Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Форсии тоҷикӣ дар Ӯзбакистон


М.Ф. Аҳрорӣ Ассалому алейкум, ҳамнафасони азиз. Дар ин барнома афроди наҷибе чун Саид Нафисӣ, Абдулаҳмади Ҷовид, Мӯҳсини Умарзода, Муҳаммадуллоҳ Лутфуллоев, Асад Гулзодаи Бухороӣ, Маъруфи Отахонзода, Мӯсо Исоев, Соҳибназар Ғайратшоев зикри хайр мешаванд.

АНДЕША

Чанде пеш як духтарчаи 10-сола аз Ҷумҳурии Чех дар сабқати голф дар Иёлоти Муттаҳида ҷойи аввалро гирифт ва вақте ки тарҷумони словак саволи хабарнигоронро барояш тарҷума мекард, ҳайрон ба атроф менигаристу намедонист чӣ бигӯяд.
Танҳо пас аз саволи сеюм ҳама донистанд, ки вай аслан забони словакиро намефаҳмад.
Оливия Прокопова ду сол баъд аз ҷудо шудани Чехия аз Словакия ба дунё омадааст ва 30 дарсади ҷавонони чех мегӯянд, онҳо забони 12 сол пеш ба падару модари онҳо фаҳмои словакиро ба душворӣ мефаҳманд.
Имсол аввалин бор телевизиони давлатии Чехия ба тарҷумаи филму намоишҳои словакӣ шурӯъ кард, ки барои баъзе чехҳо хандаовар намуд. Ин ҳам дар ҳоле ки як бахши умдаи аҳолии Чехияро словакҳо ташкил мекунанд. Вале ҳамагӣ ду мактаби словакӣ вуҷуд дорад, як маҷалла ва як фурӯшгоҳи китобҳои словакӣ. Ва вазорати маорифи Ҷумҳурии Чех мегӯяд, дарвоқеъ ду мардуми ҳамнажод ва ҳамзабон тадриҷан аз ҳам дуру бегона мешаванд.

НАБАРДИ ВОЖАҲО

Забони форсӣ дар солҳои охир ба таҳаввулоти зиёди мусбат ва манфӣ рӯбарӯ шуд. Толибон дар Афғонистон хостанд, бо зӯри силоҳ истифодаи форсии дариро дар Афғонистон маҳдуд кунанд. Дар Эрон корбасти вожаҳои арабӣ дар ҷумлаҳои форсӣ густариш пайдо кард. Дар Тоҷикистон ҳанӯз аз фишори забони русӣ наҷот наёфта, ҳаракат ба самти гӯишҳои маҳаллӣ бартарӣ пайдо мекунад. Дар бораи ин равандҳо пештар ҳам сӯҳбат карда будем, аммо вазъи забони словакӣ дар Ҷумҳурии Чех моро ба вазъи тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбакистон мутаваҷҷеҳ сохт.
Албатта, бояд дар назар дошт, ки аз марзбандии миёни Чеху Словак ҳамагӣ 12 сол гузашт, аммо аз тақсими сиёсии Осиёи Марказӣ зиёда аз 80 сол мегузарад. Ва гуфтори форсии тоҷикӣ дар Ӯзбакистон ба самте ҳаракат дорад, ки метавонад рӯзе барои тоҷикон нофаҳмо шавад. Масалан зане мегӯяд: "Аз пушти тикувчилик тринчлик мекунам." Ё дигаре: "Ман дар Чуст яшамуш мекунам." Оё ин намунаҳо баёнгари вазъи умумиянд? Дар кадом маҳдуда забон метавонад ба чунин ҳол рӯбарӯ шавад? Журналисти шоистаи Ӯзбакистон Маъруфи Отахонзода мегӯяд, бо коҳиши маънавият ва рӯҳияи миллӣ эҳтироми забон ҳам коҳиш меёбад ва забон махлут мегардад." Донишманди маъруфи Ӯзбакистон Мӯҳсин Умарзода низ чунин ақида дорад. Ва сокини шаҳри Тошканд Гулчеҳра бону мегӯяд, дар Ӯзбакистон шароите нест, ки набераҳои ӯ забони тоҷикиро омӯзанд ва ба кор баранд. Ҳунарпешаҳои душанбегӣ, ки филми "Кафорат"-ро бо иштироки Мӯсо Исоев барои намоиш ба Бухоро бурда буданд, ба ёд меоранд, ки як пирамарди бухороӣ аз Шофиркон дар мулоқот бо синамогарон шиква кард, ки натавонист ба саволи наберааш, оё "кутаман" ба тоҷикӣ чи мешавад, ҷавоб диҳад. "Ман яктаҳу асоямро гирифтам ва ба чойхона рафтам ва аз мӯйсафедони дигар суол кардам, касе надонист. Баъд ба китобхонаи мактаб рафтам ва аз ягона луғате ки тикаву пора шуда буд, калимаи "интизор мешавам"-ро ёфта будам, гуфт пирамард ва бо андӯҳи гарон хулоса кард, ҳамин тавр мо калима ба калима забонамро гум мекунем ва рӯзе мешавад, ки ба саволи набераҳомон ҷавобе нахоҳем ёфт."

