Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Тоҷикистон вазифаҳои ҳизби ҳокимро муайян намуд.


Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки бидуни ҳузури хабарнигорон ва пушти дарҳои баста доир шуд Эмомалӣ Раҳмонов-раиси ҷумҳурӣ ба ҳайси лидери ин ҳизб дар бораи авзои сиёсӣ ва ҷамъиятии кишвар ва вазоифи минбаъдаи бахшҳои минтақавии ин созмони сиёсӣ гузориш додааст.
Ба иттиллои масъулини ҳизби халқӣ-демократӣ Эмомалӣ Раҳмонов авзои сиёсӣ ва ҷамъиятии кишварро мусоид , созгор ва таҳти назорати мутлақи давлат арзёбӣ карда ҳамзамон ҳамкорӣ ва кӯмаки фаъолони созмонҳои ибтидоии ҳизб бо мақомоти маҳаллиро аз вазоифи аслии онҳо унвон кардааст.
Мӯсо Асозода-раҳбари дафтари Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон гуфт дар маърӯзаи лидери ҳизб барқарории равобити ҳарчи бештар бо мардум дар маҳалҳо низ махсус таъкид шудааст.
Ташвиқи роҳандозии робитаи бештари созмонҳои аввалия бо мардум аз сӯи лидери ҳизби халқӣ-демократӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки коршиносон ва соҳибназарони масоили сиёсӣ аз адами шароити рақобати солим ва нобаробариҳо дар саҳнаи сиёсии кишвар сӯҳбат мекунанд.
Ба эътиқоди коршиносон ҳизби халқӣ-демократӣ бо ихтиёрдории аксари курсиҳои порлумон ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар манотиқи кишвар фазо ва саҳнаи рақобат барои аҳзоби дигари сиёсиро комилан маҳдуд кардааст. Коршиносон бар ин назаранд, ки дар марҳалаи кунунии ҳаёти сиёсӣ ҳизби халқӣ-демократӣ таҷрибаи ҳизби каммунист дар замони шӯравиро такрор мекунад. Сайидаҳмади Қаландар - раиси маркази таҳлилии "Сипеҳр" бо ишора ба баргузории маъракаҳои сиёсии ду соли ахир аз ҷумла интихоботи порлумонӣ мегӯяд, иллати нокомии ҳизбҳои дигари сиёсӣ дар мубориза ва корзори интихоботӣ на ҳизби халқӣ демократӣ, балки ҳокимиятҳои маҳаллӣ мебошанд.
Ба ақидаи оқои Қаландар табиист, ки вақте раиси вилоят ва ноҳия узви Ҳизби халқӣ-демократӣ аст, ҳама захоир ва фишангҳои дар ихтиёрдоштаи ҳокимиятро дар роҳи пирӯзӣ истифода мекунад.
Аммо Мӯсо Асозода- раҳбари дафтари ҳизбӣ-халқӣ демократӣ ин нуктаро, ки таҷрибаи ҳизби коммунист аз сӯи онҳо такрор мешавад, нодуруст меҳисобад. Вай гуфт дар кишварҳои демократӣ дар ҳолати пирӯзӣ дар интихобот ҳизб ин ҳақро дорад, ки ҳукуматро аз боло то поин ташкил кунад.
Дар ҳамин ҳол Абдуғанӣ Мамадазимов-раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон фаъолияти як ҳизби пурқувват ва тавонро дар марҳалаи баъди низоъ ва ҷанги шаҳрвандии кишвар муғойир бо равандҳои инкишофи давлатдорӣ намеҳисобад. Аммо ҳамзамон оқои Мамадазимов бар ин назар аст, ки ҳоло ҳизби ҳоким муваззаф аст ниру ва афроди шоистаи аҳзоби дигарро дар идораи ҳокимият ҷалб кунад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Мӯсо Асозода- раҳбари дафтари ҳизбӣ-халқӣ демократӣ дар ҷаласаи имрӯза бо ворид кардани тағйирот дар сохтори дастгоҳи иҷроияи ҳизб барои аввалин бор ба манзури ҷалби бештари ҷавонон ва занҳо ба сафҳои ҳизб шӯъбаи ҷавонон ва занон ташкил шудааст. Вай гуфт ҳизби халқӣ-демократӣ яксаду се ҳазор узв дорад, ки чиҳил дар сади онро ҷавонон ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG