Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзҳои дӯстии атфоли Тоҷикистону Эрон


Бо чунин баромадашон ҳунармандони теотри лӯхтаки Эрон рӯзҳои дӯстии кӯдакони Эрону Тоҷикистонро, ки барои нахустин бор тайи чанд рӯз дар бинои Кохи Ваҳдати пойтахти кишвар доир мегардад, ифтитоҳ бахшиданд.

Ҳангоми гушоиши рӯзҳои дӯстии атфоли ду кишвар толори намоишгоҳ чунон серодам буд, ки ба ман лозим омад, соате чанд мунтазир бимонам ва танҳо пас аз ин ба тамошои намоишгоҳ шурӯъ кунам. Гурӯҳ-гурӯҳ кӯдакон талош мекарданд, ҳунари худро дар кулолгариву наққошӣ бисанҷанд. Теъдоди дигар саргарми тамошои лӯхтакбозӣ буданд. Хуллас ҳамагӣ кӯшиш доштанд, ки аз тамошои намоишгоҳи китоб, арӯсакбозиву ҳунарҳои дастӣ ва тамошои филмҳои эрониву шунидани мусиқӣ бебаҳра намонанд.

Рӯзҳои фарҳангии кӯдакони ду кишвари ҳамзабон, ки бо ибтикори вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва сафорату ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат пазируфт, аз ҷониби атфоли ҳарду кишвар хуб пазироӣ гардид:

«Барои ман бештар китобҳои эронӣ ва лӯхтакҳо маъқул шуд. Барои мо хонандагони мактаб чунин намоишгоҳ бисёр фоида дорад. Хонандагон бояд ба ин намоишгоҳ омада, аз китобҳои нав ва шавқовар бохабар бошанд.»
«Ба назари ман хеле хуб буд ин намоишгоҳ ва аз ҷамъияте, ки дохили ин ҷо буданд, хушам омад.»


Носир Сармади Порсо, сафири Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, баргузории чунин чорабинӣ то ҳадде метавонад, холигӣ ва ниёзмандии фарҳангии атфолро пур бисозад:

«Насли ҷавон ва кӯдакону наврасон имрӯз бахусус дар маърази осебҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳастанд. Фаъолиятҳо ва барномарезиҳои фарҳангӣ аз ин қабил агарчӣ маҳдуд аст, аммо ба ҳар ҳол то ҳадде метавонад, посухгӯи ин хало ва камбудӣ бошад.»

Дар намоишгоҳ беш аз 1000 номгӯи китобҳои адибони Эрону Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ато Ҳамдам раиси наширёти "Адиб" мегӯяд, нашриёти онҳо беш аз 12 номгӯи адабиёти беҳтарини кӯдаконро дар намоишгоҳ ҷой додааст:

«Ҳар як чорабиние, ки бо ширкати китоб баргузор мегардад, беаҳамият нест. Ҳоло дар дасти ҳамаи тифлон чанд номгӯи китобҳои ноширони Тоҷикистону Эронро дидан мумкин аст, ки ин бешубҳа дар тарбияи маънавии кӯдакон ва дар бедории завқи онҳо кӯмаки зиёд мерасонад. »

Намоишгоҳи китоб хирманеро мемонд, ки кӯдакони тоҷик ташнагияшонро бо бардоштани хӯшаҳо аз ин хирман нишон медоданд. Онҳо кӯшиш мекраданд, ба таври пинҳонӣ дар зери бағали худ китобҳоро бибаранд. Шоира Гулрухсор Сафиева чунин рафтори атфолро ба таври зайл шарҳ дод:

«Дӯстони иронӣ мегӯянд, бачаҳо омаданд ва ҳамаи китобҳоро бурданд, ба назари шумо ин падидаи хуб аст ва ё бад? Ман гуфтам, ин падидаи бисёр хуб аст. Онҳо агар ширинӣ ва ё шоколад мебурданд, аммо китобро мемонданд, он вақт ман мегиристам. Азбаски китобро бурданд, яъне ин нишонаи он аст, ки дар бачаҳои мо хондан донистан ва ишқи фарҳангӣ ҷой дорад.

Носир Сармади Порсо - сафири Эрон дар Тоҷикистон, аз ҷумла афзуд, қарор аст, соли оянда рӯзҳои дӯстии атфоли ин ду кишвар дар Эрон доир бигардад.
XS
SM
MD
LG