Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоири маълуле, ки орзуи дидори Манижаро дорад


Ин порае абёт аз ашъори Ҷамшеди Раҳимзод аст. Нафаре, ки даъвии яккатозӣ дар майдони адаби шеъри ноби тоҷикӣ дорад ва дигаронро ҳам ҳушёр медиҳад, ки «Ҳооон! Иннак омода бошед, эй удабо, ки ман ба ин олами ирфонии ашъори фалактасхири шеъри ноби порсӣ ворид мегардам ва ин майдон дар ин аср дигар марост! Ва ба шоири муосир мегӯяд:

Ту ҳай хуштарҳӣ, аммо аз ту дида,
Суханро дар сафи хуштар ниҳам ман
Валекин пухта дон: ДОДИ СУХАНРО,
Дар асри бисту якум ман диҳам, МАН!!!


Ҷамшеди Раҳимзод барои даъвии далел ҳамакнун маҷмӯъаи саввуми ашъори худро таҳти унвонии «Сӯзу Соз» ба дасти чоп дод. Ҷамшеди Раҳимзод ба масал «Островскийи тоҷик» аст! Ӯ мегӯяд:

«Ҳарчанд бемори бистарам, аммо ин дарду ғамро ба дигар чизе бадал нахоҳам кард, магар ба сиҳҳати комил, ки иншооллоҳ ба ман мерасад. Маризӣ маро шоир кардааст»

Тафриқаи ҷиддии Ҷамшед аз дигар шуарои ҷавони тоҷик на танҳо дар мӯшикофӣ ва ковиши маънии бикр ва гуфтани сухани баланду мӯъҷаз ва шеърияту тобиши маъониву суханпардозӣ ва пардапечии афкор ва ташбеҳу истиъорот аст. Зиндагиномаи Ҷамшед аз кулли удабои муосир дигар фарқияте ҳам дорад.

Ҷамшед соли 1987 аз деҳаи Дарғи Айнии Суғд озими Душанбе гардид то шомили факулати филологияи ДМТ шавад.

«Дар имтиҳони нахуст, ки иншо буд, ангуштам карахт шуд ва ман дигар чизе навишта натонистам ва аз имтиҳонхона бадар шудам»

Ҷамшед, пас аз дарди сарангушт, дучори зуком шуд ва барои 18 соли дигар аз пои рав монд. Ӯ ҳамакнун тақрибан ду даҳсола аст, ки фалаҷ аст ва пойҳои ӯро дигар чархҳои аробаи маълулӣ иваз кардаанд. Аммо ӯ барои боре бечоранолӣ накардаасту надорад. Балки аз ҳар сонияи умри худ мағзи зиндагиро барои дигарон мечамад. Ӯ офаридагор аст-шеър меофарад ва мегӯяд, ғаму дарду андӯҳ ҳам як мизони омӯзиши Илоҳист ва аз он бо сарбаландӣ бояд даргузашт.

Шурӯъ аз соли 2000, ки бо пофишориҳои Исфандиёр - шоири дигари ҷавон ва аммо хеле қавӣ рӯ ба шеър ниҳод, саввумин маҷмӯаи ашъор ба дасти чоп дод. «Ашки Ҷоми Ҷамшед», «Ҷоми Сухан» ва «Сӯзу Соз», ки ахиран таҳти сарпарастии президенти кишвар рӯи чопро дид, гувоҳ аз мартабаи баланди табъи худододи Ҷамшедианд.
Шоири ҷавон усулан дар доми шеъри суннатӣ-тағаззулу рубоист. Ӯ мегӯяд:

Дунё, ки ба ғам никоҳ созад одам,
Андак ба фараҳ боз навозад одам,
Андӯҳ ба як рӯз кушад, ҳар дам агар
Бо ақли худодода нанозад одам!


Ва аммо хонандаву шунавандаҳои нахустини Ҷамшед ҳамдардҳову ҳамтақдирони ӯ будаанд: Зайнулло Муродов, бистарист. Ӯ мегӯяд, нахустин шеърҳои Ҷамшедро, тавассути телефон шабҳо, то як ё дуввум поси шаб мешунавад. Маслаҳатҳо медиҳад ва бо ҳам сари он андеша мекунанд. Зеро ҳамтақдиранд ва ҳар ду ҳам дарди якдигариро нек дарк мекунанд.

Ҷамшед на танҳо шоир аст! Ҷамшед таҷассумгари ормону орзӯҳои садҳо тан аз маълӯлон ҳам аст ва ҳам дарси ибрат аст ба онҳо, ки рӯҳафтода нашаванд ва барои дурри мақсуд ба каф овардан мубориза кунанд. Ба гунаи мисол, Ҷамшед ҳамакнун зинаи навбатиеро дар ин самт тай кард. Ӯ муҳассили соли аввали Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон шуд. Ӯ ба ҳамон факултаи филологияи тоҷик, ки дар имтиҳони нахустин Ҷамшедро аввал ангуштон ва сипас тамоми аъзои бадан фалаҷ карда буд, шомил шуд. Чаро?

«Зеро ман мехостам ба ҳамин факулта дохил шавам, ки маризӣ маро аз по фиганд. Ман умед дорам, ки баробари шомил шудан ба ин факулта, ин дардро маро раҳо мекунад»

Ҷамшед тасмим гирифтааст, ки узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон шавад. Маҳз барои ба даст овардани гавҳари навбатии мақсуд ва бо ҳидояти Меҳмон Бахтӣ, садри ИНТ китобҳои худро дар нашриёти «Адиб» нашр кардааст.

Рӯҳи қавӣ, талош, азму ҷазби ин ҷавонмард гувоҳанд, ки Ҷамшед ҳатман сари по мешавад ва заъфу ғаму дардро сарзеру сияҳгилем месозад. Ӯ бар ҳамин бовар аст. Ва аммо як орзӯи дигаре ӯ дар дил дорад, ва он сирро ба Радиои Озод кушод:

«Ман нахустин бор, ки симои зебо ва овозои ширадору аз ҳусн намакгиртари Манижаро шунидам, ба ӯ меҳри самимитар аз пиндор дар вуҷудам пайдо шуд ва беихтиёр чанд мисраъ шеър гуфтам. Орзӯи ман ин аст, ки хонум Манижа ҳадди ақал ба ман телефонашро медиҳад ва ё ба аёдатам меояду ман ӯи ширинро аз наздик мебинам. Ва он пораи абёт ин аст:
Ҳам туро ошиқу маъшуқа гуфтан на хатост,
Чунки рухсори гулу хониши булбул дорӣ.
Ман, ки бемораму сарбории он бепадарам,
Ҳеч майле ба мани бекасу бе пул дорӣ???
Агарат ҳа, ба ту як кӯза гуҳар хоҳонам,
В-агарат не, ба ту сад чанди дигар хоҳонам!!


Шояд пас аз шунидани ин сатрҳо Манижаи Давлат бо шоири шаҳир, марди қавиирода ва муборизи 18 сола бо заъфу маризии бешазпиндор дар тамос шавад.
XS
SM
MD
LG