Пайвандҳои дастрасӣ

Тағйироти ахири кадрӣ дар мақомоти Тоҷикистон


Дар пайи натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат дар соли гузашта бо дастури сардори давлат бархе аз нафарони масъул аз вазоиф барканор шуданд. Ҳарчанд фаъолияти ҳукумат дар соли гузашта ба таври умум қаноатбахш арзёбӣ мешавад, аммо ҳамзамон дар баёнияе, ки аз сӯи дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурӣ дар ин замина нашр гардид, яке аз сабабҳои тағйироти ахири кадрӣ дар мақомот ошкор шудани камбуд ва норасоӣ унвон шудааст.

Яке аз тағйироти ҷиддии ахири кадрӣ дар ҳукумат барканории раис ва муовинони раиси ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон аст. Ба эътиқоди коршиносон, бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, ки фаъолияти ин ширкат аз сӯи сафирони кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд, интизор мерафт, ки раҳбарони ин муассисаи давлатӣ иваз карда мешаванд. Мирзошариф Исломиддинов - раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, иваз кардани роҳбарони ин муассисаи давлатӣ бар манфиати кор хоҳад буд. Зеро ба гуфтаи оқои Исломиддинов, раиси пешини ширкати ҳавопаймоӣ натавонистааст фаъолияти ин муассисаро ба таври шоиста роҳандозӣ кунад: "Дар ширкати давлатии ҳавопаймоӣ камбудиҳо ҷой доштанд. Дар масъалаҳои ташкилӣ, фароҳам овардани шароит барои мусофирин ва дигар масъалаҳо камбудиҳо зиёдтар буданд. Ба фикрам, Ҳокимшо Тиллоев - раиси нави ин ширкат як шахси ниҳоят ташаббускор буда, аз ӯҳдаи рафъи ин мушкилот мебарояд."

Ҳамзамон оқои Исломиддинов ба вазифаи намояндаи иқтисодии Тоҷикистон дар Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё ва Шӯрои иқтисодии Давлатҳои Муштаракулманофеъ таъйин шудани Файзулло Холбобоев - собиқ мушовири давлатии раиси ҷумҳурӣ дар бахши иқтисодро низ як иқдоми саривақтӣ арзёбӣ кард. Ба эътиқоди раиси кумитаи Маҷлиси Намояндагон, оқои Холбобоев аз мутахассисини варзида дар тими иқтисодии раиси ҷумҳур аст ва дар марҳалаи кунунӣ, ки нақши созмони иқтисодии АвроОсиё дар иқтисоди кишварҳои узв бештар мешавад, ӯ метавонад манфиати бештаре биоварад.

Аммо ба андешаи бархе аз таҳлилгарони тоҷик, бархе аз таъйинотҳои ахири кадрӣ дар вазоифи давлатӣ на аз рӯи кордонӣ ва ҳирфаӣ будани афрод балки дар заминаи қаробат ва наздикӣ бо мақомоти аввал сурат гирифтааст.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, таҳлилгари тоҷик аз маркази таҳлилии мавсум ба "Диалог" бар ин назар аст, ки таъйини Матлубхон Давлатов - собиқ раиси Кумитаи назорати молии давлатӣ ба мақоми мушовири давлатии раиси ҷумҳур дар сиёсати иқтисодӣ аз ҷумлаи чунин таъйинот аст: "Ман бештар ба ин ақидаам, ки дар умум агар баҳогузорӣ шавад, ба чунин як шакл ва услуби таҳаввулоти кадрӣ дар баъзе аз зинаҳои сохторӣ ва ҳукуматҳои маҳалл ҳеҷ гуна муваффақият ва пешравии иқтисодӣ чашмдор шудан баъид ба назар мерасад. Яъне услуби таъйинот ва пешниҳоди кадрӣ дар низоми давлатдории мо комилан ҷавобгӯ нест. Ин як меъёри аз зовияи маҳал ва наздикони хешро ба вазоиф мансуб кардан рад карда намешавад. Ман дар мавриди мушовири сиёсати иқтисодӣ таъин шудани Матлубхон Давлатов аз лиҳози иқтисодӣ аз қавли иқтисодшиносҳо ҳаминро метавонам бигӯям ,ки ӯ ҳеҷ салоҳияти иқтисоди надорад. Дар ҳоле ,ки ӯ чунин аст чи гуна метавонад машваратгари иқтисодии сардори давлат бошад.Инро албатта танҳо аз рӯи наздик будан бо мақоми аввали кишвар баҳогузорӣ метавон кард."

Аммо ба ақидаи Комёб Ҷалилов, таҳлилгари дигари тоҷик, ин ҳаққи раиси давлат аст ва барои ӯ бештар рӯшан аст, ки кадом узви ҳукумат ва тими ӯ дар кадом мансаби давлатӣ хубтар фаъолият хоҳад кард. Оқои Ҷалилов гуфт, ҳар навъи таҳаввул дар ислоҳоти сохтори давлатӣ танҳо ба хотири беҳбуд бахшидан ба фаъолияти ҳукумат ва иҷрои барномаҳои он равона шудааст: "Ҳар як таҳаввулот ҳатман ҷиҳати мусбат дорад.Ва албатта, тағйироти кадрие, ки ҳам шуд, ҳатман як таҳаввулоти мусбат дар пай хоҳад дошт." Ҳамзамон оқои Ҷалилов таъкид кард, ки дар шароити марҳалаи гузариш ба иқтисоди озод ҳукумат ногузир мешавад дар сохтори идорӣ ислоҳот ворид кунад. Вале мегӯяд оқои Ҷалилов, бархе аз вазоратҳои кишвар ҳамоно дар қолаби шӯравии пешин фаъолият мекунанд, ки як мониаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодии кишвар мешаванд.

Мизошариф Исломиддинов - раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ислоҳоти ахир дар сохтори давлатӣ аз сӯи раиси ҷумҳурро як иқдоми мусбат арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, бештари афроде, ки ба масъулиятҳои давлатӣ мансуб шудаанд, афроди мутахассис, корсоз ва соҳибтаҷриба мебошанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳангоми натиҷагирӣ аз фаъолияти раиси пешини ноҳияи Спитамен дар вилояти Суғд бо таассуф ва пушаймонӣ изҳор дошт, ки дар интихоб ва таъйини ӯ ба ин мақом иштибоҳ рух додааст. Ҳамакнун фаъолият ва кордонии афроди тозаинтихоб ва вақт довар хоҳад буд, ки чунин таассуф ва пушаймонӣ такрор нашавад.
XS
SM
MD
LG