Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи махсуси Тоҷикистон (The Herald Tribune)


Тамоми ахборе, ки аз Осиёи Миёна меояд, набояд илзоман дар мавриди тақаллуб дар интихобот, шиканҷаи мухолифон, куштори афроди ғайринизомӣ ва ё суқути иқтисодӣ бошад. Дар гӯшаи дурдасте аз сарзамини паҳновари Осиёи Миёна дар миёни кӯҳсорҳои сар ба фалак кашидаи Помир Тоҷикистон талош дорад, марзҳои худро ба рӯи ҷаҳон бикушояд ва роҳи ҷадиде барои тиҷорати миёни Шимол ва Ҷануб боз кунад ва ҳамзамон ба комминистҳову исломиҳо имкони фаъолияти порламонӣ бидиҳад. Албатта, набояд аз назар дур дошт, ки маҳдудиятҳои бисёре ҳамчунон бар озодиҳои сиёсӣ ҳукмфармост. Аммо дар муқоиса бо ҳамсоягони Осиёимиёнагиаш Тоҷикистон талош дорад, ҳамчун намуне аз булуғи сиёсӣ ҷилва кунад. акнун, ки ҷангҳои даҳаи 90 бо подармиёнии Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои ҳамсоя ба охир расидааст ва бисёре аз мушкилоти бузургу кӯчаки иҷтимоъӣ бо кӯмак ва ё бидуни кӯмаки байналмилалӣ роҳҳои ҳалли худро ёфтаанд, бо вуҷуди фақри шадиди домангир метавон гуфт, ки андак-андак нишонаҳое аз беҳбуди авзоъ ба чашм мехӯрад. Ба назар меояд, ки мардум акунун метавонанд бо хаёли ором лабханд бизананд ва ин алорағми камбудҳои муттаъаддид, аз ҷумла, набуди гозу барқ дар сармои сӯзони зимистон аст. Аҳмад Рашид дар идомаи мақолаи худ мегӯяд, президент Эмомалӣ Раҳмонов монанди бисёре аз раҳбарони худкомаи Осиёи Миёна ба хотири баргузории интихоботи ғайриодилона ва озору азияти мухолифонаш мавриди интиқоди шадид будааст. Аммо дар айни ҳол метавон дид, ки у мухолифони аслии худ, яъне Ҳизби наҳзати исломиро ҳамчунон таҳаммул мекунад. Ҳизбе, ки дар солҳои ҷанг дар муқобили вай қарор гирифта буд, ҳоло дар порламон ду курсӣ дорад ва Муҳиддини Кабирӣ-муовини раиси ин ҳизб ва намояндаи порламон мегӯяд, пешрафтҳое дар заминаи эҷоди як ҷомеъаи исломитар ба вуҷуд омадааст ва оқои Кабирӣ гуфтааст, вай талоши Раҳмоновро барои эҷоди тавозуни сиёсӣ дарк мекунад.
Аммо ба навиштаи Аҳмад Рашид, он чӣ ки боис шудааст, соири нуқоти ҷаҳон аз Бруссел гирифта то Пекин ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кунанд, тағйири шароити геополитикӣ будааст. Тоҷикистон роҳи обӣ ба хориҷ надорад ва Чину Афғонистон аз як тараф, Ӯзбакистону Қирғизистон аз ғарбу шимол онро иҳота кардаанд. Солҳост, ки Ӯзбакистон худро ҳамчун роҳи убур ба Руссия ва Ғарб муаррифӣ кардааст ва бо ҳамин баҳона марзҳои кишварашро бар рӯи исломиёни тундрав баста ва минагузорӣ кардааст. Вале ба назари Аҳмад Рашид, дар ҳақиқат ҳадафи Ӯзбакистон ин будааст, ки Тоҷикистонро маҷбур кунад, аз хатти сиёсии Ӯзбакистон пайравӣ кунад. Акнун шароит тағйир меёбад. Давлати Чин роҳи ҷадидеро ба вуҷуд овардааст, ки вилояти Шинҷон дар ғарби Чинро ба Тоҷикистон пайваст мекунад. Ин як роҳи нави тиҷоратӣ барои Тоҷикистон аст. Бар илова, Амрико машғули сохтани пуле бар рӯи Амударёст, ки Афғонистон ва Тоҷикистонро ба ҳам васл мекунад. Ҳар вақт, ки сохтмони ин пул ба поён расад, роҳи нави Чин ба Чин ва Тоҷикистон имкон хоҳад дод, ки колоҳои худро аз тариқи Афғонистон ба бандарҳои ҷанубии Покистон бифиристанд. Воридоти Ғарб ба Осиёи Миёна ҳам метавонад, аз тариқи ҳамин роҳ , яъне пас аз вуруд ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба кишварҳои дигари минтақа, ба монанди Қазоқистон, Қирғизистон ва Чин фиристода шавад. Аҳмад Рашид мегӯяд, Тоҷикистон, ба ин тартиб, баҳраи зиёде аз ин афзоиши тиҷорат хоҳад бурд. Агар пешниҳоди Барномаи рушди СММ доир ба аз байн бурдани мавонеъи тиҷоратӣ ба кор бурда шавад, Тоҷикистон хоҳад тавонист, бахши умдаи аз ин манофеъи ҳосиларо ба даст орад. Аҳмад Рашид дар поёни мақолааш мегӯяд, ки Амрико, Русия ва Чин талош доранд, пойгоҳҳои низомӣ барои худ дар Тоҷикистон эҷод кунанд. Бо президент Раҳмонов ҳам, ба навиштаи Аҳмад Рашид, қартаи худро дар ин миён хуб бозӣ мекунад. Аммо бояд дар назар дошт, ки Тоҷикистон ҳанӯз кишвари бисёр фақирест ва нахоҳад тавонист ба пешрафти бисёре даст ёбад, магар он ки одатҳои сиёсии раҳбарони Осиёи Марказӣ тағйир ёбад, то дар он сурат Ғарб битавонад, бо саховати бештаре ба Тоҷикистон ёрии иқтисодӣ бирасонад.
XS
SM
MD
LG