Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси нахустин маркази воридоти доруворӣ


Нусратулло Файзуллоев, вазири беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, чунин марказ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ назир надорад:

«Тоҷикистон ҳоло дар миёни кишварҳои минтақа ягона кишваре мебошад, ки дорои чунин маркази воҳиди вуруди доруи хушсифат мебошад. Дар ин кори хайр кӯмаки Бонки Осиёии Рушд хеле калон мебошад. Қарор аст, дар соли нав ин марказ пурра ба кор шурӯъ кунад.»

Намояндагони маркази ҷумҳуриявии ташхиси доруву дармон, ахиран, зимни як санҷиши дорухонаҳои давлатӣ ва шахсӣ дар Душанбе ва вилояти Хатлон беш аз 30 намуди дорую дармонро кашф ва мусодира карда буданд, ки пастсифат буда мӯҳлати истифодаашон кайҳо гузашта будааст. Як сокини пойтахт, ки худро Ҳусния Қурбонова муаррифӣ кард, мегӯяд, чанде қабл вай ба доми фиреби доруфурӯшони қаллоб афтодаву саломатиаш зери хатар монда буд:

«Сутунмӯҳраи маро ба қарибӣ духтурон ҷарроҳӣ карданд ва ман барои ором шудани дардам чанд дору харидам. Ин доруҳо ба ҷои фоида, зарар карданд. Дар баданам доғҳо пайдо шуданд ва хунам олуда шуд. Баъд маълум шуд, ки онҳо қалбакӣ будаанд. Агар ҳукумат пеши роҳи ҳамин чизро бигирад, хеле хуб мешавад.»

Дар ҳамин ҳол, Нусратулло Файзуллоев, вазири беҳдошти кишвар мегӯяд, бо таъсиси чунин як марказ метавон ба бозори дорую дармони тақаллубӣ дар Тоҷикистон таъсири амиқ гузошт ва то андозае аз вуруди доруву дармони пастсифат пешгирӣ кард:

«Агар ин маркзҳо дар Душанбе ва вилоёти кишвар кушода шавад, ҳатман мо имкон пайдо мекунем, пеши роҳи доруҳои тақаллубиро гирем.»

Бар тибқи маълумоти Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, Бонки Осиёии Рушд барои таъсиси маркази воҳиди ҷумҳуриявии воридоти доруву дармон ба Тоҷикистон, 600 ҳазор евро ё беш аз якуним миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст. Вазорати беҳдошти кишвар феълан бо беш аз 40 корхонаи машҳури дорусозӣ дар кишварҳои мутараққии Аврупо ва Осиё, ки маҳсулоташон ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад, созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондааст. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, қарор аст, дар ояндаи наздик, ҳамчунин, дар маркази вилоёти Хатлон, Суғд ва Бадахшон низ чунин марказҳои вижаи воридот ва тақсимоти доруву дармони хушсифат гушоиш ёбад.
XS
SM
MD
LG