Пайвандҳои дастрасӣ

Занҷираи Теҳрон - Кобул - Душанбе


Тавқифи сафари Карзай ба Теҳрон

Ҳафтаномаҳо сари мавзӯъи сафари барпонашудаи Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон ба Теҳрон бештар ҳарф ва тахмин мезаданд. Нашрияҳои чопи Душанбе ба далели расмии мавқуф мондани ин сафар, ки фаннӣ арзёбӣ шуда буд, шиддати тирагии муносиботи Иронро бо ҷомеаи Ғарб, бавижа Амрико, ки сармоягузори аслии барномаҳои зиёде дар Афғонистон мебошад, илова кардаанд.

Шореҳи кобулии «Азия - Плюс» аз вокунишҳое дар долонҳои сиёсии Кобул навиштааст, ки гуфтаанд, сиёсати берунаи Ирон набояд монеъи густариши ҳамкориҳои Афғонистон бо ин кишвар бошад.

Ҳафтаномаи «Миллат» гуфтааст, ин Афғонистон аст, ки ба густариши муносибот ва кӯмакҳои фанниву амниятии Ирон ниёз дорад, то Ирон ба Афғонистон.

«А-П» бо такя ба омор Иронро сармоягузори рақами яки имрӯзи иқтисоди Афғонистон номида ва шуморе ҳам овардааст, ки танҳо табодули коло дар соли гузашта миёни ин ду кишвар ним миллиард долларро ташкил дода буд. Ин нашрия тавқифи сафари Карзай ба Теҳронро садде дар равобити Ирону Афғонистон номидааст.

Иттиҳоди се кишвари форсизабон

Ба ҳар навъ, Ҳомид Карзай эълом дошт, ки пас аз конфронси кишварҳои сармоягузори Афғонистон дар Лондони Бритониё ӯ ба Ирон барои анҷоми сафари расмӣ меравад. Ва мавзӯъи дигари матолиби нашрияҳо иттиҳоди эҳтимолии мамолики форсизабон буд.

«Вечерний Душанбе» аз қавли Сӯҳроб Шарифов, мудири маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон таъсиси чунин як иттиҳод миёни Ирону Афғонистону Тоҷикистонро аз эҳтимол дур донистааст. Заминаи таъсиси ҳар гуна иттиҳодҳоро ҷаноби Шарифов дар суботи сиёсиву иқтисодӣ арзёбӣ кардааст, ки ба гуфтаи ӯ, вазъи Афғонистон ба ин меъёр посух намегӯяд.

Ва аммо Сайфулло Сафаров, муовини оқои Шарифов дар маркази тадқиқоти стратегӣ дар нашрияи «Миллат», мероси муштараки фарҳангиро заминаи ҳамгироии иқтисодӣ гуфтааст. Ҷаноби Сафаров дар матлаби худ, ки як саҳифаи комили нашрияро ишғол кардааст, навиштааст, бояд ки барномаҳои муштараки фарҳангӣ пиёда намуд ва ба ин барномаҳо доираҳои форсизабони Узбакистону Покистону Ҳиндустонро низ ҷалб сохт. Оқои Сафаров, мардуми Ирону Афғонистону Тоҷикистонро аслан як мардум номидаву гуфтааст, садсолаҳои ҷудоӣ аз якдигар ин ягонагиро натавонистааст, зудояд.

Ирон ва барномаи ҳастаии он

Дар мавриди фишори Ғарб ба Ирон барои барномаҳои ҳастаияш, Сӯҳроб Шарифов, мудири маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, «Мо дар заъфи Ирон манфиатдор нестем». Оқои Шарифов, ки суханони ӯро «Вечерний Душанбе» чоп кардааст, изҳори умед кардааст, ки Ирон аз ин вазъи мушкил бо сари баланд мебарояд.

Раҷаб Сафаров, мудири кулли маркази омӯзиши Ирони муосир дар Маскав дар сӯҳбати вижааш бо «Бизнес и Политика» гуфтааст, Ирон ба Русия ҳамчун ба як кишваре менигарад, ки ба рушди барномаи ҳастаии Ирон бевосита манфиатдор аст, ва ба аҳдофи сулҳомези ин барнома бовар дорад. Ҷаноби Сафаров дар ҳамин маврид эҳтимоли эълони таҳримоти шадиди иқтисодӣ алайҳи Иронро хеле баланд дониста ва гуфтааст, иқтисоди ин кишвар ба ҳар гуна таҳримот тобовар аст.

Интихоботи президентии 2006

Мавзӯъи дигари матолиби ҳафтаномаҳо интихоботи қарибулвуқӯъи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буд. «Наҷот», нашрияи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон навиштае дар ин мавзӯъ зери имзои Мирҳусейн Назриев, раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон чоп кардааст. Ин навишта демократӣ гузаштани интихоботи президентии Тоҷикистонро зери суол бурда ва хостори тадриҷи иловаҳое дар қонуни констутсионӣ «Дар бораи интихоботи президентӣ» шудааст. Муаллифи ин матлаб навиштааст, қонуни феълӣ ба аҳзоб имконоти баробар фароҳам намеоварад, ҳуқуқи интихоб шудани шаҳрвандони ғайриҳизбӣ ва афроди мустақилро маҳдуд менамояд, назорат аз болои шаффофияти раванди интихоботро таъмин намекунад.

«А-П», ки ҳамчунин дар ин мавзӯъ андешаҳои сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдуллоро рӯи чоп овардааст, ғолиби бечунучарои интихоботи тирамоҳиро дар симои президенти кунунӣ, Эмомалӣ Раҳмонов дидааст. Нависандаи ин мақола дар интихоботи 2006 дар баробари Эмомалӣ Раҳмонов рақиберо намебинад ва мегӯяд, ҳамакнун суоли аслӣ на он аст, ки кӣ раисҷумҳур мешавад, балки он аст, ки бо кадом роҳ сиёсати иҷтимоиву иқтисодии кишварро пеш бурд. Муаллиф роҳи Қазоқистонро барои Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Қатъи BBC дар FM-и Тоҷикистон

Нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта қатъи пахши барномаҳои радиои BBC дар мавҷи FM дар Душанбе ва Хуҷандро низ пайгирӣ карда буданд.

Ҳафтаномаи «Миллат» навиштааст, дар пайи қатъи пахши BBC дар FM-и Тоҷикистон, ки ҳанӯз ин қазия миёни ширкати радиошунавонии бритониёӣ ва мақомоти Тоҷикистон баҳсталаб будааст, сафири Бритониёи Кабир дар Душанбе бо Талбак Назаров, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфтушуниди оҷиле анҷом додаву изҳор дошта, ки агар ин мушкил дар тӯли чанд рӯзи наздик ҳалли худро пайдо накунад, пас қазия сиёсӣ арзёбӣ хоҳад шуд. Муаллифи матлаб ин сиёсати Бритониёро барои давлатдорони Тоҷикистон намуна овардааст, ки чӣ гуна кишвар ҳатто аз расонаҳои мустақили худ дифоъ мекунад. Навишта дар хулосааш мутаассиф шудааст аз он ки дар шароити густариши бесобиқаи радиоҳои русӣ дар Тоҷикистон, як садои форсӣ дар кишвар хомӯш мешавад.
XS
SM
MD
LG