Пайвандҳои дастрасӣ

Оё метавон фасодкориро дар Тоҷикистон аз байн бурд?


Носирҷон Маъмурзода Дар як нишаст дар Душанбе, рӯзи сешанбе, 15 ноябр, роҳҳои мубориза зидди фасодкорӣ дар байни мақомоти расмӣ ва имконоти воқеъии Тоҷикистон дар ин самт баррасӣ шуд.

Ришвату фасод дар Осиёи Марказӣ -- қонунгузорӣ оид ба мубориза бо фасод ва омилҳои он мавзӯи аслии як ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе буд. Нишасти мазкур бо ибтикори Додситонии Кулли Тоҷикистон, сафорати Фаронса дар Душанбе ва намояндагии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид доир гардида, дар он коршиносон ва масъулони идораҳои мубориза бо ришваситонии Тоҷикистон, Фаронса, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд. Игор Боск, муовини намояндаи доимии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ташкили ин ҳамоиш мубодилаи иттилоъ ва таҷрибаи мақомоти Осиёи Марказӣ ва Аврупо дар самти мубориза бо ришваситонӣ мебошад. Ба иддаои оқои Боск, вазъи Тоҷикистон аз лиҳози фасод нигаронкунанда аст, аммо тайи чанд соли ахир фаъолияти мақомоти ин кишвар дар роҳи ҷилавгирӣ аз ришваситонӣ назаррас аст. Ӯ гуфт:

Агар ислоҳоти сохтори давлатӣ, ки пешбинӣ шудааст, ин масъаларо афзалият диҳад, аксари ҳадафҳои ҳазорсола барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, бовар дорам, амалӣ хоҳанд шуд. Мо дар ин соҳа таҷрибаи хуб дорем, метавонем ҳукуматро дастгирӣ ва бо он ҳамкорӣ кунем. Вазъи Тоҷикистон, гарчанде душвориҳо беҳад зиёданд, бояд гуфт, ки хоҳиши мубориза бо фасодкорӣ ҳаст ва ин хоҳиши сиёсиро бояд дастгирӣ кунем.

Маризо Халифаев, муовини сардори идораи мубориза бо фасоди Додситонии Кулли Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо ришваситонӣ пешрафтҳои намоён дорад ва намешавад гуфт, ки ин кишвар, тибқи нишондоди бархе аз созмонҳои байналмилалӣ, аз лиҳози фасодкорӣ дар мавқеъи аввал қарор дорад. Ӯ афзуд:

Дар ин рӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд қарор дорад, ки он рафти иҷроиши тавсияҳои шабакаи зиддифасодро дар Тоҷикистон саҷида истодааст ва аз вохӯрӣ бо намояндагони ин гурӯҳ мо мӯътақид шудем, ки онҳо низ ба муваффақияти Тоҷикистон дар ин роҳ қоил ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол Қубаничбек Омуралиев, намояндаи яке аз мақомоти мубориза бо фасоди Қирғизистон мегӯяд, ки вазъи ришвату фасод дар кишварҳои Осиёи марказӣ якранг ба назар мерасад. Аммо ҳукумати Қирғизистон ҷиҳати рафъи омилҳои вуҷуди ришвату фасод як ниҳоди махсус таҳти унвони Оҷонсии миллии мубориза бо фасодро дар миёнаҳои моҳи октябр таъсис додааст ва ҳадафи аслии он бартараф сохтани омилҳои аслии ришвату фасод дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ мебошад. Агар ин масъала дар гузашта танҳо ришваситонӣ фаҳмида мешуд, акнун ин ба як масъалаи бунёдӣ табдил шудааст ва барои фаъол кардани ниҳодҳои мубориза бо фасод дар Қирғизистон андӯхтани таҷрибаҳои кишварҳои ҳамсоя ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин роҳ муҳим мебошад.
Маризо Халифаев, муовини сардори идораи мубориза бо фасоди Додситонии кулли Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки мубориза бар зидди фасод дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва риштаҳои омӯзишу парвариш ва тандурустӣ аз самтҳои авлавиятноки фаъолияти ин ниҳод будааст. Вай афзуд, санҷишҳои идораи мубориза бо фасод дар соҳаи тандурустӣ анҷом ёфта ва дар соҳаи маорифи кишвар ҳанӯз идома доранд. Дар пайи ин санҷишҳо як идда аз масъулони ин ду соҳа бо ҷурми рибохӯрӣ боздошт гардида ва ба муҷозот кашида шудаанд. Ӯ гуфт:

Танҳо дар соҳаи тандурустӣ зиёда аз 50 парвандаи ҷиноӣ оид ба ҳолатҳои гирифтани ришва, сӯйистифода аз мансаб, баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ, номатлуб иҷро кардани вазифаҳои хизматӣ ва дигар намудҳои ҷҷиноёти коррупсионӣ боз шудаанд. Санҷишҳо дар дигар соҳаҳо низ идома доранд, аз ҷумла дар риштаҳои омӯзишу парвариш, мақомоти идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Кирдори коррупсионӣ кирдорест, ки аз тарафи шахси мансабдор содир мешавад. Раёсати мо ҳаргиз нисбати онҳое, ки мансабдор нестанд, ё масалан соҳибкорони қаторӣ санҷишҳо намегузаронанд ва парвандаи ҷиноӣ боз намекунанд.

Дар ҷараёни ин нишаст ҳамчунин таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба унвони кишвари узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд дар роҳи мубориза бо фасод фаъолтар буда ва дар чаҳорчӯби пешниҳоди ин созмон як санади давлатии мубориза бо ришвату фасодро омода кардааст, ки бар асоси он барномаи махсуси ҷилавгирӣ аз ришвату фасод дар вазоратхонаҳо ва мақомоти дигари давлатиро ба роҳ монад. Ба назари коршиносони байналмилалии масоили ришвату фасод, барномаи мазкур агар ҳамаҷониба иҷро шавад, метавонад дар коҳиши сатҳи ришвату фасод дар Тоҷикистон мусоадат кунад.
XS
SM
MD
LG