Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё низоми электронии райъдиҳӣ қобили эътимод аст?


Алматӣ Моҳи ҷорӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Қазоқистон чун дар интихоботи порлумонии соли гузашта баробари райъдиҳӣ тавассути барги райъ аз системаи электронӣ низ кор гирифта шуд. Ҳангоми арзёбии ин маърака намояндагони Комиссиони марказии интихоботи Тоҷикистон хостори дар ин кишвар низ истифода кардани системаи электронии райъдиҳӣ шуданд. Вале оё низоми электронии райъдиҳӣ қобили эътимод аст?

Баъди назорати интихоботи раёсати ҷумҳурии Қазоқистон, намояндаи Комиссиони марказии интихоботи Тоҷикистон Муҳибулло Додоҷонов дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии «Хабар»-и Қазоқистон гуфт, ки хуб мебуд агар дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2006 Тоҷикистон низ аз низоми электронии райъдиҳӣ истифода намояд. Вале оё ин системаи райъдиҳӣ баъди ду интихобот, яъне интихоботи порлумониву раёсати ҷумҳурии Қазоқистон аз озмоиш гузашта ба эътимоди мардум соҳиб гардидааст?
Дос Кошим, сиёсатшиноси қазоқ, ки тақрибан ҳафт сол роҳбарии Шабакаи ҷумҳуриявии нозирони мустақилро бар ӯҳда дошт, мегӯяд, ки ҳарчанд Қазоқистон барои истифодаи низоми электронӣ ва харидории он маблағи ҳангуфтеро масраф кард ва 15 дарсади райъдиҳандагон имкон доштанд, ки тавассути он овоз диҳанд, вале системаи электронӣ ба эътимоди мардум сазовор нашуд.
Дос Кошим мегӯяд, ки райъдиҳии электронии Сайлов ба пурсиши аз ҳама асосии райъдиҳандагон «Оё ба ин система метавон эътимод кард?» посух дода натавонист.
Ба гуфтаи ҷаноби Кошим омили асосии адами эътимод ба низоми райъдиҳии электронӣ он аст, ки ин сохтор кафолати овоздиҳии пӯшидаро дода наметавонад. Зеро дар райъдиҳии электронӣ ному насаби овоздиҳанда ва якҷо бо он райъи додаи вай сабт мегардад ва имкон дорад тавассути компютер ба кӣ овоз додани интихобкунандаро фаҳмид. Ин яке аз шартҳои муҳими интихобот, яъне пӯшида будани онро халалдор месозад.
Аз ин сабаб, дар интихоботи президентии Қазоқистон аксари номзадҳо ҳангоми овоздиҳӣ аз барги райъ истифода карданд. Аз ҷумла, Жармахон Туякбой -- номзад аз мухолифин ва раиси иттиҳодияи «Барои Қазоқистони боадолат» системаи электрониро васоити ҳокимият барои тақаллубу тахаллуф дар интихобот арзёбӣ кард:
--- Ман ба ин система бовар надорам, зеро ин система барои бохти ҳокимиятро ба бурд табдил додан хидмат мекунад, -- гуфт Жармахон Туякбой.
Коршиносон, аз ҷумла Дос Кошим бар онанд, ки Тоҷикистон агар аз ин низом кор гирифтанӣ бошад, дар қадами аввал онро бояд дар ду ё се қитъаи интихоботӣ биозмояд.
Коршиноси мустақил Латиф Ҳадязода, ки чандин интихоботи порлумониву раёсати ҷумҳуриро дар кишварҳои гуногун назорат кардааст, низ мухолифи дар Тоҷикистон истифода кардани низоми электронии райъдиҳӣ аст. Зеро, ба гуфтаи вай барои роҳандозии системаи электронии овоздиҳӣ васоили зиёди электрониву кормандони фаннӣ заруранд ва ҳамаи ин маблағи ҳангуфтеро талаб мекунад. Ба андешаи оқои Ҳадязода, беҳтарин роҳ барои Тоҷикистон чун дар Қирғизистон фақат барои шумори варақаҳои райъ истифода кардани ин низом мебошад.
Аз сӯи дигар, коршиносон бар онанд, ки дар Тоҷикистон ҳоло на ба истифодаи системаи электронӣ, ки натиҷааш зоҳиран машкук аст, балки барои ба таври озоду одилона ва демократӣ гузаронидани интихоботи раёсати чумҳурӣ дар соли 2006 бояд талош намоянд, то мардум имкони озодона интихоб шудан ва интихоб карданро дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG