. Рӯзномаи «Минбари халқ» аз эҳтимоли ба мавзеъи дигар кӯчонида шудани бозори «Баракат» хабар медиҳад. Бозори «Баракат» соли 1930 дар маркази шаҳри Душанбе сохта шуда ва ҳамакнун дар яке аз маҳаллаҳои дигари пойтахт барои бинои нави бозор замин ҷудо гардидааст. Нашрияи «Вечерний Душанбе» аз рабуда шудани тасвири наққошии рассоми олмонӣ Ниссен бо номи «Модару кӯдак» хабар додааст. Ҳафтанома навиштааст, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз Интерпол дархост кардааст, то дар ҷустуҷӯи ин асари пурарзиши фарҳангӣ ҳамдастӣ кунад. Асари мазкур дар соли 1878 эҷод шуда, аз гаронтарин тасвирҳои наққошӣ дар Осорхонаи миллии ба номи Беҳзоди шаҳри Душанбе будааст.
XS
SM
MD
LG