Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтарин шатранҷбозони ҷавони Душанбе


Мусобиқоти шатранҷбозони пойтахти Тоҷикистон дар толори мактаби шоҳмоти Душанбе тӯли нӯҳ рӯз идома кард. Икром Илҳомзода, ки дар нуҳ бозӣ ҳашт имтиёз ба даст овард, байни 32 шатранҷбози ҷавон мақоми аввалро касб кард. Владимир Кан бо ҳафтуним имтиёз мақоми дувум ва Зариф Сафоев бо шашуним имтиёз мақоми севумро соҳиб шуданд. Шаҳноза Умарова бо ҳафтуним имтиёз миёни 16 нафар духтарон ғолиб омад. Малоҳат Маҳмараева ва Меҳрангез Раҳматова бо шаш имтиёзӣ дар мақоми дуввуму севум қарор гирифтанд. Сабқати шатранҷбозони навраси то даҳсола бо пирӯзии Умед Саидов байни писарон ва Мутрибаи Илҳом миёни духтарон ба поён расид. Саодат Одинаева, қаҳрамони шоҳмоти Тоҷикистон дар соли 2005 миёни занон дар бастагӣ ба ин мусобиқа ба Радиои Озодӣ гуфт: « Беҳтарин шатранҷбозони ин мусобиқа дар ҳайати дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе шарафи пойтахти кишварро дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки моҳи феврал баргузор мешавад, ҳимоя хоҳанд кард.»

ФУТБОЛ: Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа - қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2005 барои ширкат дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2006 рӯзи ҷумъаи 13 январ ба шаҳри Маскав сафар кард. «Вахш» дар марҳалаи аввали мусобиқот дар гурӯҳи «В» дар маҷмааи варзишии «Динамо» 14 январ бо «Нефтчӣ»-и Боку -- қаҳрамони Озарбойҷон, 15 январ бо «Оқтеппа»-и Актюбинск -- қаҳрамони Қазоқистон ва 17 январ бо «Металлург»-и Лиепая - қаҳрамони Латвия рақобат мекунад.
XS
SM
MD
LG