Пайвандҳои дастрасӣ

Қубодиён - "Ойинаи таърихи"-и Тоҷикистон


Озмуни «Ойинаи таърих» тӯли як соли ахир дар кишвар идома дошт ва дар он бурду бохти тамомии осорхонаҳои кишвар мавриди бозомӯзӣ қарор гирифт. Дар озмун фаъолияти осорхонаҳо дар 10 самт- бозҷӯии илмӣ, нигораҳо, ҷамъоварии сарчашмаҳо, мақолаҳои илмӣ, феҳраси осорхонаҳо, намоишгоҳҳо, таблиғу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва боқӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Абдувалӣ Шарипов - раиси ҳакамоти озмуни «Ойинаи таърих» дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин барои нахустин бор аст, ки дар кишвар ҳамингуна як озмуни умумиҷумҳурӣ барои осорхонаҳо роҳандозӣ шудааст. Ҷаноби Шарипов мегӯяд, ҳадаф аз баргузории озмуни сартосарӣ на танҳо муайян кардани ғолибони озмун буд. Ҳайъати ҳакамон тӯли сол бо бурду бохти осорхонаҳои кишвар ошно гардид ва барои рафъи онҳо як барномаи мушаххас тартиб ёфт:

«Ва он чизе, ки имрӯз барои ходимони осорхонаҳо ва ҳукумати Тоҷикистон зарур аст, ин рафъ намудани камбуди техникии осорхонаҳост. Зеро аксари осорхонаҳо дар биноҳои вижа рӯи кор наомадаанд: осорхонаҳо дар биноҳои махсус не, ки дар биноҳои тасодуфӣ фаъолият доранд ва нигораҳои осорхонаҳо дар таҳхонаҳои онҳо, дар шароити бад ва нам хобанд»

Ҳайъати ҳакамон муайян кардааст, ки ганҷинаи фарҳангии миллӣ, дар аксари осорхонаҳо дар ҳамин таҳхонаҳо бебозгашт маҳв мегардад. Абдувалӣ Шарипов мегӯяд, дар ин озмун ҳамзамон фаъолияти заъифи осорхонаҳои кишвар ҳам мавриди бозомӯзӣ қарор дошт. Ва дар мавриде, ки осорхонаи ноҳияи Данғара - ҷавонтарин осорхона, соҳиби мақоми дуввум дар байни беҳтарин музейҳои кишвар гардид, Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Исфара ҳамчун бадтарин осорхона дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд.
XS
SM
MD
LG