Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили гази табиӣ дар Тоҷикистон


Тоҷикистон барои соли оянда ба зиёда аз як миллиард метри мукааб гази табиӣ ниёз дорад. Ҷӯра Бобоев, мушовири вазири энержӣ ба радиои Озодӣ гуфт, аммо корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» наметавонад, ин миқдори гази табииро аз Ӯзбакистон харидорӣ кунад, зеро қиммати ин навъи сӯзишворӣ шурӯъ аз моҳи январи соли 2006 боло меравад. Ба гуфтаи оқои Бобоев, ширкати «Ӯзтрансгаз» азм дорад, соли оянда нархи 1000 метри мукааб гази табииро 55 доллари амрикоӣ муқаррар кунад, ки ин назар ба соли ҷорӣ 13 доллар бештар аст:

«Газ харидан аз Ӯзбекистон проблема нест, проблема дар он аст, ки мо маблағ надорем. Маблағро пешпардохт кунем, «марҳамат гиред» мегӯянд. Гап дар сари ин ки онҳо қимати газро хеле боло бурданд. Акнун чи қадаре ки мо маблағ диҳем, ҳамон қадар газ мегирем, аз он бештар намедиҳанд.»

Оқои Бобоев инчунин гуфт, пас аз он ки мушкили камбуди барқ дар Тоҷикистон, ба вижа дар корхонаи тавлиди алюминиум ҳалли худро ёбад, масъулони вазорати энержӣ ва корхонаи «Тоҷикгаз» масъалаи дарёфти маблағ ва харидории гази табиӣ аз Ӯзбакистонро пайгирӣ хоҳанд кард. Мушовири вазири энержӣ мегӯяд, аммо аз соли оянда қимати истифодаи ин навъи сӯзишворӣ аз сӯйи аҳолӣ низ боло меравад:

«Шумо қазоват кунед, мо аз кадом ҳисоб мегирем? Буҷети ҷумҳурӣ касод аст, мо ки даромади иловагӣ надорем, маҷбур ҳастем аз ҳисоби аҳолӣ газро қимат кунем, дигар илоҷ нест...»

Ва аммо Раҳматулло Нақимов, сармуҳандиси корхонаи фаръӣ-байниноҳиявии «Қӯрғонтеппагаз» мегӯяд, боло рафтани нархи газе, ки соли оянда аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад, ба афзудани қимати гази табиӣ дар шаҳру навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа, ҷануби ин кишвар мунҷар намешавад. Зеро ба гуфтаи оқои Нақимов, сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Колхозободу Бохтар аз гази маҳаллӣ истифода мекунанд:

«Баланд гардидани нархи гази «Ӯзтрансгаз» ба баланд шудани нархи гази маҳаллӣ, ки аз чоҳҳои Қизилтумшуқ истихроҷ мегардад, ягон таъсир намерасонад. Айни ҳол дар Қӯрғонтеппа нархи 1000 куб газ 105 сомониро ташкил дода, ба ҳар як нафар дар як моҳ 1 сомонию 68 дирам рост меояд. Дар ҳуҷраи касе, ки ҳисобкунаки газӣ васл карда шудааст, бо ҳисоби ҳаҷми гази истифодашуда пардохт карда мешавад.»

Ба иттилоъи мақомоти вазорати энержӣ, соли ҷорӣ ҷониби Тоҷикистон аз ширкати «Ӯзтрансгаз» ҳудуди 700 миллион метри мукааб гази табиӣ харидорӣ кардааст. Аммо ин миқдори сӯзишворӣ барои аҳолӣ кифоят намекунад ва феълан гази табиӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он соатбаъй дода мешавад.
XS
SM
MD
LG