Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саноати Суғд рушд кард


Идораи саноати ҳукумати Суғд бо натиҷагирӣ аз фаъолияти ёздаҳмоҳаи корхонаҳои саноатии вилоят иттилоъ дод, ки бахши саноат назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба шаш дар сад пешрафт ноил шудааст. Наҷмидин Атаев - раиси идораи саноати Суғд мегӯяд, тайи ёздаҳ моҳи соли равон аз сӯи корхонаҳои саноати вилояти ба маблағи беш аз 682 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид шудааст, ки дар қиёс бо соли гузашта ҳудуди 38 миллион сомонӣ бештар аст.
Ҷаноби Атаев афзуд, сеяки маҳсулоти саноатии Суғд аз ҷониби корхонаҳое тавлид шудааст, ки ба коркарди дуввум ва ниҳоии ашёи хом, аз ҷумла, пунба ва тиллову нуқра ихтисос доранд. Ҳамасола дар вилоят ҳудуди 40 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол мешавад ва дар соли равон аз ин миқдор танҳо 10 ҳазор тонна дар корхонаҳои саноатии вилоят мавриди коркарди ниҳоӣ қарор гирифт.
Вилояти Суғд дорои беш аз 280 корхонаи хурду бузург аст, соли равон дар ин минтақаи шимоли Тоҷикистон ёздаҳ корхонаи ҷадид ба фаъолият шурӯъ кард. Дар онҳо 70 навъи маҳсулот, асосан, консерву шарбати мева ва матоъ ва либосҳои пахтагин истеҳсол мешавад.
Наҷмидин Атаев - сарвари идораи саноати Суғд дар робита ба мавзуъ меафзояд: «Теъдоди умумии кормандони бахши саноати вилоят беш аз 30 ҳазор нафар аст, ки аз ин 1300 ҷойи корӣ ҳамин сол таъсис дода шудааст. Музди миёнаи моҳонаи кормандони корхонаҳои саноатии вилоят дар ҳоли ҳозир 140 сомонист».
Тайи ёздаҳ моҳи сипаришуда корхонаҳои саноатии вилоят барои бозсохту рушд $2 миллион сармояи хориҷӣ дарёфт ва истифода кардаанд.
XS
SM
MD
LG