Пайвандҳои дастрасӣ

Маводи мухаддир дар Афғонистон


Муаллифони гузориши СММ таъкид мекунанд, ки соли 2005 ҳосили афюни хоми Афғонистон назар ба як соли пеш 2% коҳиш ёфт, вале дар соли 2006 имкон дорад, ба таври назаррас афзоиш ёбад. Мудири иҷроияи UNODC Антонио Марио Коста мегӯяд: "Коҳиши майдони кишти маводи мухаддир бар пояи хавфи кишоварзони афғон ба амал омад. Онҳо метарсиданд, ки ҳукумати президент Ҳомиди Карзай киштзорҳои кӯкнорро маҳв мекунад. Вале феълан ин хавф аз байн рафтааст. Дар гузориши UNODC гуфта мешавад, ки дар 30000 гектар замини Афғонистон кӯкнор кошта шудааст.
Соли гузашта ҳар хоҷагии панҷуми кишоварзони афғон ва ё 50000 хонавода кишти ғайришаръии маводи мухаддирро каноргузоштанд. Аммо ҳанӯз ҳам дар Афғонистон наздик ба 90% ё худ 4500 тонна кӯкнор: ашёи хом барои истеҳсоли афюн ва ҳероин парвариш мешавад.
Антонио Марио Коста раиси UNODC мегӯяд: "Аз як тараф, қисме аз кишоварзони афғон дигар хавф надорад, ки ҳукумат майдонҳои кишти кӯкнорро маҳв хоҳад кард. Аз сӯи дигар, қочоқчиёни маводи мухаддир кишоварзонро ба кишти кӯкнор ташвиқ мекунанд."
Антонио Мария Коста меафзояд: "Қабл аз ҳама мо хабар дорем, ки қочоқчиён бепул ба кишоварзон тухмии кӯкнор медиҳанд, ки метавонад боиси афзоиши майдони кишти маводи мухаддир дар соли 2006 гардад. Сониян, дар баъзе вилоятҳо вазъи амниятӣ бадтар шудааст. Дар вилоятҳое, ки қаблан майдонҳои калони кӯкнор надоштанд. Ин омил ҳам мевонад ҳадди ақалл сабабгори афзоиши майдони кишти кӯкнор дар ҳамон ҷойҳо гардад".
Дар идомаи гузориш омадааст: "Соли равон истеҳсоли маводи мухаддир дар гӯшаҳои мухталифи Афғонистон тағйир ёфт. Масалан, дар вилояти Нангарҳор майдони кишти кӯкнор 96% кам шуд, аммо дар вилоятҳои Фараҳу Балх 3 баробар зиёд шуд. "
Муаллифони гузориш навиштаанд, ки кишти кӯкнор дар давоми сол ба ҳар хонавода тахминан 1800 доллар фоида овард. Дар ҳамин ҳол қочоқчиёни маводи мухаддир ҷамъан беш аз 2 миллиарду 140 миллион доллар касб намудаанд, ки бахши бузурги он дар бонкҳои берун аз қаламрави Афғонистон ва ҷайби чанд қочоқчиву ба истилоҳ "наркобарон" ҷой гирифтааст.
Тибқи гузориши UNODC нархи 1 килограмм афюни хоми хушкшуда дар баъзе гӯшаҳои Афғонистон ба 140 доллар баробар аст. Вале дар манотиқи шимолии ҳаммарзи Тоҷикистон ҳамин миқдори афюни хоми хушкшуда ба 114 доллар мусовӣ мебошад. Антонио Мария Коста илова мекунад: "Даҳ сол пеш 90% қочоқи маводи мухаддир дар дасти паштунҳо буд. Ҳозир тахминан нисфи қочоқ ба паштунҳо рост меояд. Беш аз чоряки қочоқи маводи мухаддир дар дасти ақаллияти тоҷик дар ин ва ё он тарафи марз, мушаххасан, дар хоки Афғонистон ва он сӯи марз, Тоҷикистон аст".
Дар ин масъала аснои сӯҳбат бо радиои Озодӣ сардори Раёсати мубориза бо ҳамлу нақли маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Файзулло Назарӣ гуфт:

"Дар байни қочоқчиёни дастгиршуда ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони Афғонистон ҳастанд, вале мо аз рӯи миллату мазҳаб онҳоро ҷудо намекунем."
Бар пояи ҳамин санад соли гузашта фаъолият дар масири қочоқи маводи мухаддир тағйир ёфт. Барои мисол, соли 2004 истифода аз қаламрави Эрон 40% қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро ташкил медод. Соли равон ин рақам ба 61 дар сад баробар шудааст. Дар муқобил истифода аз роҳҳои Покистону Осиёи Марказӣ коҳиш ёфтааст.
Раиси Идораи СММ дар назорат бар гардиши маводи мухаддир ва ҷиноят мегӯяд: "Миқдори афюн ва ҳероини аз роҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ содиршаванда дар соли гузашта аз 24 то 19% кам шуд. Ба таври асосӣ ин чунин маънӣ дорад, ки роҳи қочоқ тағйир меёбад- камтар ба воситаи Осиёи Марказиву Русия, камтар аз роҳи Покистону баъдан Халиҷ ва бештар ба воситаи Эрон, манотиқи курднишин, Ироқ, Туркия, нимҷазираи Балкан ва берун аз он."
Сардори Раёсати мубориза бо ҳамлу нақли маводи мухаддири Вазорати корҳои Дохилии Тоҷикистон Файзулло Назарӣ бар ин назар аст, ки муборизаи муштараки ниҳодҳои интизомии ҷумҳурӣ қочоқчиёнро водор кард, ки роҳҳои қочоқро тағйир диҳанд.

Хонум Исобел Коулман шореҳи Шӯрои Равобити Байналмилалии Иёлоти Муттаҳида, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорк бар ин ақидааст, ки фасод дар Осиёи Марказӣ яке аз монеаҳо дар муборизаи ҳукумати Афғонистон бо кишт ва ҳамлу нақли маводи мухаддир аст: "Тавоноии маводи мухаддир ва миқдори пули дар гирду атрофи тиҷорати он даврзананда ба осонӣ мансабдорони каммаош ва калонмаошро фосид мекунад. Онҳо бо ҳадафи дарёфти сарват тиҷорати маводи мухаддирро нодида мегиранд. Шумо ба фасод дар ҳукумати афғон назар кунед. Аҳволи Туркманистону Ӯзбакистон, тамоми минтақаро бубинед, ин вазъ кишварҳоро нотавон мекунад."
Барои аввалин даъфа СММ навиштааст, ки шумораи мӯътодони маводи мухаддир дар Афғонистон ба 1 миллион нафар ва ё наздик ба 3,8 % аҳолии ин кишвар баробар аст.

Тафсилоти бештар дар саҳифаи www.unodc.org
XS
SM
MD
LG