Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемории украинии Русия ба Тоҷикистон таҳдид мекунад?


G8 паймони кишварҳои пешрафтаи саноатии ҷаҳон аст. Бритониё, Иёлоти Муттаҳида, Итолиё, Олмон, Канада,Фаронса, ва Ҷопон ва таври маълум, Русия расман узви G7 набуда, ҳамчун кишваре ки иқтисодиёташ босуръат рушд мекунад, шартан ба ин паймон пазируфта шудааст. Аз ин лиҳоз раёсати Русия дар созмон як озмоише барои Маскав буда метавонад.
Ба гуфтаи нозирон, ин як имконияти нодирест барои Русия, ки метавонад, эътибори байнулмилалии онро чандин зина боло бардорад. Ва иттифоқан масъалаи асосии G8 дар соли нав ҳалли мушкили инержӣ ва ба ин восита таъмин кардани рушди устувори иқтисодиёти ҷаҳон мебошад. Аммо оё низоъи Русия ва Украин дар масъалаи нархи газ ба дараҷаи бовари аъзои Ҷи 8 нисбат ба Русия чӣ таъсир хоҳад дошт? Оё Русия хоҳад тавонист, худро як коршарики росткору ростқавл нишон диҳад?
Ширкати монополии Газпроми Русия аз талаби 230-долларии худ дар баробари Украина як доллар ҳам ақиб нарафт ва Киев низ муқвомати худро идома дод. Дар натиҷа Газпром лӯлаҳоеро, ки ба Украина газ мерасонанд, баст ва акнун Киевро ба дуздидани газе айбдор мекунад, ки Русия ба кишварҳои Аврупо мефиристад. Бархе аз кишварҳои аврупоӣ аз коҳиши гази содиротии Русия шиква карданд ва қарор аст, масъала дар нишасти вазирони Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шавад.
Президенти Русия Владимир Путин рӯзи панҷшанбеи гузашта, ҳарду тарафро танқид кард, ки натавонистаанд, муросо кунанд: "Шумо, манзурам, ҳарду тараф, гуфтушунидкунандагони Русия ва Украина бӯҳронеро ба вуҷуд овардед, ки амалан, на танҳо ба риштаи инержӣ дахл мекунад. Ин ба бӯҳрони миёни ду кишвар монанд аст ва бисёр бад аст."
Аммо Путин барои ҳалли масъала аз худ ташаббусе нишон надод. Президенти Украина Виктор Юшченко аз Путин дархост кард, ки ҳарду тараф аз рӯи ростӣ рафтор кунанд. Вай мегӯяд, намехоҳад бовар кунад, ки ин як фишори намоишкоронаи сиёсӣ ва иқтисодист. "Ман намехоҳам ба ин бовар кунам, зеро ин тарзи кор барои ҳарду ҷониб таҳқировар аст ва мутмаъинан ба интихоботи ояндаи Украина робита дорад."
Рақиби пешини Юшченко дар интихоботи президентӣ Виктор Янукович эълон кард, ки ин бӯҳронро ҳукумати Украина ба вуҷуд овард, зеро натавонист, равобити дурусте бо Русия бунёд намояд. Бархе аз таҳлилгарони сиёсӣ мегӯянд, ин як фишорест, барои вуруди дубораи Русия ба собиқ минтақаи таҳти нуфузаш.
Аммо коршиносони дигар мегӯянд, амали Русия чизе бештар аз ҳимояи манфиатҳои худ нест.
Эрик Краус, раиси бахши дурнамо дар ширкати Совлинк Секюритиз дар Маскав мегӯяд: "Русия маҷбур нест, ин ё он кишварро кӯмак кунад, вақте он кишвар бо Русия муносибати хасмона дорад. Амрикоиҳо, ё фаронсавиҳо ва олмониҳо метавонанд ба баъзе кишварҳо кӯмак кунанд, ба баъзеи дигар на. Онҳо, масалан, ба Миср бисёр кӯмак мекунанд, дар ҳоле ки ба Сурия чизе намедиҳанд. Оё Сурия ҳақ дорад, ки аз беадолатӣ шикоят кунад? Русия бо сабабҳои геополитикӣ худ интихоб мекунад, ки ба кӣ мадад расонад ва ба кӣ на, ин ҳаққи комили Русия аст."
Собиқ мушовири иқтисодии президенти Русия Андрей Илларионов низ амали Русияро дар ин қазия ҳуққабозии сиёсӣ номид. Илларионов чандин сол намояндаи Русия дар созмони ҳаштгонаи пешрафтаи саноатӣ буд ва ба коҳиши қарзи хориҷии Русияву беҳбуди бастани андоз ба соҳибкорӣ дар ин кишвар кӯмак кард.
Иқтисодшиноси тоҷик Тоҳири Абдуҷаббор мегӯяд, баъд аз инқилоби норанҷӣ дар Украина, Русия сари чандин масъала кӯшиш кард, бартарии худро нишон диҳад. Ба назари ӯ, дар ҳоле ки бо ваъдаи сармоягузориҳои бузург, Русия муҳимтарин иншооти Тоҷикистонро зери назорат мегирад, ин ҳам метавонад, монанди қазияи Украин фишанги фишори иқтисодии Русия ба Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии он табдил ёбад.
XS
SM
MD
LG