ДАР ОЛАМИ МУТАМАДДИН

Барои бисёре аз кишварҳои шӯравии собиқ забон як масъалаи сиёсист. Агар Тоҷикистон хоҳад аз забони тоҷикӣ дар Ӯзбакистон ва Ӯзбакистон аз забони ӯзбакӣ дар Тоҷикистон ҳимоят кунад, ҳарду ба дахолат дар умури кишвари дигар айбдор хоҳанд шуд, ҳарчанд ҳарду кишвар забонҳои дигарро дар қаламрави худ ҷузви фарҳанг ва сарвати маънавии хеш медонанд. Дар ҳоли ҳозир танҳо Русия ошкоро аз забони русӣ дар ҳамаи ин кишварҳо пуштибонӣ мекунад. Агар дар Украина намоишҳои телевизионии русӣ коҳиш ёбанд, вазорати корҳои хориҷии Русия садои эътироз баланд мекунад. Ҳавопаймоҳои Русия садҳо ҷилд китобу дафтарро ба мактабҳои русии Тоҷикистон ва донишгоҳи славянии он интиқол медиҳанд. Аммо Тоҷикистон солҳост, на танҳо ба мактабҳои Ӯзбакистон ва дигар кишварҳо як ҷилд китоб нафиристодааст, балки мактабҳои худи он аз камбуди китоб дар азобанд. Вале агар ҳамаи Осиёи Марказӣ ва ё қаламрави шӯравии собиқро як маркази тамаддуну фарҳангу дӯстию ҳамкорӣ тасаввур кунем, оё ҳалли масъала бояд чигуна бошад?
Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ҳар забон бояд ҳифз шавад ва ҳар кишвар ҳақ дорад, дар ин кор саҳм бигирад.
Аз устоди забон дар Донишгоҳи Отти Фридриши Олмон, ҳамнафаси чандин барномаи мо, Соҳибназар Ғайратшоев пурсидам, Олмон барои таълим ва таблиғи забони олмонӣ дар хориҷа чи корҳоеро анҷом медиҳад? Вай гуфт, як бахши бузурги буҷаи вазорати корҳои хориҷӣ ба таблиғи забони олмонӣ дар берун аз Олмон харҷ мешавад. Инҳо кӯмак ба мактабу донишгоҳҳои дорои забони олмонӣ, нашри китобу дастурҳои таълим, ташкили семинару курсҳо, даъвати омӯзандагони забон ба кишвар ва ғайра. Ҳамчунин сафоратҳои Олмон дар кишварҳои хориҷӣ ба чунин корҳо машғул мебошанд. Ҳанӯз сафоратҳои Тоҷикистон ба чунин андеша нарасидаанд.

