Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзиш дар Тоҷикистон


Ба фикрам, ба ин савол ҷавоб додан чандон осон нест, зеро бояд дид, ки беҳбуди варзишро мо дар чӣ чиз мушоҳида мекунем. Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Олимпӣ ва ҷаҳонӣ иштирок мекунанд, вале то ҳоло ягон дастоварди калон надоранд. Аммо иштироки онҳо дар ин мусобиқаҳо низ як пешравист. Бояд ба чанд чиз эътибор дод. Аввал ин ки маҷмӯъаҳои варзишӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли хуб нестанд ва бисёр каманд. Дигар ин ки тарбияи варзишгарони наврас бо услуби куҳна пеш бурда мешавад.Ниҳоят, бисёр варзишгарони касбӣ Тоҷикистонро тарк кардаанд ва ҳукумат барои бозгардони онҳо коре намекунад. Онҳо аз номи дигар кишварҳо дар мусобиқаҳо иштирок мекунанд. Пас, варзиши тоҷик пешрафт дорад, аммо ин пешрафт ба меъёрҳои ҷаҳонӣ баробар нест.
Саломат бошед.
Карим

Дуруд бар варзишгарон ва дӯстодорони варзиш!
Варзиш ҳам имрӯз як қудрат ё як роҳест барои муаррифии кишвари худ дар саҳнаи байнулмилал.
Вале ҳамчунон ки имрӯз мо шоҳидем, фасод дар Тоҷикистон на танҳо идораҳои давлатӣ ва донишгоҳҳоро заъиф кардааст, ба ба варзиш низ таъсири амиқе гузоштааст.
Масалан, командир омадааст ва раиси федератсия шудааст. Ҷангсолорон аз ҳам ҷо ронда мешаванд, вале на аз ниҳодҳои марбут ба варзиш.
Ҳар кас бояд дар ҷои худ бошад. Шояд он гоҳ пешрафте ба даст ояд. Дар ҳоли ҳозир ман пешрафти муҳиме дар варзиши Тоҷикистон намебинам.
Бо эҳтиром
Ҷамшед


Ман ба ақидаи бародар Мӯъмин комилан мухолифам. Ирода ба пирӯзй дар варзиш ба иқтисодиёт, ё таъмини молй кам бастагй дорад. Ин ҷо рӯҳи тавоно ва азхудгузаштагӣ зарур аст. Варзишгарони мо, афсӯс, аз инҳо маҳруманд, дар ҳоле ки барои кишварҳои хурде монанди Тоҷикистон варзиш метавонист, як мояи шӯҳрат гардад. Дар Кения, ё Нигерия вазъи иқтисодй чандон хуб нест, аммо бубинед, чӣ қадар қаҳрамонон аз он ҷо бархостаанд.
Ашӯр Назарзода, Лаҳистон

То он замоне, ки иқтисодиёти Тоҷикистон хуб тараққӣ накунад ва миёни мардум камбизоатӣ каме ҳам бошад, бартараф нагардад, гумон намекунам, ки мо дар арсаи ҷаҳонӣ дар соҳаи варзиш ва дигар соҳаҳо ба муввафақиятҳои назаррас ноил гардем. Ба муввафақиятҳо агар ноил гардем, ин шарафи мост.Ба варзишгарон саломатӣ хоҳонам.
Мӯъмин

Салом ба кулли кормандони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ! Ман худ дар гузаштаи дур варзишкор, машғули омӯхтани банду усулҳои гуштии тарзи озод будам. Вале аз соли 1995 ба ин сӯ ба ин намуди гуштӣ шуғл наварзидам. Новобаста ба синну сол (28 сол дорам) дар соли гузашта хостам бори дигар худро санҷам. Хушбахтона, намояндаи мактаби СССР дар набардҳои танбатани натиҷаҳои хуб нишон дод. Вале баъди чанд моҳи машқ гуштиро партофтам. Сабаб дар он буд, ки дар толоре, ки ман машқ мекардам, қариб аксарият ба касалиҳои пӯст гирифтор буданд. Сафеда, хоришак, намедонам боз чизи дигар. Хуб мешуд, агар раҳбарияти кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ба ҳолати санитарии ин машқгоҳҳо эътибор медоданд. Ва ҳамзамон фаъолияти нуқтаҳои тиббии назди хар муасисаи варзиши фаъолтар мешуд.
Умед

Салом ба кормандони радиои Озодӣ ва ҳамаи мухлисони варзиш!
Ба ақидаи ман, варзиш дар Тоҷикистон пешрафт дорад ва иншоаллоҳ, умедворам, ки мо меваҳои ин пешрафтро дар солҳои оянда хоҳем чашид. Як мушкили асосӣ ин аст, ки вазъи иқтисодии варзишгарони тоҷик хуб нест. Агар ба рушди варзиш дар кишвар маблағи бештар сарф шавад, ман бовар дорам, варзишгарони мо ба зудӣ номи Тоҷикистонро дар тамоми дунё машҳур мекунанд.
Ман худ ҳаводори ашаддии футболам ва мехоҳам, футболи тоҷик ба дараҷаи олӣ пешрафт кунад. Орзу дорам баъд аз чор соли дигар дастаи миллии футболи Тоҷикистонро дар сабқатҳои ҷаҳонӣ бубинем.
Бояд ҳама корро кард, ки сатҳи футбол дар Тоҷикистон ба сатҳи бозии монанд ба Барселона, Ювентус, Милан, Манчестеру Арсенал расад.
Ҳукумат бояд фаҳмад, ки варзиш метавонад ба кишвар обрӯи байнулмилалӣ орад, Тоҷикистону тоҷиконро номдор кунад. Барои ин бояд ба соҳаи муҳим сармоягузорӣ кард.
Саломат бошед.
Ҷовидон
XS
SM
MD
LG