Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷарима барои тӯйи гарон


Аввалин бор як сокини Тоҷикистон барои даъвати меҳмони зиёд ба тӯйи арӯсӣ на таърифу тавсиф, балки маломат шунида ва ҳамчунин 250 сомонӣ ҷарима дод. Сабаб дар он буд, ки падари арӯс қоидаи ҳукумати маҳаллиро, ки набояд аз 200 меҳмон бештар даъват кард, вайрон намуд ва ба арӯсии духтараш зиёда аз 500 нафарро зиёфат дод. Мақомоти шаҳри Хуҷанд ба хотири маҳви таассуб ва худнамоие, ки пасон сабаби машаққати хонаводаҳо мешавад, дастур додааст, харҷи зиёфатҳои тӯёна дар ҳадди миёна нигоҳ дошта шавад. Дар бархе аз ноҳияҳо низ чунин қоида ҷорӣ шуда, на танҳо шумори меҳмонон, балки неъмати рӯи дастархони зиёфат низ муқаррар гаштааст.
Аммо ин қоидаҳо ба мансабдорони баландпояи давлат дахл намекунанд. Чунончи, яке аз чеҳраҳои бонуфузи Тоҷикистон, узви порлумон чанд сол пеш дар арӯсии духтараш наздик ба 200 ҳазор доллар сарф кард, аммо ин харҷи ӯ мавриди танқид ва ё ҷарима қарор нагирифт. Албатта, арӯсӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Ин ҳам дар ҳоле ки фармони ба танзим овардани маросимҳо ва ҷилдавгирӣ аз хароҷоти бешазҳадро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҳанӯз шаш сол пеш имзо карда буд. Суханони вай хотирнишин буданд, ки мегуфт: "Ман медонам ва худам дидаам, ки дар баъзе хонаҳо ҳатто мизе нест, ки кӯдакон дарс тайёр кунанд, баъзе кӯдакон пойафзоли дуруст надоранд, вале тӯйро мебинӣ, гӯё ягон беку хон бошад."
Аввалин бор дар Тоҷикистон ҷавононе зидди маросимҳои серхарҷ садо баланд карда буданд, ки дертар онҳоро ваҳҳобӣ номиданд ва ҳоло онҳо аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонанд.
XS
SM
MD
LG