ЛАФЗИ ШИРИН

Дар боло ишорае кардем ба вазъи омӯзиши забони тоҷикӣ дар худи Тоҷикистон. Устоди устодони Тоҷикистон, раиси Фарҳангистони улуми омӯзгорӣ Муҳаммадуллоҳ Лутфуллоев солҳо мегуфт, омӯзиши забон бояд аз синни 2-3-солагӣ шурӯъ шавад ва аз ҳамон вақт бояд забони дуруст ба кӯдак омӯзонида.
Академик Лутфуллоев барои ин китоберо бо номи "Лафзи ширин" таҳия карда буд, ки солҳо наметавонист чоп кунад. Давлат пули чопи чунин китобҳоро надорад. Инак, хабари хуш, китобро як соҳибкори ҷавони тоҷик бе ягон андешаи фоидаи молӣ ба чоп расонд. Ба ин муносибат ҳамнафаси мо Раҳматкарими Давлат бо муаллиф вохӯрд ва андешаҳои ӯву устодони дигарро дар як гузориш гирд овард.
Донишманди маъруфи эронӣ Сайид Нафисӣ Бухоро ва Самарқандро зодгоҳи забони форсӣ мешуморад ва онро ба дарахти азиме монанд мекунад, ки бо вуҷуди зард шудани баргҳояш дар фаслҳои хазон реша дар таърихи ҳазорсола дорад. Оё имрӯз форсии тоҷикӣ дар Бухоро дар чи ҳол аст? Пурсидем аз нависандаи шинохташуда Асад Гулзодаи Бухороӣ. Дар посух гуфт, омӯзиши забон аз кӯдакӣ сар мешавад, аммо кӯдакони мо дар боғча "офтоб"-ро "қуёш" мегӯянд ва вақте ки мактаби тоҷикӣ нест, матбуоти тоҷикӣ заъиф аст ва тоҷикон дар Ӯзбакистон ояндаи забону фарҳанги худро намебинанд, дилсард мешаванд ва забон рӯ ба пажмурдагӣ меорад. Асад Гулзодаи Бухороӣ, нависанда ва журналисти саршиноси тоҷик махсусан аз қатъ шудани робитаҳои фарҳангӣ, сафари театрҳои тоҷикӣ ба Бухоро шикоят мекунад.
Истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз як сӯ имкони пуштибониро аз забонҳои миллӣ дар қаламрави ҳамдигар ба вуҷуд овард, аз сӯи дигар ин ҳукуматҳоро нисбат ба забонҳои ғайрихудӣ дар қаламрави хеш бепарво ва ҳатто мутахосим кард.
Ва бехабарӣ аз таҳаввулоте ки дар забони миллӣ дар ин кишварҳо ба амал меояд, пояҳои онро дар мамолики ҳамсоя заъиф мегардонад. Донишманди саршиноси тоҷик Мӯҳсини Умарзода мегӯяд, дигаргуниҳое ки имрӯз дар забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон рӯй медиҳанд, махсусан зоҳир шудани майли бештар ба лаҳҷа ва шеваҳо низ таъсири муҳлик дорад ва тоҷикони Ӯзбакистонро аз омӯзиши тоҷикӣ дур мекунад.

ДУРНАМО

Дар ин ҷо суханони устоди зиндаёд, профессор Абдулаҳмади Ҷовидро нақл кунем, ки дар масъалаи таҳдидҳои харобиовар ба забону фарҳангҳо гуфтааст. Бояд дар назар дошт, ки устод ин суханонро дар моҳи марти соли 1997, дар ҳоле гуфта буд, ки Толибон ба охирин қалъаи Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамла мекарданд ва дар 85 %-и Афғонистон забони форсии дариро дучори таъқибу табъиз намуда буданд: "Забони мо ба як офтоб монанд аст ва ҷангу ситезу мушкилиҳо ба абрҳое шабеҳанд, ки барои як фурсати кӯтоҳ рӯи онро мепӯшанд. Аммо вақте абрҳо парешон мешаванд, боз мебинем, ки офтоб ҳамон офтоб аст ва дурахшаш ҳамон дурахш."
Ва аммо форсии тоҷикӣ дар Ӯзбакистон. Ноиби сардабири "Овози тоҷик" Тоҷибой Икромов мегӯяд, дар соли 1903 гурӯҳе аз донишмандони Петербург ба Тошканд омаданд ва вазъи забони тоҷикиро дар ин ҷо таҳқиқ карданд. Онҳо ба натиҷае расиданд, ки агар вазъ ҳамин гуна давом кунад, баъд аз 25-30 сол аз тоҷикӣ дар ин ҷо нишоне намемонад. Аммо тавре мебинед, забони тоҷикӣ ҳанӯз ҳам дар ин ҷо зиндааст. Албатта, дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон, ки насими Тоҷикистон мерасад, он поктару қавитар аст. Вале боз ҳам ман ба он ақида розӣ шуда наметавонам, ки забони мо дар Ӯзбакистон рӯ ба марг дорад. Ман мегӯям, ки дунё ба умед аст.

ВОКУНИШИ ХОНАНДА

Ба фикри ман, сабаби асосии надонистани мардум забони худро дар он аст¸ ки ба онҳо ҳеҷ гоҳ аз телевизион барномаҳои тоҷикӣ намоиш намедиҳанд ва ғайр аз як-ду рӯзномаеро ки пайдо кардани он танҳо дар худи мактабҳои тоҷикӣ низ баъзан амри муҳол аст, дигар ягон рӯзомаи тоҷикӣ нест, ки мардум харида хонанд . Албатта бо ин ман танҳо худи мардумро гунаҳкор карда наметавонам. Барои кушодани рӯзнома пеш аз ҳама аз ҳукумат бояд рухсат гирифт, ки ин бо баъзе сабабҳо номумкин аст. Сеюм, сатҳи зиндагии мардум низ хело паст аст, ки агар ба касе аз "Овози тоҷик" хон, гӯед, ҳатман ҷавоб медиҳанд ки магар бо хондан шикам сер мешавад?

Ман гуфтанӣ нестам, ки мардум аз забон дур шудаанд. Не! Чанде пеш дар деҳае будам. Мардумаш ташнаи забони модарӣ, аз китобҳое ки барои кӯдакони синни мактабӣ бо забони тоҷикӣ баровардаанд, хонда пас аз ҳар сари сатр сар меҷунбонданд, ки "Баҳ-баҳ, мана забону мана ҷаҳон, ки кас осояд" (Худованд ҷайбашро боз пур гардонад, Бонки рушди Осиёро, ки китобҳо бо мадади он аз чоп баромада буданд).

Ҷаноби Тоҷибой Икромов ҳақ аст, ки забон то ин замон на он қадар коҳиш ёфтааст. Аммо як чиз аз ҳақиқат дур нест, ки ҳоло ҳама медонанд, чун мактабро бо тоҷикӣ хондӣ, дар ҳеҷ куҷо бароят кор нест! Бисёрии онҳо ба ин сахт бовар доранд. Ман шахсеро медонистам, ҷаҳондида, маъруф на танҳо дар Самарқанд, ҳатто дар Сурхондарёву Қaшқадарё вa албатта тоҷик. Ҳамон ба ман мегуфт¸ ки ҳар касе фарзандашро ба мактаби тоҷикӣ мемонад, аҳмақ аст ва ҳар се фарзанди худро ба мактаби ӯзбекӣ монд. Ба гуфтаи вай, талаби замон ҳамин будааст.
Аммо натиҷаро бинед¸ ки акнун ягон фарзандаш намедонад, ки "модар" чӣ маънӣ дораду "падар"- аш чист? Ё ин ки мурғи рӯи ҳавлӣ барояшон "товуқ" асту, саг "кучук", гурба "мушук"- у гов "сигир" ва ҳоказо. Рости гап, ба онҳо нигоҳ карда раҳми кас меояд. Раҳми кас ба худи онҳо не (ӯзбекӣ барояшон осонтар аст), ба забонамон ки оҳиста-оҳиста дар зери фишори дигар забонҳо ғоиб мешавад.
Ин мисоле буд, ки овардам. Хӯш чӣ тавр ин масъаларо ҳал кардан мумкин? Ба фикри ман то ҷумҳурии Тоҷикистон ғами забони тоҷикиро нахӯрад, гумон аст¸ ки Ӯзбакистон дар ин бора чора андешад. Медонем, ки Тоҷикистон вазъи иқтисодии хуб надорад, аммо он метавонад аз Ӯзбакистон талаб кунад, то барои пахши рӯзномаву барномаҳои тоҷикии телевизион барои тоҷикони Ӯзбакистон аҳамияти ҷиддитар диҳанд. Ва худи Тоҷикистон низ инчунин барои ӯзбакони Тоҷикистон ин масъаларо бояд андешад. Ва дуҷониба забони ҳарду миллатро ривоҷ диҳанд.
Ёдам ҳаст, ки ҳафтаномаи "Парвина"- ро пас аз ду моҳи фаъолият пӯшониданд. Сабаби он дар чӣ буд? Ин гуна мисолҳо бисёранд, ва мутаассифона, ҳамаи онҳо оқибати хайре надоранд."

Маъзур доред, ки вақтатонро гирифтам. Бa ҳар ҳол фикри худро гуфтанӣ будам, ки ин кори пурмашаққатро бояд сарварони ҳарду кишвар зери андеша қарор гиранд. Вагарна аҳвол рӯз то рӯз бад мешавад ки беҳ не.
Ба ҳамаи ходимону дӯстон салому гарму ҷӯшони маро фиристед.

Ин ҷо бо як азоб ҳуруфи тоҷикиро пайдо кардам. Ва хостам, мактубро бо ин ҳуруф фиристам.
Худо ҳофиз!
Бо самимият,
Фаррух

16.12.2005
XS
SM
MD
LG