Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Ғаффор Мирзоев ба куҷо расид?


Абдуқайюм Юсуфов, вакили мудофеъи генерал Ғаффор Мирзоев, собиқ раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухадири Тоҷикистон, бо изҳори нигаронӣ дар бораи сарнавишти муваккилаш гуфт, додситонии низомии Тоҷикистон зимни бозбинӣ ҳеҷ яке аз 45 дархости пешниҳодии вакилони мудофеъ марбут ба парвандаи оқои Мирзоевро напазируфта, ин парвандаро бидуни кадом тағйиру илова дар ҳамон шакли қаблиаш ба Додгоҳи Олӣ ирсол кардааст. Оқои Қайюмов афзуд, додситонии низомӣ бо ин ҳол ба дархостҳои вакилони мудофеъи Ғаффор Мирзоев низ посухе надодааст: "Баъд аз тамом шудани шиносоӣ бо парвандаи ҷиноӣ додситонии низомии ҷумҳурӣ дархостҳои моро баррасӣ карда, ҳеҷ кадоми онҳоро қонеъ насохт ва ҳамаи онҳо радд шуд. Имрӯз хулосаи айбдоркунӣ нисбат ба Мирзоев ва шарикони вай, ки бо ӯ дар як парвандаи ҷиноӣ мегузаранд, аз тарафи Додситонии кулли Тоҷикистон тасдиқ гардида, барои моҳиятан баррасӣ кардан ба Додгоҳи Олӣ равона карда шудааст."

Мувофиқи айбномаи пешини Додситонии кулли Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев ба нақзи чанд банди қонуни ҷиномии Тоҷикистон муттаҳам мешуд. Талоши исёни ҳарбӣ алайҳи давлат, убури ғайриқонунии марз, саркашӣ аз пардохти молиёт, сӯъиистифода аз мақоми хидматӣ, паҳн кардани варақаҳои зиддидавлатӣ аз ҷумлаи бандҳои ин айбнома ба шумор меояд.

Дар ҳамин ҳол, Яҳё Нуров, масъули дафтари Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, то ҳоли ҳозир парвандаи Ғаффор Мирзоев вориди Додгоҳи олӣ нашудааст. Ба гуфтаи оқои Нуров, раёсати Додгоҳи Олӣ танҳо баъди расман сабти ном кардани парвандаи Ғаффор Мирзоев ба таъйини қозии мурофиа ва ҳалли масоили дигари проседурӣ хоҳад пардохт.Яҳё Нуров афзуд: "Аз суханони намояндаи Додситонии кулли низомӣ фаҳмидем, ки онҳо айбномаро имзо кардаанд ва дар рӯзҳои наздик ба Додгоҳи Олӣ ирсол мекунанд. Парвандаро бояд хаткашонҳои Додситонӣ бо даст оварда, бисупоранд. Таъйини қозии мурофиа дар салоҳияти раиси Додгоҳи Олист."

Ба қавли вакилони мудофеъи генерал Ғаффор Мирзоев, парвандаи раҳбари собиқи Оҷонисии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон аз 94 ҷилд ва ҳазор саҳифа иборат будааст, ки ошноӣ бо он, пурсиши шоҳидон ва исботи айбнома аз додгоҳи низ вақти зиёд хоҳад хост. Бо ин ҳол, вакилони мудофеъи оқои Мирзоев изҳори умедворӣ мекунанд, ки Додгоҳи олӣ ба ин парванда ба таври одилона расидагӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG