Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳои тими футзоли Тоҷикистон


Бино ба иттилои мураббии ин даста Дамир Камолиддинов марҳилаи аввали омодагиҳо ба Ҷоми Осиё рӯзи 1 феврал шурӯъ шуд. Вай мегӯяд: « Барои ширкат дар ҷамъомади таълимию тамринӣ бист номзад даъват шудаанд, ки бозигарони дастаҳои ХИМА, «Телеком текнолоҷӣ», «Евросоюз» ва дигар тимҳои лигаи олии кишвар мебошанд. Беҳтаринҳо дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳаштумин мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар пойтахти Узбакистон - Тошканд ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.»

Дамир Камолиддинов дар идома иброз дошт, дастаи Тоҷикистон, ки соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни ҳафт тими зӯртарини қорра ҷой гирифт, бидуни бозиҳои интихобӣ барои ширкат дар давраи ниҳоии Ҷоми Осиё - 2006 роҳ ёфтааст. Бар иловаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа бидуни бозиҳои интихобӣ боз 12 тими футзоли кишварҳои Эрон, Ҷопон, Қирғизистон, Узбакистон, Тайланд, Кувайт, Чин, Фаластин, Ироқ, Индонезия, Тайван ва Лубнон ширкат меварзанд.

Ва се дастаи дигари ширкаткунандаи давраи ниҳоии Ҷоми Осиё дар бозиҳои интихобии гурӯҳӣ муайян хоҳад шуд. Ба гурӯҳи А -- тимҳои мунтахаби Қатар, Туркманистон ва Австралия, ба гурӯҳи В -- Вйетнам, Камбоҷа, Малайзия ва ҷазираҳои Малдив ва ба гурӯҳи С -- Куриёи Ҷанубӣ, Ҳонконг, Макао ва Куриёи Шимолӣ дохиланд. Сабқати гурӯҳҳои А ва В дар Малайзия ва гурӯҳи С дар Макао доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG