Пайвандҳои дастрасӣ

Донишҷӯёни тоҷик дар ситоди НАТО


Ба ин ҳайат муҳассилони донишгоҳи тоҷикиву славянӣ, донишгоҳи миллӣ ва донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон шомил гардиданд. Дар ҳамоиши иттилоотиву омӯзишие, ки дар чаҳорчӯби барномаи НАТО "Ҳамкорӣ баҳри сулҳ" дар Бруссел тайи ду рӯз идома кард, бештар оид ба ҳадафу вазифаҳои ин созмон, ба вижа дар шароити муборизаи ҷаҳонӣ алайҳи террор ва нақши кишварҳои ҳамкори ин барнома, ба мисли Тоҷикистон, маълумот дода шуд. Намояндаи Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои мустақар дар Белгия, аз ҷумла НАТО, Шариф Раҳимов меҳмони барномаи "Ояндасоз" шуд ва ҳадафҳои сафари донишҷуёни тоҷикро шарҳ дод.
Дар Тоҷикистон масъулияти ҷамъоварии ҳайати донишҷӯёнро як созмони ғайриҳукуматии "Вектор-Интеллект" ба дӯш гирифт, ки бо роҳандозии барномаҳои иттилоотиву омӯзишӣ машғул аст. Ҳарчанд аз шурӯъи фаъолияти ин созмон 1 сол гузашта бошад ҳам, аммо он тавонист ба таври муттасил барномаеро роҳандозӣ кунад, ки ба тарбияву омӯзиши дипломатҳои ҷавон дар Тоҷикистон машғул аст. Нигина Сатторова, муовини раҳбари ин созмон дар суҳбат бо "Ояндасоз" оид ба меъёри интихоби ширкатдорони барномайи боздид аз НАТО дар Брюссел чунин посух дод: Соли ҷорӣ гурӯҳи донишҷӯён аз саросари Тоҷикистон баъди таҳсил дар мактаби тобистонаи дипломатия дар Варзоб 12 ҷавони боистеъдод интихоб шаванд. Хонум Сатторова мегуяд, баъди ин сафар тасаввури аксар ҷавонон аз мафҳуми НАТО комилан дигар шуд: "Шумо хабар доред, ки Паймони Атлантики Шимолӣ дар солҳои ҷанги сард дар сангари муқобил ба Иттиҳоди Шуравӣ қарор дошт. Аммо баъди пошхурии Шуравӣ ҳамаи ҷумҳуриҳо мустақил шуданд ва ин созмон ҳам таҷдиди сохтор кард. Имруз НАТО бештар ба унвони созмони кафили сулҳ фаъолият мекунад ва инчунин барномаҳои зиёди марбут ба таҳқиқоту омузиш ва иттилоъро дар бар мегирад. Ба барномаи "Ҳамкорӣ баҳри сулҳ" кишварҳое шомил ҳастанд, ки узви НАТО нестанд, аммо шарики ин созмон ҳастанд, мисли ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ва Аврупои Шарқӣ, баъзе давлатҳои Африқову Осиё. Дар дойираи ин барнома тарҳҳое фаъолият мекунанд, ки марбут ба ҳамкориҳо дар сатҳи расонаҳои хабарӣ ва инчунин сарвати зеҳниву ақлонии ин кишварҳо, мисли омӯзгорону донишҷӯён мебошанд"
Муҳассили донишгоҳи тоҷикиву славянии Душанбе Сайёра Шерматова, ки дар ҳайати гурӯҳи донишҷӯён бо ситоди марказии НАТО дар Брюссел шинос шуд, мегӯяд, аз таърихи мактаб ёд дорад, ки НАТО-ро ба унвони созмоне муаррифӣ мекарданд, ки бо раҳбарии Иёлоти Мутатҳидаи Амрико дар муқобили кишварҳои узви паймони Варшава, яъне бахши кишварҳои сотсиалистӣ бо раҳбарии Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил медоданд. Аммо феълан вазъи сиёсии ҷаҳон комилан тағйир кардааст, мегӯяд Сайёра: "Аммо дар айни замон ин созмон ҳадафҳои дигар, ғолибан башардӯстонаро дунбол мекунад. Ҳарчанд Тоҷикистон узви НАТО нест, он дар соли 2002 барномаи ҳамкорӣ баҳри сулҳро ба имзо расонид. Мо медонем, ки НАТО барои таҳкими амнияту сулҳ дар Афғонистон кори зиёдро ба анҷом мерасонад ва вазъи ин кишвар ба мо ҳам таъсири мустақим дорад, чун Тоҷикистон бо ин кишвар марзи тулонӣ дорад. НАТО ба мо душман нест. Аслан ман аз ин сафар хеле розӣ ҳастам, чунки бори аввал аз Тоҷикистон берун рафтам, ва бо таассуроти хеле зиёд баргаштам. Ба ман ин сафар хеле писанд омад"
Созмони Атлантикаи Шимолӣ дар соли 1949 таҳти ҳамин паймон аз ҷониби 12 кишвар, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаву Амрико бо ҳадафи муқобила ба таҷовузи эҳтимолии Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфт. Феълан теъдоди аъзои ин сомзон аз шумори собиқ кишварҳои аврупоии узви лагери собиқ сотсиалистӣ афзуд ба 26 адад расидааст.
Назар ба иттилои Шариф Раҳимов, қарор аст, барномаи ошнойии донишҷуёни тоҷик бо ҳадафу барномаҳои НАТО дар солҳои 2006 ва 2007 низ идома пайдо кунад. Ин барнома ҳар сол даъвати ду гуруҳи дувоздаҳнафараи донишҷӯёни мактабҳои олии Тоҷикистонро ба Брюссел дар нақша дорад.
XS
SM
MD
LG