Пайвандҳои дастрасӣ

2006: Сиёсати дохилии Тоҷикистон


Пажӯҳиши маркази таҳлилии Экономист Интеллинҷенс Юнит Мутахассисони маркази ҷаҳонии мутолиоти стратегӣ, мавсум ба Экономист Интеллинҷенс Юнит (Economist Intelligence Unit), аз рӯи тамоюлҳои гузашта ва нишонаҳои оянда, дурнамои Тоҷикистонро дар солҳои 2006 ва 2007 пешбинӣ кардааст. Ҷамъан он посух ба саволест, ки дар солҳои баъдӣ шаҳрвандони Тоҷикистон дар чӣ кишваре ба сар хоҳанд бурд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар соли 2006 ва то пеш аз замони интихоботи оянда ҳамчунон ба тақвияти мавқеъияти худ идома хоҳад дод. Дар 5 соли гузашта ба таври тадриҷӣ қудрати сиёси ва тасмимгирриро дар қабзаи худ гирифтааст. Ва бо ин кор имкони рушди як сохтори сиёсии пюралистиро, ки дар он имкони фаъолияти ҳамаи аҳзоб мавҷуд бошад, маҳдуд кардааст. Ин ҳам дар ҳоле ки ин яке аз тақозоҳои мувофиқатномаи сулҳи соли 1997 буд. Ҳизби ҷаноби Раҳмонов дар интихоботи 27-уми феврали соли 2005 бо аксарияти қотеъе бештари курсиҳои порлумонро ба даст овард ва ин амр як бори дигар назорати ӯро бар саҳнаи сиёсӣ мунаъкис мекунад ва ӯро дар мавқеъияте қарор медиҳад ки бар асоси он вориди интихоботи президентии соли 2006 мегардад. Бо як чунин мавқеъияте рӯшан аст, ки пирӯзии ӯ тақрибан тазмин шудааст.
Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов эҳтимолан рақиби сарсахте дар миёни гурӯҳҳои мухолифи сиёсӣ нахоҳад дошт. Аҳзоби мухолиф муваффақ нашуданд, ҳимояти лозимии мардумиро дар солҳои гузашта ба даст оваранд, аммо иллати аслии ин адами муваффақият маҳдуд кардани фаъолиятҳои онон будааст. Дар моҳи октябри соли 2005 яке аз муҳимтарин чеҳраҳои мухолиф Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки раҳбари ҳизби аслии ғайримазҳабии мухолиф, яъне Ҳизби демократи Тоҷикистон аст ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.
Президенти Тоҷикистон ва ҳомиёни ӯ ҳамчунон талош хоҳанд кард, то фарорасии интихоботи раисиҷумҳур чеҳраҳои шохиси Тоҷикистонро беътибор созанд. Ва ҳатто мумкин дар ин роҳ теъдоди бештаре аз ин чеҳраҳо дар моҳҳои оянда зиндонӣ шаванд.
Мақомоти ҳукуматӣ тамоми иқдомоти мумкинро барои маҳдуд кардани дастрасиии мухолифон ба расонаҳои гурӯҳӣ ба кор хоҳанд бурд. Ва аз он ҷумла баста шудани марокизи чоп ва нашр, истифода аз иқдомоти қонунӣ монанди муттаҳам кардани расонаҳо ва марокизи хабар ба адами риояти қонуни молиёт ва роҳҳое, ки монеъ аз фаъолияти расонаҳои мухолиф шавад.
Ҳамзамон бо ин ҳукумат талош хоҳад кард, нуфузи куллия созмонҳои ғайридавлатиро маҳдуд кунад. Зеро бар ин бовар аст, ки нақши ин созмонҳо дар эҷоди тағйирот дар ҷамоҳири минтақа бисёр муҳим будааст. Ҳукумат дар соли оянда ҳамчунон ба ҳушдорҳояш дар мавриди имкони бурузи бесуботии сиёсӣ идома хоҳад дод, зеро ин паёми қавӣ дар Тоҷикистон аст ки мардуми он ба иллати ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 - 1997 ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд, бо як шӯриши тозаи иҷтимоӣ мувоҷеҳ гарданд. Дар натиҷа имкони бурузи таҳаввулоти монанди Кирғизистон бисёр заъиф аст.

Аз идора: Экономист Интеллинҷенс Юнит (Economist Intelligence Unit), бо фармоиши ширкатҳои ҷаҳонӣ баррасӣ, хулоса, солнома ва ояндабиниҳоро омода карда, тайи 50 соли охир як манбаъи боварбахши маълумот дар сартосари дунё ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG