Пайвандҳои дастрасӣ

Беҳтаринҳои футболи тоҷик дар соли 2005


Нимҳимоятгари 23-сола имсол дар ҳайати «Регар» ТадАЗ нахустин барандаи Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё гардида, дар бозиҳо дар Непал ба дарвозаи ҳарифонаш чаҳор тӯб задааст. Вай, ҳамчунин, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон -- 2005 гардида, бо медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ сарфароз шудааст.

Сӯҳроб Қосимов, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар маросими супурдани ҷоизаҳо дар шаҳри Душанбе иброз дошт, ки беҳтарин футболбозон, мураббиён ва довари сол аз рӯи натоиҷи назархоҳии мутахассисону шореҳони футбол муайян гаштанд.

Умед Ҳоҷимуродови 27- сола аз дастаи «Регар» ТадАЗ беҳтарин дарвозабон эътироф гашт. Ӯ низ барандаи медали нуқраи чемпионати имсолаи Тоҷикистон ва Ҷоми футболи кишвар буда, дар ғалабаи футболбозони шаҳри Турсунзода дар Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё дар Непал саҳми арзанда гузоштааст.

Ҷамолиддин Оеви 29-сола аз дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа беҳтарин ҳимоятгар, Одил Эргашеви 28-сола аз дастаи «Регар» ТадАЗ беҳтарин нимҳимоятгар ва Назиршоҳ Ризомови 31-сола аз дастаи «Вахш» беҳтарин ҳамлагар дониста шуданд.

Аҳтам Ҳамроқулови 17-сола аз дастаи «Вахш» беҳтарин нишонзани мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон гардид. Ин ҳамлагари ҷавон дар бозиҳои мусобиқоти имсола ба дарвозаи ҳарифонаш 12 тӯб задааст. Ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон низ бомуваффақият ҳунарнамоӣ карда, барои роҳ ёфтани футболбозони ҷавони тоҷик ба давраи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё саҳмгузорӣ кардааст.


Уроз Турақулов, сармураббии дастаи «Вахш» беҳтарин мураббии сол эътироф шуд. Таҳти раҳбарии ин мураббии пуртаҷриба имсол «Вахш» дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ соҳиби медалҳои тилло шуда, ҳамчунин ба бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт. Воқиан, Уроз Турақулов ба ҳайси сармураббӣ ду бор «Вахш»-ро қаҳрамони кишвар (1997 ва 2005) ва ду бор соҳиби Ҷоми Тоҷикистон (1997 ва 2003) кардааст.


Ориф Ҷӯраев аз ноҳияи Шаҳринав беҳтарин довар эътироф шуд. Ба эътиқоди коршиносон, пас аз таъин шудани ӯ ба вазифаи раиси кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъолияти ин кумита хеле ҷоннок гаштааст.


Ва Достон Маъмуров аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, ки шогирдонаш дар мусобиқоти мухталифи имсола натоиҷи хуб ба даст оварданд, беҳтарин мураббии кӯдакону наврасон дар соли 2005 дониста шуд.
XS
SM
MD
LG