Пайвандҳои дастрасӣ

Қонунӣ ё Раббонӣ?


«Азия - Плюс» дар матлабе суоле ба миён гузоштааст, ки оё курсии раиси порлумони Афғонистон насиби намояндаи тоҷикон мегардад ё хайр? Мувофиқи ин навишта, барои нигаҳдошти тавозуни миллӣ дар сиёсати Афғонистон, ин курсиро мантиқан бояд тоҷикнажоде ишғол бикунад ва муддаии аслии ин маснад, Юнус Қонунӣ ва Бурҳониддин Раббонӣ будаанд. Муаллиф ҳадс задааст, ки шояд курсиро ба Юнус Қонунӣ бидиҳанд, зеро ӯ русгаро нест ва ҳам фарзияи дигаре дар ин навишта матраҳ аст, ки шояд аз моҷарои ду пешвои тоҷикони Афғонистон барои ин маснад истифода бурда нафари комилан дигареро дар он бишнонанд.

Ҳафтаномаи «Миллат» бо раиси ҳизби ба тозагӣ сабти ном шудаи Ислоҳоти Иқтисодӣ мусоҳиб шудааст. Олим Бобоев, раиси ҳизби ҷадид гуфтааст, таҳкими қонунгузорӣ, идораи давлатӣ ва таҳияи низомҳои наве барои соҳаи саноату кишоварзӣ аз аҳдофи аслӣ ва омилҳои таъсиси ин ҳизб мебошад.

«Азия - Плюс» дар навиштае мавзӯъи фурӯши атфол дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Арқоми расмӣ оварда шудааст, ки дар ду соли охир 17 ҳодисаи фурӯши тифли навзод ба қайд гирифта шудааст ва як ҳодисаи фурӯши духтараки 12-сола бо ҳадафи истисмори ҷинсӣ. Ва аммо омори Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ҳокӣ аз бозгардони 10 навраси ноболиғ аз Иморот ва Ирон будааст, ки он атфол дар ғурбат ба фаҳшо водор будаанд.

Ду ҳафтаномаи дигари чопи Душанбе, «Бизнес и Политика» ва «Вечерний Душанбе» аз сафед гардидани 19 афсари воломақоми вазорати дифоъи Тоҷикистон аз ҷониби Додгоҳи Олии Тоҷикистон хабари муфассале нашр кардааст. Ҳамакнун, ин афсарон азм доштаанд, ки додситониро ба додгоҳ бикашанд ва барои зарарҳои моддиву маънавияшон талаби ҷуброн бикунанд. Додситонӣ ин афсаронро асосан бо ғорати амволи давлат ва сӯиистифода аз мақоми хидматӣ муттаҳам карда будааст. Вакили дифоъи афсарони муттаҳамшуда парвандаҳоро фармоишӣ донистааст.
XS
SM
MD
LG